Раисӣ: Афзоиши тиҷорати миёни Эрону Тоҷикистон шаҳодати тағйири равобити ду кишвар

© IRNAОфициальный прием Эмомали Рахмона в Тегеране
Официальный прием Эмомали Рахмона в Тегеране - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.05.2022
Обуна шудан
Раисҷумҳури Эрон бо ишора ба чаҳор баробар афзоиши гардиши мол миёни кишварҳо гуфт, мо имкон дорем, ин равобитро ба сатҳи минтақаӣ ва байналмилалӣ табдил диҳем
ДУШАНБЕ, 30 май — Sputnik. Оятуллоҳ Сайид Иброҳими Раисӣ дар як нишасти хабарии муштарак бо ҳамтои тоҷикаш Эмомалӣ Раҳмон ҳузури ӯро дар Теҳрон фароҳам овардани фазои хуби тасмимгирӣ барои равобити ду кишвар хондааст.
Ӯ гуфтааст, ки Эрон бо Тоҷикистон ба далоили мухталиф, ба далели ҳамсоягӣ ва равобити фарҳангӣ, мазҳабӣ, забонӣ ва тамаддунӣ, бавижа пас аз пирӯзии Инқилоби Исломӣ, равобити хубе дорад, хабар медиҳад ИРНА.
Раисӣ сафари нахустини хориҷияшро аз Душанбе, ки барои ширкат дар нишасти СҲШ рафта буд, оғоз кардӣ ва онро як нуқтаи гардиш дар равобити ду кишвар хондааст.
Официальный прием Эмомали Рахмона в Тегеране - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.05.2022
Пешвозгирии Раисӣ ва Горди фахрии Эрон аз Эмомалӣ Раҳмон
Мавсуф таъкид кард, ки пас аз ин сафар равобити ду кишвар ба гунае тағйир ёфт, ки имрӯз мо танҳо дар бахшҳои иқтисод ва тиҷорат чаҳор баробар афзоиш ёфтани додугирифтро мебинем.
"Имрӯз бо сафари раисҷумҳури Тоҷикистон ба Теҳрон ва имзои тавофуқоти ҷадиди ду кишвар ман шак надорам, ки дар равобит иқдоми бузурге сурат хоҳад гирифт", - афзуд Раисӣ.
Президенти Эрон гуфт, "мо метавонем ин равобити дуҷонибаро ба равобити хуби минтақаӣ, ҷаҳонӣ ва байналмилалӣ табдил диҳем ва ин равобити ду кишвари ҳамсояи мусалмон метавонад барои ду миллат ва манофеи ду кишвар бисёр умедбахш бошад".
Ёдовар мешавем, президенти Тоҷикистон бо сафари расмӣ дар Эрон қарор дорад ва пас аз мулоқоти ҳайатҳо миёни кишварҳо дар бахшҳои гуногун 16 санади ҳамкорӣ имзо шудааст.
Лентаи хабарҳо
0