https://sputnik.tj/20220530/tojikon-segona-voridshavandagon-rusiya-1048788914.html
Тоҷикон дар сегонаи асосии воридшавандагон ба Русия қарор гирифтаанд
Тоҷикон дар сегонаи асосии воридшавандагон ба Русия қарор гирифтаанд
Sputnik Тоҷикистон
Тоҷикон аз ҳама бештар ба Русия меомадаанд
2022-05-30T10:30+0500
2022-05-30T10:30+0500
2022-05-30T12:30+0500
тоҷикон
муҳоҷират
дар тоҷикистон
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102513/59/1025135972_0:464:4480:2984_1920x0_80_0_0_286f48e30fa454c1f2893352b50343e4.jpg
ДУШАНБЕ, 30 май — Sputnik. Дар Русия имкон шуд, ки аз соли 2011 то соли 2021 афзоиши аҳолӣ аз ҳисоби муҳоҷирони корӣ таъмин карда шавад, хабар медиҳад "Росстат".Ҳамин тариқ 93,5 фоизи ин афзоиш дар 10 соли охир ба 9 кишвари Иттиҳоди Шӯравии собиқ рост омад. Сегонаи беҳтарин Тоҷикистон, Украина ва Қазоқистонро шомил мешавад. Чунин оморҳо аз натиҷаҳои пешакии барӯйхатгирии аҳолии умумирусиягӣ бармеоянд. Дар ин давра зиёда аз 5,4 миллион нафар барои истиқомати доимӣ ба Федератсияи Русия ворид шуда, зиёда аз 3,04 миллион нафар аз ин кишвар хориҷ шудаанд.Афзоиши муҳоҷират (яъне фарқи байни ин ду нишондод) беш аз 2,4 миллион нафарро ташкил дод. Илова бар ин, ба гуфтаи "Росстат", дар барномаи кӯчонидани ҳамватанон аз соли 2011 то соли 2021 ба истиснои онҳое, ки аз феҳристи вижа хориҷ шудаанд, беш аз 1 миллион нафар ширкат кардаанд. Аксари вақт ҳамватанон барои кӯчидан вилоятҳои Калуга, Тула ва Воронежро интихоб мекардаанд. Бештари ҳамватаноне, ки дар соли 2021 сабти ном шудаанд, шаҳрвандони Тоҷикистон, Қазоқистон ва Арманистон мебошанд. Ҳамин тариқ, тибқи омори ахир, ки дар Русия дар соли 2010 баргузор шуд, то кунун русҳо 2,05 миллион нафар ё 1,4% бештар буданд. Ҳамин тариқ дар Федератсияи Русия 147,2 миллион нафар зиндагӣ мекунанд. Ин афзоиш ба шумораи зиёди шаҳрвандони дигар давлатҳо, ки барои кор ва зиндагӣ ба Русия меоянд ва ин ҷо мемонанд, алоқаманд аст.
https://sputnik.tj/20220522/khadamoti-muhojirati-tojikiston-rusiya-1048624042.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102513/59/1025135972_366:0:4345:2984_1920x0_80_0_0_37043f987b35867fe34a47fe7f43bf1d.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикон дар сегонаи асосии воридшавандагон ба русия қарор гирифтаанд
тоҷикон дар сегонаи асосии воридшавандагон ба русия қарор гирифтаанд
Тоҷикон дар сегонаи асосии воридшавандагон ба Русия қарор гирифтаанд
10:30 30.05.2022 (Навсозишуда: 12:30 30.05.2022) Шаҳрвандони Тоҷикистон, Қазоқистон ва Украина атбои се кишвари пешсафанд, ки афзоиши аҳолӣ дар Русияро дар 10 соли охир таъмин кардаанд
ДУШАНБЕ, 30 май — Sputnik. Дар Русия имкон шуд, ки аз соли 2011 то соли 2021 афзоиши аҳолӣ аз ҳисоби муҳоҷирони корӣ таъмин карда шавад, хабар медиҳад "Росстат".
Ҳамин тариқ 93,5 фоизи ин афзоиш дар 10 соли охир ба 9 кишвари Иттиҳоди Шӯравии собиқ рост омад. Сегонаи беҳтарин Тоҷикистон, Украина ва Қазоқистонро шомил мешавад.
Чунин оморҳо аз натиҷаҳои пешакии барӯйхатгирии аҳолии умумирусиягӣ бармеоянд.
Дар ин давра зиёда аз 5,4 миллион нафар барои истиқомати доимӣ ба Федератсияи Русия ворид шуда, зиёда аз 3,04 миллион нафар аз ин кишвар хориҷ шудаанд.
Афзоиши муҳоҷират (яъне фарқи байни ин ду нишондод) беш аз 2,4 миллион нафарро ташкил дод.
Илова бар ин, ба гуфтаи "Росстат", дар барномаи кӯчонидани ҳамватанон аз соли 2011 то соли 2021 ба истиснои онҳое, ки аз феҳристи вижа хориҷ шудаанд, беш аз 1 миллион нафар ширкат кардаанд.
Аксари вақт ҳамватанон барои кӯчидан вилоятҳои Калуга, Тула ва Воронежро интихоб мекардаанд.
Бештари ҳамватаноне, ки дар соли 2021 сабти ном шудаанд, шаҳрвандони Тоҷикистон, Қазоқистон ва Арманистон мебошанд.
Ҳамин тариқ, тибқи омори ахир, ки дар Русия дар соли 2010 баргузор шуд, то кунун русҳо 2,05 миллион нафар ё 1,4% бештар буданд.
Ҳамин тариқ дар Федератсияи Русия 147,2 миллион нафар зиндагӣ мекунанд. Ин афзоиш ба шумораи зиёди шаҳрвандони дигар давлатҳо, ки барои кор ва зиндагӣ ба Русия меоянд ва ин ҷо мемонанд, алоқаманд аст.