https://sputnik.tj/20220529/baho-strateg-tojik-tolibho-1048779210.html
Баҳои стратеги тоҷик ба 10 моҳи ҳукуматдории толибҳо
Баҳои стратеги тоҷик ба 10 моҳи ҳукуматдории толибҳо
Sputnik Тоҷикистон
Даҳ моҳи ҳукуматдории толибҳо дар Афғонистон ва фаъол шудани гурӯҳҳои террористӣ дар қаламрави ин кишвар вазъиятро шиддаn бахшидаст, мегӯяд мақомдори тоҷик
2022-05-29T13:30+0500
2022-05-29T13:30+0500
2022-05-30T13:11+0500
дар тоҷикистон
афғонистон
амният ва мудофиа
сарҳад
толибон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/0e/1044827445_0:159:3079:1890_1920x0_80_0_0_4e476103534f58a66600228c52196f39.jpg
ДУШАНБЕ, 29 май — Sputnik. Тоҷикистон наметавонад дар мавриди ҳаводиси Афғонистон бетафовут бошад, чун дар баробари марзи тӯлонӣ бештари аҳолии ин кишвар тоҷикон мебошад. Ин нуктаро Хайриддин Усмонзода, мудири Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон зимни як ҳамоиш дар масъалаи Афғонистон баён дошт. Ӯ гуфт, бо гузашти беш аз даҳ моҳи ҳукумати толибҳо дар Афғонистон фаъол шудани гурӯҳҳои террористӣ, шиддатгирии сатҳи фақр ва авҷи буҳрони иқтисодӣ дар кишвар, баста шудани дари муассисаҳои таълимии духтарона, торафт мушкил шудани шароити иҷтимоии мардум вазъ дар ин кишварро боз ҳам печидатар намудааст.Ҳамчунин зикр шудааст, ки дар пасманзари ҳаводиси Украина таваҷҷуҳу мавқеъгирии созмонҳо ва кишварҳои ҷаҳон низ дар мавариди Афғонистон камрангтар шудааст. Ба гуфтаи Усмонзода, дар натиҷаи идома ёфтани бесуботии сиёсиву амниятӣ дар Афғонистон гурӯҳҳои дигари террористӣ фаъол шудаанд. Раиси МТС назди раисиҷумҳур изҳор дошт, ки ин вазъ ба толибҳо имкон намедиҳад, ки мақом ва ҷойгоҳи ҳукуматашонро устувор намоянд. Вай афзудааст ,ки Тоҷикистон дар мавриди барқарории ҳамкории сиёсӣ бо Афғонистон дар мавқеи худ устувор аст, аксари кишварҳои дунё аз чунин мавқеъ баромад мекунанд. Дар феҳрасти интизориҳои асосии Тоҷикистону ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ҷумла ташкили ҳукумати фарогир, эҳтирому арҷгузорӣ ба ҳуқуқу озодиҳои ҳамаи сокинони Афғонистон қарор дорад. Маврид ба зикр аст, ки толибҳо ҳукумат дар Афғонистонро нимаи моҳи августи соли 2021 ғасб карда, аз ташкили иморати исломӣ хабар доданд.Ҳукумати ҳамашумул бо ширкати ҳама қавму миллатҳо, фароҳам кардани озодиҳои занон ва таълими онон дар зумраи шартҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ назди ин гурӯҳ аст, ки то кунун иҷро нашудаанд.
https://sputnik.tj/20220527/tahdid-asosi-osiyoi-markazi-afghoniston-1048744896.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/0e/1044827445_173:0:2904:2048_1920x0_80_0_0_d15365da66c20680baf455c8e4cf3e8b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳукумат, толибҳо, шарҳ, коршинос
ҳукумат, толибҳо, шарҳ, коршинос
Баҳои стратеги тоҷик ба 10 моҳи ҳукуматдории толибҳо
13:30 29.05.2022 (Навсозишуда: 13:11 30.05.2022) Даҳ моҳи ҳукуматдории толибҳо дар Афғонистон ва фаъол шудани гурӯҳҳои террористӣ дар қаламрави ин кишвар вазъиятро шиддат бахшидаанд, мегӯяд мақомдори тоҷик
ДУШАНБЕ, 29 май — Sputnik. Тоҷикистон наметавонад дар мавриди ҳаводиси Афғонистон бетафовут бошад, чун дар баробари марзи тӯлонӣ бештари аҳолии ин кишвар тоҷикон мебошад.
Ин нуктаро Хайриддин Усмонзода, мудири Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон зимни як ҳамоиш дар масъалаи Афғонистон баён дошт.
Ӯ гуфт, бо гузашти беш аз даҳ моҳи ҳукумати толибҳо дар Афғонистон фаъол шудани гурӯҳҳои террористӣ, шиддатгирии сатҳи фақр ва авҷи буҳрони иқтисодӣ дар кишвар, баста шудани дари муассисаҳои таълимии духтарона, торафт мушкил шудани шароити иҷтимоии мардум вазъ дар ин кишварро боз ҳам печидатар намудааст.
Ҳамчунин зикр шудааст, ки дар пасманзари ҳаводиси Украина таваҷҷуҳу мавқеъгирии созмонҳо ва кишварҳои ҷаҳон низ дар мавариди Афғонистон камрангтар шудааст.
Ба гуфтаи Усмонзода, дар натиҷаи идома ёфтани бесуботии сиёсиву амниятӣ дар Афғонистон гурӯҳҳои дигари террористӣ фаъол шудаанд. Раиси МТС назди раисиҷумҳур изҳор дошт, ки ин вазъ ба толибҳо имкон намедиҳад, ки мақом ва ҷойгоҳи ҳукуматашонро устувор намоянд.
Вай афзудааст ,ки Тоҷикистон дар мавриди барқарории ҳамкории сиёсӣ бо Афғонистон дар мавқеи худ устувор аст, аксари кишварҳои дунё аз чунин мавқеъ баромад мекунанд. Дар феҳрасти интизориҳои асосии Тоҷикистону ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ҷумла ташкили ҳукумати фарогир, эҳтирому арҷгузорӣ ба ҳуқуқу озодиҳои ҳамаи сокинони Афғонистон қарор дорад.
Маврид ба зикр аст, ки толибҳо ҳукумат дар Афғонистонро нимаи моҳи августи соли 2021 ғасб карда, аз ташкили иморати исломӣ хабар доданд.
Ҳукумати ҳамашумул бо ширкати ҳама қавму миллатҳо, фароҳам кардани озодиҳои занон ва таълими онон дар зумраи шартҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ назди ин гурӯҳ аст, ки то кунун иҷро нашудаанд.