ВКД: Бархе аз иштирокдорони тазоҳуроти Рӯшон дар назди мақомот ҳозир шуданд

© Sputnik / Табылды Кадырбеков / Гузариш ба медиабонкНаручники висят на дверной ручки.
Наручники висят на дверной ручки. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.05.2022
Обуна шудан
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон бо нашри як рӯйхати сокинони ноҳияи Рӯшон онҳоро дар узвият ба гурӯҳҳои муташаккили ҷиноӣ айбдор кардааст
ДУШАНБЕ, 23 май — Sputnik. Рӯйхати 19 нафаре нашр шудааст, ки ба иттилои ВУД-и Тоҷикистон, дар тазоҳуроти 15-18 майи соли равон дар ноҳияи Рӯшон иштирок кардаанд.
Ба иттилои ВУД, 19 нафар ихтиёран ба назди мақомдорони зирабт ҳозир гардидаанд.
Дар ҳамин ҳол Абдураҳмон Аламшозода, ноиби аввали вазири умури дохилии Тоҷикистон гуфт, вазъият дар ноҳияи Рӯшон ором буда, ҳаракати нақлиёту фаъолияти идораю муассисаҳо бо реҷаи муқаррарӣ ҷараён дорад.
Генерал аз тариқи телевизиони "Бадахшон" аз мақомдорону фаъолон даъват намуд, дар мулоқотҳо аз сокинон хоҳиш намоянд, ба роҳбандию қонуншиканӣ роҳ надиҳанд. Ӯ афзуд, дар сурати дасткашӣ аз таҷаммуъ ва изҳори пушаймонӣ сокинон аз ҷавобгарӣ озод карда мешаванд.
Пост при въезде в Горно-Бадахшанскую автономную область - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.05.2022
Маҳмадбоқир Маҳмадбоқирро дар Хоруғ паронданд
Қаблан Вазорати умури дохилии Тоҷикистон бо нашри як изҳорот тафсилоти задухӯрди мақомоти амниятӣ бо сокинони ноҳияи Рӯшонро, ки аз онҳо "гурӯҳи муташаккили ҷиноятпеша" ном мебарад, нашр намуда буд.
Тибқи изҳороти Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, "гурӯҳҳои мутаашаккили ҷиноятпеша"-ро Алим Шерзамон, ҳаммаслакони ӯ Холбаш Холбашев ва Улфатхоним Мамадшоева роҳбарӣ ва сарпарастӣ мекардаанд.
Мақомот мегӯянд, гурӯҳи тақрибан 200-нафарӣ роҳи Душанбе - Хоруғро бастаанд ва дар натиҷаи амалиёти гузарондашуда дар Рӯшон расман 8 нафар кушта, 11 маҷруҳ ва зиёда аз 100 нафар боздошт гардидаанд.
Инчунин таъкид шудааст, рӯзи 18 май дар зимни ноамниҳо дар ноҳияи Рӯшон як афсар кушта ва 13 низомии дигар захмӣ шудааст.
Нооромиҳо дар ВМКБ аз моҳи ноябри соли 2021, баъди куштани як сокини ноҳияи Роштқалъа зимни амалиёти боздошт оғоз шуда буданд. Сокинони маҳаллӣ бо баргузории ҳамоиш аз мақомот таҳқиқи мунсифонаи қазия ва муҷозоти омилони марги сокинони мулкиро талаб карданд.
Лентаи хабарҳо
0