https://sputnik.tj/20220530/peshvozgiri-raisi-eron-rahmon-1048790936.html
Пешвозгирии Раисӣ ва Горди фахрии Эрон аз Эмомалӣ Раҳмон
Пешвозгирии Раисӣ ва Горди фахрии Эрон аз Эмомалӣ Раҳмон
Sputnik Тоҷикистон
Президенти Тоҷикистонро дар Ҷумҳурии исломии Эрон раҳбари ин кишвар бо Горди фахрӣ ва суруди миллӣ истиқбол гирифтанд
2022-05-30T11:47+0500
2022-05-30T11:47+0500
2022-05-30T12:18+0500
эмомалӣ раҳмон
дар тоҷикистон
эрон
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/05/1e/1048791695_0:159:3077:1890_1920x0_80_0_0_ea23bffffc18edf02ae46107629be7f7.jpg
ДУШАНБЕ, 30 май — Sputnik. Дар Теҳрон маросими пазироии расмии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид.Бино ба гузориши хадамоти матбуотии президенти Тоҷикистон, маросими пазироӣ дар назди кохи президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон баргузор гашт.Ба иттилои манбаъ, Эмомалӣ Раҳмонро президенти Эрон Сайид Иброҳими Раисӣ истиқбол гирифта, ба болои шоҳсуфаи ифтихорӣ даъваташ намуд.Дар назди кохи Президент парчамҳои давлатии ҳар ду кишвар афрохта шуда, Горди фахрии Ҷумҳурии Исломии Эрон саф ороста буд.Ба ифтихори ташрифи расмии меҳмони олимақом сурудҳои миллии ҳарду давлат садо дод ва фармондеҳи Горди фахрии Ҷумҳурии Исломии Эрон ба президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон гузориш дод.Баъди садо додани сурудҳои миллӣ ва гузориши фармондеҳи Горди фахрӣ президентҳо аз назди ҷузъҳои Горди фахрӣ гузашт карда, раисҷумҳури Тоҷикистон ҷониби парчами давлатии Ҷумҳурии Исломии Эрон эҳтиром ба ҷо оварданд.Дар ин маросим сарони давлатҳо бо ҳайатҳои расмии Тоҷикистону Эрон ошно шуданд.Пас аз дидори раисони ҷумҳуриҳои Эрону Тоҷикистон дидори муштараки ҳайатҳои баландпоя баргузор гашта, ба дунболи он санадҳои ҷадиди ҳамкориҳои ду кишвар ба имзо мерасанд.
эрон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/05/1e/1048791695_173:0:2904:2048_1920x0_80_0_0_553e5eaffda709d8e7e5445d97eef9c1.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
раисӣ эронэмомалӣ раҳмон
Пешвозгирии Раисӣ ва Горди фахрии Эрон аз Эмомалӣ Раҳмон
11:47 30.05.2022 (Навсозишуда: 12:18 30.05.2022) Президенти Тоҷикистонро дар Ҷумҳурии Исломии Эрон раисҷумҳури ин кишвар Иброҳими Раисӣ бо Горди фахрӣ ва Суруди миллӣ истиқбол гирифт
ДУШАНБЕ, 30 май — Sputnik. Дар Теҳрон маросими пазироии расмии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид.
Бино ба гузориши хадамоти матбуотии президенти Тоҷикистон, маросими пазироӣ дар назди кохи президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон баргузор гашт.
Ба иттилои манбаъ, Эмомалӣ Раҳмонро президенти Эрон Сайид Иброҳими Раисӣ истиқбол гирифта, ба болои шоҳсуфаи ифтихорӣ даъваташ намуд.
Дар назди кохи Президент парчамҳои давлатии ҳар ду кишвар афрохта шуда, Горди фахрии Ҷумҳурии Исломии Эрон саф ороста буд.
Ба ифтихори ташрифи расмии меҳмони олимақом сурудҳои миллии ҳарду давлат садо дод ва фармондеҳи Горди фахрии Ҷумҳурии Исломии Эрон ба президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон гузориш дод.
Баъди садо додани сурудҳои миллӣ ва гузориши фармондеҳи Горди фахрӣ президентҳо аз назди ҷузъҳои Горди фахрӣ гузашт карда, раисҷумҳури Тоҷикистон ҷониби парчами давлатии Ҷумҳурии Исломии Эрон эҳтиром ба ҷо оварданд.
Дар ин маросим сарони давлатҳо бо ҳайатҳои расмии Тоҷикистону Эрон ошно шуданд.
Пас аз дидори раисони ҷумҳуриҳои Эрону Тоҷикистон дидори муштараки ҳайатҳои баландпоя баргузор гашта, ба дунболи он санадҳои ҷадиди ҳамкориҳои ду кишвар ба имзо мерасанд.