https://sputnik.tj/20220531/medvedev-maqomdor-rusiya-amvol-1048829839.html
Медведев: Ҳеҷ як аз мақомдори Русия дар хориҷ амвол надоранд
Медведев: Ҳеҷ як аз мақомдори Русия дар хориҷ амвол надоранд
Sputnik Тоҷикистон
Муовини раиси Шӯрои Амнияти Федератсия Русия гуфт, таҳримҳои кишварҳои ғарбӣ алайҳи руссиягиҳо - шаҳрвандони оддии кишвар, нигаронида шудаанд
2022-05-31T16:30+0500
2022-05-31T16:30+0500
2022-05-31T20:35+0500
иқтисод
таҳримот
дар русия
аврупо
има
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0a/18/1032143813_0:0:2941:1654_1920x0_80_0_0_dae4bc73c47d776d05d340ea040533b3.jpg
ДУШАНБЕ, 31 май — Sputnik. Тасмимҳо дар бораи таҳримҳои зидди Русия бар нафрат ба Русия ва русҳо асос ёфтаанд, ки нафратовар ва ғайримантиқӣ аст. Дар ин бора муовини раиси Шӯрои амнияти Русия Дмитрий Медведев гуфт."Дар тангнои беохири таҳримҳои иқтисодӣ алайҳи Русия суол ба навъе гум шудааст, ки онҳо ба кӣ нигаронида шудаанд. Муаллифони онҳо киро ҷазо додан мехостанд? Президент, роҳбарияти сиёсӣ ва низомии кишвар? Не. Ин рӯшан аст. Ва созандагони онҳо инро эътироф мекунанд, ки "ҳеҷ яки мо дар хориҷи кишвар моликияти хориҷӣ, суратҳисоб ё манфиатҳои назаррас надорем. Мо ба он ҷо барои истироҳату кор намеравем", - навиштааст Медведев дар шабакаи "Telegram"-и худ.Вай иқрор кард, ки намояндагони тиҷорати бузурги Русия ба далели таҳримҳо "аз нигоҳи маблағ хисороти зиёд диданд", "молу мулки хориҷиро аз даст доданд". "Аммо росташро гӯем - барои онҳо ин мусодираҳо аслан марговар нест. Ба ҳар ҳол зиндагӣ хоҳанд кард. Дар Русия чизҳои зиёде боқӣ мондаанд. Ин барои онҳо ва авлоди онҳо басанда аст", - гуфт муовини раиси Шӯрои амният. "Хулоса нафратовар аст, ки ин таҳримҳо маҳз алайҳи мардуми Русия нигаронида шудаанд. Ва новобаста аз он ки бобою бибиҳои амрикоӣ ва аврупоӣ мегӯянд, мо сарварони шуморо ҷазо медиҳем ва шумо - шаҳрвандони оддиро, дӯст медорем, ин як сафсата аст", - таъкид кард ӯ.Вай ба унвони мисол, мусодираи дороиҳои Бонки марказии Русияро мисол овард ва сабабаш бадтар шудани иқтисод, зарба задан ба рубл, боло рафтани таваррум ва гаронии нархҳо дар мағозаҳост, ки маънои поин рафтани сатҳи зиндагии як руси оддии Русияро дорад.Ҳамин ҳадафҳо, ба гуфтаи Медведев, бо ҷорӣ кардани эмбарго барои хариди нафту газ аз Русия, манъи парвозҳо, сафар ба кишварҳои дигар ва манъи истифодаи абзорҳои пардохт сурат мегирад. "Хиҷолат накашед": Медведев гуфт, ки ба таҳримҳои зидди Русия чӣ гуна посух бояд дод"Ин хулоса дилсардкунанда аст, аммо афсӯс, ин дуруст аст. Онҳо ҳама аз мо нафрат доранд! Дар маркази ин тасмимҳо нафрат нисбат ба Русия - ба русҳо, ба тамоми сокинони он аст. Нафрат ба фарҳанги мо. Аз ин рӯ Толстой, Чехов, Чайковский ва Шостаковичро манъ кардаанд. Нафрат ба дини мо. Аз ин ҷост, ки хоҳиши нест кардани калисои православии Русро доранд ва ба муқобили патриарх таҳримот ҷорӣ кардаанд. Ва ин қариб ҳамеша чунин буд. Ҳам замони Александр Невский ва ҳам дар замони мо", - гуфт ӯ. "Ин бадбинӣ нафратовар ва бемантиқ аст. Аммо ин маънои онро надорад, ки мо ба он таҳаммул кунем. Мо танҳо бояд барои оянда тамоми хулосаҳои заруриро барорем. Ин муносибатро нисбати мо дар хотир доред. Ва онҳоеро, ки аз мо нафрат доранд, набахшед. Ҳеҷ гоҳ набахшед", - хулоса кард Медведев.
