https://sputnik.tj/20220530/rud-zarafshon-jasad-khonanda-maktab-1048790708.html
Аз рӯди Зарафшон ҷасади як хатмкунандаро пайдо карданд
Аз рӯди Зарафшон ҷасади як хатмкунандаро пайдо карданд
Sputnik Тоҷикистон
Хонандаи мактаб дар як садамаи нақлиётӣ аз баландии 40 метр бо мошин ба дарё сарозер шуда буд. Ҳамроҳи ӯ як ҳамсоли дигараш низ ғарқи дарё шуд
2022-05-30T12:00+0500
2022-05-30T12:00+0500
2022-05-30T12:13+0500
дар тоҷикистон
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
дарё
ҷасад
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102943/67/1029436715_0:160:3073:1888_1920x0_80_0_0_d47b1429cdb8d6bc22336114a68eb4c9.jpg
ДУШАНБЕ, 30 май — Sputnik. Бо гузашти ҳашт рӯз аз рӯди Зарафшон ҷасади хонандаи синфи 11 пайдо ва ба наздконаш супорида шуд, хабар медиҳад "Pressa.tj".Ба иттилои манбаъ, ҷасади Аҳрор Аминов шоми 29 май дарёфт гардид. Ноболиғ ҳамроҳ бо як ҳамсоли худ дар дохили мошин аз баландии 40 метр ба дарё сарозер шуда буд.Манбаъ аз қавли сухангӯи Раёсати ВУД дар вилояти Суғд менависад, ки ҳодисаи нохуш ҳанӯз субҳи 21 май рух дод. Он рӯз ошпази 33-солаи ошхонаи "Сихкабоби Хуҷандӣ" ба кормандони милитса муроҷиат мекунад, ки мошини ӯро касе беиҷозат бурдааст.Баъдан маълум шуда, ки мошинро пешхидмати ҳамин ошхона бурдааст. Ӯ ду нафар ноболиғро низ бо худ мегирад. Номбурда дар роҳ аз уҳдаи идора кардани мошин набаромада, худро аз дари мошин ба берун ҳаво медиҳад, вале мошин бо ду ноболиғ аз баландии 40 метр ба дарё сарозер мешавад.Ҳар ду мусофир хонандагони синфи 11, сокинони деҳаи Хушетаки ноҳияи Панҷакент буданд, ки дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расиданд.Ронанда зинда мондааст, вале ҳоло нисбати ӯ бинобар ғайриқонунӣ рондани мошин парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.
https://sputnik.tj/20220528/marg-se-nobolig-obho-tojikiston-1048768725.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102943/67/1029436715_170:0:2901:2048_1920x0_80_0_0_b8ed0727947309c009d68123df1e881b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
зарафшон дарё ҷасад пайдо
зарафшон дарё ҷасад пайдо
Аз рӯди Зарафшон ҷасади як хатмкунандаро пайдо карданд
12:00 30.05.2022 (Навсозишуда: 12:13 30.05.2022) Хонандаи мактаб дар як садамаи нақлиётӣ аз баландии 40 метр бо мошин ба дарё сарозер шуда буд. Ҳамроҳи ӯ як ҳамсоли дигараш низ дар дарё ғарқ шуд
ДУШАНБЕ, 30 май — Sputnik. Бо гузашти ҳашт рӯз аз рӯди Зарафшон ҷасади хонандаи синфи 11 пайдо ва ба наздконаш супорида шуд, хабар медиҳад "Pressa.tj".
Ба иттилои манбаъ, ҷасади Аҳрор Аминов шоми 29 май дарёфт гардид. Ноболиғ ҳамроҳ бо як ҳамсоли худ дар дохили мошин аз баландии 40 метр ба дарё сарозер шуда буд.
Манбаъ аз қавли сухангӯи Раёсати ВУД дар вилояти Суғд менависад, ки ҳодисаи нохуш ҳанӯз субҳи 21 май рух дод. Он рӯз ошпази 33-солаи ошхонаи "Сихкабоби Хуҷандӣ" ба кормандони милитса муроҷиат мекунад, ки мошини ӯро касе беиҷозат бурдааст.
Баъдан маълум шуда, ки мошинро пешхидмати ҳамин ошхона бурдааст. Ӯ ду нафар ноболиғро низ бо худ мегирад.
Номбурда дар роҳ аз уҳдаи идора кардани мошин набаромада, худро аз дари мошин ба берун ҳаво медиҳад, вале мошин бо ду ноболиғ аз баландии 40 метр ба дарё сарозер мешавад.
Ҳар ду мусофир хонандагони синфи 11, сокинони деҳаи Хушетаки ноҳияи Панҷакент буданд, ки дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расиданд.
Ронанда зинда мондааст, вале ҳоло нисбати ӯ бинобар ғайриқонунӣ рондани мошин парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.