https://sputnik.tj/20220527/tojikiston-vaksina-covid-19-1048751714.html
Тоҷикистон боз бастаи ваксина алайҳи COVID -19 дарёфт кард
Тоҷикистон боз бастаи ваксина алайҳи COVID -19 дарёфт кард
Sputnik Тоҷикистон
Мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон асосан бо чор навъи ваксина: "Sputnik V", "AstraZeneca", "CoronaVak", "Moderna" ва "Pfizer" моякӯбӣ мешаванд
2022-05-27T17:00+0500
2022-05-27T17:00+0500
2022-05-27T17:00+0500
коронавирус дар русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
ваксина
дар тоҷикистон
вазорати тандурустӣ
дарёфт кардан
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0b/02/1043236163_0:98:1921:1178_1920x0_80_0_0_8f87c8f2739eccdb197033a3a62244ea.jpg
ДУШАНБЕ, 27 май — Sputnik. Тоҷикистон ба сифати кумаки башардӯстона беш аз 241 ҳазору 920 вояи ваксина алайҳи COVID-19-ро дарёфт кардааст.Дар ин бора Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон хабар дод.Ба иттилои манбаъ, ин бор ба Тоҷикистон ваксинаи "Moderna" оварда шудааст.Ваксинаҳо асосан дар доираи механизмии ҷаҳонии COVAX ҷудо шудаанд, ки барои кумак ба кишварҳои осебпазир дар мубориза бо коронавирус таҳия шудааст.Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, то даҳаи сеюми моҳи апрел 5 млну 202 ҳазор сокини болиғи ҷумҳурӣ бо вояи якуми ваксина моякӯбӣ шудааст. Таносуби ваксинагирифтаҳо 92,8%-и аҳолии калонсоли ҷумҳурӣ арзёбӣ гардид.Шумори онҳое, ки то ҳол ваксинаи дуюмро низ гирифтаанд, 5 млну 27,5 ҳазор нафар гуфта шуд. Дар баробари ин аллакай беш аз 1 млну 756 ҳазор тоҷикистонии болиғ такроран ва ё худ вояи сеюми ваксинаро гирифтаанд.Дар Тоҷикистон, тибқи дастури Cитоди ҷумҳуриявии пешгирӣ ва мубориза бар зидди паҳншавии сирояти коронавируси COVID-19, моякӯбӣ барои шахсони аз 18-сола боло ҳатмӣ мебошад. Дар зимн мақомоти тоҷик ба далели сабт нашудани ҳолатҳои гирифторӣ ба коронавирус дар ҷумҳурӣ ахиран маҳдудиятҳои ковидӣ, аз ҷумла ниқобпӯшии ҳатмиро бекор кард.Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон сар аз нимаҳои моҳи феврал расман эълон кард, ки дар қаламрави кишвар ҳеҷ ҳолати нави сироятёбӣ ба коронавирус сабт нашудааст.Расман аз оғози пандемия дар Тоҷикистон беш аз 17,3 ҳазор ҳолати гирифторӣ ба коронавирус ба қайд гирифта шудааст, ки дар натиҷа 124 нафар фавтида, боқимонда шифо ёфтаанд.
https://sputnik.tj/20220524/tojikiston-yagon-obchakon-handuma-1048678421.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0b/02/1043236163_0:0:1707:1280_1920x0_80_0_0_4aac4e839b18d5bb6760b666c439e330.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, воя, ваксина, вазортаи тандурустӣ
тоҷикистон, воя, ваксина, вазортаи тандурустӣ
Тоҷикистон боз бастаи ваксина алайҳи COVID -19 дарёфт кард
Мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон асосан бо чор навъи ваксина: "Sputnik V", "AstraZeneca", "CoronaVak", "Moderna" ва "Pfizer" моякӯбӣ мешаванд
ДУШАНБЕ, 27 май — Sputnik. Тоҷикистон ба сифати кумаки башардӯстона беш аз 241 ҳазору 920 вояи ваксина алайҳи COVID-19-ро дарёфт кардааст.
Дар ин бора Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, ин бор ба Тоҷикистон ваксинаи "Moderna" оварда шудааст.
Ваксинаҳо асосан дар доираи механизмии ҷаҳонии COVAX ҷудо шудаанд, ки барои кумак ба кишварҳои осебпазир дар мубориза бо коронавирус таҳия шудааст.
Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, то даҳаи сеюми моҳи апрел 5 млну 202 ҳазор сокини болиғи ҷумҳурӣ бо вояи якуми ваксина моякӯбӣ шудааст. Таносуби ваксинагирифтаҳо 92,8%-и аҳолии калонсоли ҷумҳурӣ арзёбӣ гардид.
Шумори онҳое, ки то ҳол ваксинаи дуюмро низ гирифтаанд, 5 млну 27,5 ҳазор нафар гуфта шуд. Дар баробари ин аллакай беш аз 1 млну 756 ҳазор тоҷикистонии болиғ такроран ва ё худ вояи сеюми ваксинаро гирифтаанд.
Дар Тоҷикистон, тибқи дастури Cитоди ҷумҳуриявии пешгирӣ ва мубориза бар зидди паҳншавии сирояти коронавируси COVID-19, моякӯбӣ барои шахсони аз 18-сола боло ҳатмӣ мебошад. Дар зимн мақомоти тоҷик ба далели сабт нашудани ҳолатҳои гирифторӣ ба коронавирус дар ҷумҳурӣ ахиран маҳдудиятҳои ковидӣ, аз ҷумла ниқобпӯшии ҳатмиро бекор кард.
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон сар аз нимаҳои моҳи феврал расман эълон кард, ки дар қаламрави кишвар ҳеҷ ҳолати нави сироятёбӣ ба коронавирус сабт нашудааст.
Расман аз оғози пандемия дар Тоҷикистон беш аз 17,3 ҳазор ҳолати гирифторӣ ба коронавирус ба қайд гирифта шудааст, ки дар натиҷа 124 нафар фавтида, боқимонда шифо ёфтаанд.