Садамаи маргбор дар Роштқалъа: падар ҳалок шуду писар бистарии беморхона

© PixabayАвтомобиль после ДТП
Автомобиль после ДТП - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.05.2022
Обуна шудан
Ронандаи 54-сола аз уҳдаи идора кардани мошин набаромада, автомашинаро ба чуқурии зиёда аз 95 метр чаппа намудааст
ДУШАНБЕ, 30 май — Sputnik. Дар ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон садамаи маргбори нақлиётӣ рух додааст.
Ба иттилои дафтари матбуотии Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, сокини 54-солаи ноҳияи мазкур ҳангоми ҳаракат аз самти деҳаи Делох ба самти деҳаи Лахшики ноӽияи мазкур аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромадааст.
Дар натиҷа ӯ автомашинаро ба чуқурии зиёда аз 95 метр чаппа намудааст.
ВУД Тоҷикистон тавзеҳ медиҳад, ки ронанда пас аз чаппа шудани мошин дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Дар дохили мошин боз ду мусофири дигар қарор доштаанд, ки яке аз онҳо писари ронандаи марҳум будааст.
Учения спасательного отряда в водоеме, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.05.2022
Аз рӯди Зарафшон ҷасади як хатмкунандаро пайдо карданд
Гуфта мешавад, писари 12-солаи ронанда ва як мусофири 45-сола, ки сокини ноҳияи мазкур мебошад, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардоштанд. Феълан ҳар ду мусофир дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
Қаблан аз дарёфт шудани ҷасади як хонандаи синфи 11 дар вилояти Суғд гузориш шуд, ки ӯ низ бо мошин дучори садама шуда, аз баландии 40 метр ба дарё сарозер гардида буд. Ҳамроҳи ӯ боз як ҳамсоли дигараш низ ба ҳалокат расид.
Лентаи хабарҳо
0