https://sputnik.tj/20220522/khadamoti-muhojirati-tojikiston-rusiya-1048624042.html
Чаро тоҷикон Русияро интихоб мекунанд? Шарҳи сардори Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон
Чаро тоҷикон Русияро интихоб мекунанд? Шарҳи сардори Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон
Sputnik Тоҷикистон
Дар ҳоле, ки феълан беш аз 90%-и муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистон ба Русия мераванд, мақомоти тоҷик муҳим медонанд, ки ин равандро гуногунсамт созанд
2022-05-22T09:00+0500
2022-05-22T09:00+0500
2022-05-23T18:07+0500
дар тоҷикистон
муҳоҷират
хадамот
кор
муҳоҷири тоҷик
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/15/1045051223_0:250:3022:1950_1920x0_80_0_0_56e4b9f697972c2fde2310f765931840.jpg
ДУШАНБЕ, 22 май — Sputnik. Чор далели асосӣ мавҷуд аст, ки тоҷикистониён барои муҳоҷирати меҳнатӣ бештар Русияро интихоб мекунанд, иттилоъ дод Тоҳир Каримзода, сардори Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ. Каримзода дар суҳбат бо нашрияи "Садои мардум" гуфт, яке аз сабабҳо гузаштаи муштарак доштани кишварҳо мебошад. Ӯ таъкид намуд, ки новобаста ба ин, дар раванди ҷаҳонишавии иқтисодиёт гуногунсамтсозии муҳоҷират яке аз ҳадафҳои афзалиятнок дар соҳаи танзими равандҳои муҳоҷират боқӣ мемонад.Каримзода аз ҷумла ҳамкорӣ дар бахши муҳоҷират бо кишварҳои арабӣ, Туркия, Корея ва дигар давлатҳо зикр намуд. "Кишварҳое, ки бо депопулятсия ва пиршавии аҳолӣ мувоҷеҳанд, аз паи рушди ҳамкорӣ бо кишварҳое мебошанд, ки қувваи кории ҷавон доранд. Аз ҷониби дигар, барои мо имконест, то муҳоҷиратро гуногунсамт созем", - изҳор дошт ӯ. Ин дар ҳолест, ки тибқи пурсиши Хадамоти муҳоҷират, ки ба гуфтаи Каримзода ҳар семоҳа гузаронда мешавад, соли 2021-ум беш аз 592 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар муҳоҷирати меҳнатӣ дар хориҷи кишвар қарор доштанд. Аз шумораи умумии онҳо 94 дарсад дар Русия, 2,1% дар Қазоқистон, 0,6% дар Украина, 2% дар дигар кишварҳои ИДМ ва 1% дар кишварҳои хориҷи дур фаъолияти муваққатии меҳнатӣ доранд, афзуд ӯ.
https://sputnik.tj/20220521/muhojiron-najot-rusiya-tojikist-1048610652.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/15/1045051223_239:0:2970:2048_1920x0_80_0_0_1b553af8863ae98a30954a9736d58c7a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикон, русия, интихоб
Чаро тоҷикон Русияро интихоб мекунанд? Шарҳи сардори Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон
09:00 22.05.2022 (Навсозишуда: 18:07 23.05.2022) Дар ҳоле ки феълан беш аз 90%-и муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистон ба Русия мераванд, мақомоти тоҷик муҳим медонанд, ки ин равандро гуногунсамт созанд
ДУШАНБЕ, 22 май — Sputnik. Чор далели асосӣ мавҷуд аст, ки тоҷикистониён барои муҳоҷирати меҳнатӣ бештар Русияро интихоб мекунанд, иттилоъ дод Тоҳир Каримзода, сардори Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ.
Каримзода дар суҳбат бо нашрияи "Садои мардум" гуфт, яке аз сабабҳо гузаштаи муштарак доштани кишварҳо мебошад.
"Сабаби интихоби ин кишвар барои фаъолияти муваққатии меҳнатӣ пайванди таърихӣ доштани кишварҳо, донистани забон, фарҳанг, расму оин ва сатҳи талаботи бозори меҳнати ин кишвар мебошад", - афзуд ӯ.
Ӯ таъкид намуд, ки новобаста ба ин, дар раванди ҷаҳонишавии иқтисодиёт гуногунсамтсозии муҳоҷират яке аз ҳадафҳои афзалиятнок дар соҳаи танзими равандҳои муҳоҷират боқӣ мемонад.
Каримзода аз ҷумла ҳамкорӣ дар бахши муҳоҷират бо кишварҳои арабӣ, Туркия, Корея ва дигар давлатҳо зикр намуд.
"Кишварҳое, ки бо депопулятсия ва пиршавии аҳолӣ мувоҷеҳанд, аз паи рушди ҳамкорӣ бо кишварҳое мебошанд, ки қувваи кории ҷавон доранд. Аз ҷониби дигар, барои мо имконест, то муҳоҷиратро гуногунсамт созем", - изҳор дошт ӯ.
Ин дар ҳолест, ки тибқи пурсиши Хадамоти муҳоҷират, ки ба гуфтаи Каримзода ҳар семоҳа гузаронда мешавад, соли 2021-ум беш аз 592 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар муҳоҷирати меҳнатӣ дар хориҷи кишвар қарор доштанд.
Аз шумораи умумии онҳо 94 дарсад дар Русия, 2,1% дар Қазоқистон, 0,6% дар Украина, 2% дар дигар кишварҳои ИДМ ва 1% дар кишварҳои хориҷи дур фаъолияти муваққатии меҳнатӣ доранд, афзуд ӯ.