https://sputnik.tj/20220528/marg-se-nobolig-obho-tojikiston-1048768725.html
Марги се ноболиғ дар обҳои кишвар: яке ҳамагӣ 2 сол дошт ва ҷасадаш ёфт нашудааст
Марги се ноболиғ дар обҳои кишвар: яке ҳамагӣ 2 сол дошт ва ҷасадаш ёфт нашудааст
Sputnik Тоҷикистон
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон аз се ҳодисаи нохуш дар кишвар хабар медиҳад, ки дар паи онҳо се ноболиғ ҷон аз даст доданд
2022-05-28T17:46+0500
2022-05-28T17:46+0500
2022-05-30T13:40+0500
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
дар тоҷикистон
кҳф
ғарқшавӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102987/64/1029876408_402:50:3008:1516_1920x0_80_0_0_aba6fb4f496705aca35a32fa0e51abb0.jpg
ДУШАНБЕ, 28 май — Sputnik. Дар обҳои Тоҷикистон се ноболиғ ғарқ шуда, ҷон доданд, ки кӯчактарини онҳо ҳамагӣ 2 сол доштааст.Бино ба гузориши КҲФ, аз ин се кӯдаки ғарқшуда, ду нафарашон 14-сола буданд. Тибқи иттилои манбаъ, навраси 14-солаи деҳаи Хоҷамуъмини ҷамоати деҳоти Тугараки ноҳияи Восеъ ҳангоми оббозӣ дар ҳавзи деҳа ғарқ шудааст.Гуфта мешавад, ки ин ҳавзро сокинон барои обхӯрии ҳайвоноти хонагии худ сохта буданд. Сокинон ҷасади ноболиғро аз об берун оварда ба волидонаш супурданд.Аз ғарқи об шудани писарчаи 14-солаи дигари сокини деҳаи Савдаи ҷамоати деҳоти Боғистони ноҳияи Шаҳринав дар канали калони Ҳисор ҳафт рӯз гузашту баъд ҷасади ӯ ёфт шуд. Танҳо рӯзи гузашта подабони деҳаи Ҷанбули ҷамоати деҳоти Чуст ҷасади ӯро дар соҳили канал дидаву ба мақомот хабар додааст.Марями дусола, сокини деҳаи Меҳрободи ҷамоати деҳоти Бӯронови шаҳри Ваҳдат, рӯзи гузашта аз беэҳтиётӣ дар канали назди манзили истиқоматиашон дар об сарозер шудааст.Баъди дарёфти хабар ба ҷои ҳодиса афсарони бахши Кумита дар шаҳри Ваҳдат ба ҷойи ҳодиса расиданд ва ҳамроҳ бо мақомоти дахлдор ва сокинони деҳа корҳои кофтуковиро ба роҳ монданд. Аммо ҷасади ӯро пайдо накардаанд.Ғарқшавӣ ва фавти кӯдаки ноболиғ дар Хатлон: КҲФ сабабашро гуфтКумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар ба сокинони кишвар даъват мекунад, ки фарзандонро беназорат нагузоранд.Сабаби фоҷеаҳоро КҲФ беэҳтиётӣ ва надонистани қоидаҳои шиноварӣ гуфта, волидонро дар беназоратии кӯдакон айбдор медонад.Тибқи омори КҲФ аз аввали соли ҷорӣ то кунун ҳудудан 30 нафар ҳангоми оббозӣ аз беэҳтиётӣ ғарқ шудаанд.
https://sputnik.tj/20220523/fojia-shahrinav-noboligh-kanal-hisor-gharq-1048645879.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102987/64/1029876408_341:0:3008:2000_1920x0_80_0_0_8efcc3d45f2c93e89ebb9610712cca41.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ғарқшавӣ, тоҷикистон, рӯйдодҳо, кҳф
ғарқшавӣ, тоҷикистон, рӯйдодҳо, кҳф
Марги се ноболиғ дар обҳои кишвар: яке ҳамагӣ 2 сол дошт ва ҷасадаш ёфт нашудааст
17:46 28.05.2022 (Навсозишуда: 13:40 30.05.2022) Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон аз се ҳодисаи нохуш дар кишвар хабар медиҳад, ки дар пайи онҳо се ноболиғ ҷон додаанд
ДУШАНБЕ, 28 май — Sputnik. Дар обҳои Тоҷикистон се ноболиғ ғарқ шуда, ҷон доданд, ки кӯчактарини онҳо ҳамагӣ 2 сол доштааст.
Бино ба гузориши КҲФ, аз ин се кӯдаки ғарқшуда, ду нафарашон 14-сола буданд.
Тибқи иттилои манбаъ, навраси 14-солаи деҳаи Хоҷамуъмини ҷамоати деҳоти Тугараки ноҳияи Восеъ ҳангоми оббозӣ дар ҳавзи деҳа ғарқ шудааст.
Гуфта мешавад, ки ин ҳавзро сокинон барои обхӯрии ҳайвоноти хонагии худ сохта буданд. Сокинон ҷасади ноболиғро аз об берун оварда ба волидонаш супурданд.
Аз ғарқи об шудани писарчаи 14-солаи дигари сокини деҳаи Савдаи ҷамоати деҳоти Боғистони ноҳияи Шаҳринав дар канали калони Ҳисор ҳафт рӯз гузашту баъд ҷасади ӯ ёфт шуд.
Танҳо рӯзи гузашта подабони деҳаи Ҷанбули ҷамоати деҳоти Чуст ҷасади ӯро дар соҳили канал дидаву ба мақомот хабар додааст.
Марями дусола, сокини деҳаи Меҳрободи ҷамоати деҳоти Бӯронови шаҳри Ваҳдат, рӯзи гузашта аз беэҳтиётӣ дар канали назди манзили истиқоматиашон дар об сарозер шудааст.
Баъди дарёфти хабар ба ҷои ҳодиса афсарони бахши Кумита дар шаҳри Ваҳдат ба ҷойи ҳодиса расиданд ва ҳамроҳ бо мақомоти дахлдор ва сокинони деҳа корҳои кофтуковиро ба роҳ монданд. Аммо ҷасади ӯро пайдо накардаанд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар ба сокинони кишвар даъват мекунад, ки фарзандонро беназорат нагузоранд.
Сабаби фоҷеаҳоро КҲФ беэҳтиётӣ ва надонистани қоидаҳои шиноварӣ гуфта, волидонро дар беназоратии кӯдакон айбдор медонад.
Тибқи омори КҲФ аз аввали соли ҷорӣ то кунун ҳудудан 30 нафар ҳангоми оббозӣ аз беэҳтиётӣ ғарқ шудаанд.