https://sputnik.tj/20220531/bayden-kiev-rusiya-medvedev-1048825718.html
аврупо
има
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0a/18/1032143813_210:0:2941:2048_1920x0_80_0_0_5aa0162196ef40344f8363040dc59aff.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
медведев, таҳримот, русия, има, аврупо
медведев, таҳримот, русия, има, аврупо
Медведев: Ҳеҷ як аз мақомдори Русия дар хориҷ амвол надоранд
16:30 31.05.2022 (Навсозишуда: 20:35 31.05.2022) Муовини раиси Шӯрои амнияти Федератсия Русия гуфт, таҳримҳои кишварҳои ғарбӣ алайҳи руссиягиҳо - шаҳрвандони оддии кишвар нигаронида шудаанд
ДУШАНБЕ, 31 май — Sputnik. Тасмимҳо дар бораи таҳримҳои зидди Русия бар нафрат ба Русия ва русҳо асос ёфтаанд, ки нафратовар ва ғайримантиқӣ аст.
Дар ин бора муовини раиси Шӯрои амнияти Русия Дмитрий Медведев гуфт.
"Дар тангнои беохири таҳримҳои иқтисодӣ алайҳи Русия суол ба навъе гум шудааст, ки онҳо ба кӣ нигаронида шудаанд. Муаллифони онҳо киро ҷазо додан мехостанд? Президент, роҳбарияти сиёсӣ ва низомии кишвар? Не. Ин рӯшан аст. Ва созандагони онҳо инро эътироф мекунанд, ки "ҳеҷ яки мо дар хориҷи кишвар моликияти хориҷӣ, суратҳисоб ё манфиатҳои назаррас надорем. Мо ба он ҷо барои истироҳату кор намеравем", - навиштааст Медведев дар шабакаи "
Telegram"-и худ.
Вай иқрор кард, ки намояндагони тиҷорати бузурги Русия ба далели таҳримҳо "аз нигоҳи маблағ хисороти зиёд диданд", "молу мулки хориҷиро аз даст доданд".
"Аммо росташро гӯем - барои онҳо ин мусодираҳо аслан марговар нест. Ба ҳар ҳол зиндагӣ хоҳанд кард. Дар Русия чизҳои зиёде боқӣ мондаанд. Ин барои онҳо ва авлоди онҳо басанда аст", - гуфт муовини раиси Шӯрои амният.
"Хулоса нафратовар аст, ки ин таҳримҳо маҳз алайҳи мардуми Русия нигаронида шудаанд. Ва новобаста аз он ки бобою бибиҳои амрикоӣ ва аврупоӣ мегӯянд, мо сарварони шуморо ҷазо медиҳем ва шумо - шаҳрвандони оддиро, дӯст медорем, ин як сафсата аст", - таъкид кард ӯ.
Вай ба унвони мисол, мусодираи дороиҳои Бонки марказии Русияро мисол овард ва сабабаш бадтар шудани иқтисод, зарба задан ба рубл, боло рафтани таваррум ва гаронии нархҳо дар мағозаҳост, ки маънои поин рафтани сатҳи зиндагии як руси оддии Русияро дорад.
Ҳамин ҳадафҳо, ба гуфтаи Медведев, бо ҷорӣ кардани эмбарго барои хариди нафту газ аз Русия, манъи парвозҳо, сафар ба кишварҳои дигар ва манъи истифодаи абзорҳои пардохт сурат мегирад.
"Ин хулоса дилсардкунанда аст, аммо афсӯс, ин дуруст аст. Онҳо ҳама аз мо нафрат доранд! Дар маркази ин тасмимҳо нафрат нисбат ба Русия - ба русҳо, ба тамоми сокинони он аст. Нафрат ба фарҳанги мо. Аз ин рӯ Толстой, Чехов, Чайковский ва Шостаковичро манъ кардаанд. Нафрат ба дини мо. Аз ин ҷост, ки хоҳиши нест кардани калисои православии Русро доранд ва ба муқобили патриарх таҳримот ҷорӣ кардаанд. Ва ин қариб ҳамеша чунин буд. Ҳам замони Александр Невский ва ҳам дар замони мо", - гуфт ӯ.
"Ин бадбинӣ нафратовар ва бемантиқ аст. Аммо ин маънои онро надорад, ки мо ба он таҳаммул кунем. Мо танҳо бояд барои оянда тамоми хулосаҳои заруриро барорем. Ин муносибатро нисбати мо дар хотир доред. Ва онҳоеро, ки аз мо нафрат доранд, набахшед. Ҳеҷ гоҳ набахшед", - хулоса кард Медведев.