https://sputnik.tj/20220528/putin-sozishnoma-spad-tasvib-1048768193.html
Путин созишномаи СПАД дар бораи амалиёт ва кумаки ҳуқуқиро тасвиб кард
Путин созишномаи СПАД дар бораи амалиёт ва кумаки ҳуқуқиро тасвиб кард
Sputnik Тоҷикистон
Дар созишнома муқаррар шудааст, ки мақомоти СПАД оид ба ошкор намудан, дастгир кардан ва супоридани шахсони ҷинояткор бо ҳамдигар ҳамкорӣ мекунанд
2022-05-28T16:35+0500
2022-05-28T16:35+0500
2022-05-30T14:01+0500
спад
владимир путин
дар русия
амният ва мудофиа
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/0a/1044676599_0:62:2842:1661_1920x0_80_0_0_e022882f3bad2a63a71c17780f9c503b.jpg
ДУШАНБЕ, 28 май — Sputnik. Кишвардори Русия Владимир Путин қонун дар бораи тасвиби созишномаи вижагиҳои фаъолияти нирӯҳо ва васоили амнияти дастаҷамъӣ дар қаламрави кишварҳои узви СПАД -ро имзо кард. Ин созишнома ҳам чунин ба расонидани ёрии ҳуқуқӣ дахл дорад. Ҳуҷҷати дахлдор дар портали расмии иттилооти ҳуқуқӣ нашр шудааст. Дар он чунин мафҳумҳо маънидод карда мешаванд: "ҷои ҷойгиркунӣ", "вазифаҳои хизматӣ", "органҳои салоҳиятдор", "амалиёти таъҷилии тафтишотӣ". Созишнома дар бораи салоҳият ва расонидани ёрии ҳуқуқӣ дар парвандаҳои марбут ба ҳузури муваққатии нерӯҳо ва воситаҳои низоми амнияти дастаҷамъӣ дар қаламравҳои кишварҳои узви СПАД 16 сентябри соли 2021 дар шаҳри Душанбе имзо шуд. Ҳуҷҷат механизми тафтиши ҷиноятҳоеро, ки аъзои сохторҳои ирсолкунанда дар ҳудуди тарафи қабулкунанда содир кардаанд, муқаррар мекунад; дигар шаҳрвандоне, ки ба ҳайати отрядхо дохил нашуда, вале дар маҳалли ҷиноят дар ҳудуди таъиноти отряд дастгир шудаанд. Муқаррар карда шудааст, ки мақомоти салоҳиятдори тарафҳо оид ба ошкор намудан, дастгир кардан ва супоридани шахсони ҷинояткор бо ҳамдигар ҳамкорӣ мекунанд.Зас омодагии СПАД-ро барои посух ба таҳдидоти ношӣ аз густариши НАТО эълон кардАммо ҳар як тараф харочҷотро, ки ҳангоми татбиқи салоҳияти худ оид ба парвандаи ҷиноятӣ ва расонидани ёрии ҳуқуқӣ тибқи қонунгузории миллии худ, мустақилона бар дӯш дорад. Созишнома пешбинӣ мекунад, ки дархост дар бораи ёрии ҳуқуқӣ метавонад рад карда шавад, агар расонидани чунин кумак ба истиқлолият ё амният зарар расонад ё хилофи қонунгузории миллии тарафи дархостшаванда бошад.
https://sputnik.tj/20220526/sarhang-eritsiyan-davr-marzh-spad-potensial-munozia-1048734024.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/0a/1044676599_170:0:2703:1900_1920x0_80_0_0_56c9f41bd4d20309e29984574cbda298.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
владиимир путин, созишнома, спад,
владиимир путин, созишнома, спад,
Путин созишномаи СПАД дар бораи амалиёт ва кумаки ҳуқуқиро тасвиб кард
16:35 28.05.2022 (Навсозишуда: 14:01 30.05.2022) Дар созишнома муқаррар шудааст, ки мақомоти СПАД оид ба ошкор намудан, дастгир кардан ва супоридани шахсони ҷинояткор бо ҳамдигар ҳамкорӣ мекунанд
ДУШАНБЕ, 28 май — Sputnik. Кишвардори Русия Владимир Путин қонун дар бораи тасвиби созишномаи вижагиҳои фаъолияти нирӯҳо ва васоили амнияти дастаҷамъӣ дар қаламрави кишварҳои узви СПАД -ро имзо кард.
Ин созишнома ҳам чунин ба расонидани ёрии ҳуқуқӣ дахл дорад. Ҳуҷҷати дахлдор дар портали расмии иттилооти ҳуқуқӣ нашр шудааст.
Дар он чунин мафҳумҳо маънидод карда мешаванд: "ҷои ҷойгиркунӣ", "вазифаҳои хизматӣ", "органҳои салоҳиятдор", "амалиёти таъҷилии тафтишотӣ".
Созишнома дар бораи салоҳият ва расонидани ёрии ҳуқуқӣ дар парвандаҳои марбут ба ҳузури муваққатии нерӯҳо ва воситаҳои низоми амнияти дастаҷамъӣ дар қаламравҳои кишварҳои узви СПАД 16 сентябри соли 2021 дар шаҳри Душанбе имзо шуд.
Ҳуҷҷат механизми тафтиши ҷиноятҳоеро, ки аъзои сохторҳои ирсолкунанда дар ҳудуди тарафи қабулкунанда содир кардаанд, муқаррар мекунад; дигар шаҳрвандоне, ки ба ҳайати отрядхо дохил нашуда, вале дар маҳалли ҷиноят дар ҳудуди таъиноти отряд дастгир шудаанд.
Муқаррар карда шудааст, ки мақомоти салоҳиятдори тарафҳо оид ба ошкор намудан, дастгир кардан ва супоридани шахсони ҷинояткор бо ҳамдигар ҳамкорӣ мекунанд.
Аммо ҳар як тараф харочҷотро, ки ҳангоми татбиқи салоҳияти худ оид ба парвандаи ҷиноятӣ ва расонидани ёрии ҳуқуқӣ тибқи қонунгузории миллии худ, мустақилона бар дӯш дорад.
Созишнома пешбинӣ мекунад, ки дархост дар бораи ёрии ҳуқуқӣ метавонад рад карда шавад, агар расонидани чунин кумак ба истиқлолият ё амният зарар расонад ё хилофи қонунгузории миллии тарафи дархостшаванда бошад.