https://sputnik.tj/20220530/tojikiston-vaksina-1048799588.html
Ба Тоҷикистон боз ваксина оварданд: аз кадом навъ ва чӣ миқдор
Ба Тоҷикистон боз ваксина оварданд: аз кадом навъ ва чӣ миқдор
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати тандурустии Тоҷикистон аз қабули наздик ба 200 ҳазор воя ваксина алайҳи коронавирус хабар дод. Ин навбат ба ҷумҳурӣ "Pfizer-BioNTech" оварда шуд 30.05.2022, Sputnik Тоҷикистон
2022-05-30T16:50+0500
2022-05-30T16:50+0500
2022-05-30T17:20+0500
дар тоҷикистон
тандурустӣ
ваксина
коронавирус
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/1a/1032899030_0:160:3073:1888_1920x0_80_0_0_58bf5bec178184fb2d040667bb1ab9ff.jpg
ДУШАНБЕ, 30 май — Sputnik. Шаби 29 ба 30 майи соли ҷорӣ ба Тоҷикистон боз бастаи дигари ваксина алайҳи маризии коронавирус ворид гардид.Бино ба иттилои дафтари матбуотии Вазорати тандурустии Тоҷикистон, 198 900 воя ваксинаи "Pfizer-BioNTech" тоза вориди кишвар шуд.Манбаъ меафзояд, ин миқдор ваксина низ дар доираи механизми байналмилалии тақсимоти одилонаи ваксинаҳо - COVAX ба Тоҷикистон интиқол ёфт.Вазорат тавзеҳ додааст, ки вояҳои ваксинаи мазкур дар анбори махсуси вазорат нигаҳдорӣ шуда, тибқи талабот ба шаҳру навоҳии кишвар интиқол дода мешаванд. Маврид ба зикр аст, ки ҷиҳати иҷрои қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID-19 маъракаи моякӯбӣ дар тамоми манотиқи кишвар идома дорад.Ёдовар мешавем, ки ҳафтаи сипаришуда ба Тоҷикистон 241 920 воя ваксинаи "Moderna" оварда шуд.Ҳоло шаҳрвандони ҷумҳурӣ асосан бо навъҳои ваксинаи "Спутник V", "AstraZeneca", "CoronaVak", "Moderna" ва "Pfizer" моякӯбӣ мешаванд.
https://sputnik.tj/20220527/tojikiston-vaksina-covid-19-1048751714.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/1a/1032899030_170:0:2901:2048_1920x0_80_0_0_d3dce081bb47f39475090120361f3f59.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, тандурустӣ, ваксина, коронавирус
дар тоҷикистон, тандурустӣ, ваксина, коронавирус
Ба Тоҷикистон боз ваксина оварданд: аз кадом навъ ва чӣ миқдор
16:50 30.05.2022 (Навсозишуда: 17:20 30.05.2022) Вазорати тандурустии Тоҷикистон аз қабули наздик ба 200 ҳазор воя ваксина алайҳи коронавирус хабар дод. Ин навбат ба ҷумҳурӣ "Pfizer-BioNTech" оварда шуд
ДУШАНБЕ, 30 май — Sputnik. Шаби 29 ба 30 майи соли ҷорӣ ба Тоҷикистон боз бастаи дигари ваксина алайҳи маризии коронавирус ворид гардид.
Бино ба иттилои дафтари матбуотии Вазорати тандурустии Тоҷикистон, 198 900 воя ваксинаи "Pfizer-BioNTech" тоза вориди кишвар шуд.
Манбаъ меафзояд, ин миқдор ваксина низ дар доираи механизми байналмилалии тақсимоти одилонаи ваксинаҳо - COVAX ба Тоҷикистон интиқол ёфт.
Вазорат тавзеҳ додааст, ки вояҳои ваксинаи мазкур дар анбори махсуси вазорат нигаҳдорӣ шуда, тибқи талабот ба шаҳру навоҳии кишвар интиқол дода мешаванд.
Маврид ба зикр аст, ки ҷиҳати иҷрои қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID-19 маъракаи моякӯбӣ дар тамоми манотиқи кишвар идома дорад.
Ёдовар мешавем, ки ҳафтаи сипаришуда ба Тоҷикистон 241 920 воя ваксинаи "Moderna" оварда шуд.
Ҳоло шаҳрвандони ҷумҳурӣ асосан бо навъҳои ваксинаи "Спутник V", "AstraZeneca", "CoronaVak", "Moderna" ва "Pfizer" моякӯбӣ мешаванд.