https://sputnik.tj/20220530/rahmon-khomanayi-mukolama-siyosi-1048809633.html
Раҳмон ба Хоманаӣ гуфт, ҷонибдори идомаи муколамаи сиёсӣ дар сатҳи олист
Раҳмон ба Хоманаӣ гуфт, ҷонибдори идомаи муколамаи сиёсӣ дар сатҳи олист
Sputnik Тоҷикистон
Ҳимояти Тоҷикистон аз узвияти комили Эрон дар Созмони ҳамкории Шанхай далели робитаҳои судманди ду кишвар дар арсаи байналмилалӣ арзёбӣ гардид
2022-05-30T19:45+0500
2022-05-30T19:45+0500
2022-05-31T11:25+0500
дар тоҷикистон
сиёсат
ҳамкорӣ
эрон
оятуллоҳ хоманаӣ
мулоқот
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/05/1f/1048816086_0:0:640:361_1920x0_80_0_0_d9be89abfdba4e52ae94e01c552ede12.jpg
ДУШАНБЕ, 30 май — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо Оятуллоҳ Сайид Алӣ Хоманаӣ, раҳбари инқилоби Ҷумҳурии Исломии Эрон густариши ҳамкориҳоро баррасӣ кард. Тибқи иттилои дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо Хоманаӣ барои истиқбол сипос гуфта, алоқамандияшро барои идомаи муколамаи созандаи сиёсии сатҳи олӣ баён кардааст. Манбаъ афзуд, ҷонибҳо ҳамчунин ҳамкорӣ дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодиву тиҷоратӣ, фарҳангиву башарӣ, амниятӣ ва дигар арсаҳои мавриди манфиати тарафайнро баррасӣ намудаанд. Дар масоили амниятӣ Эмомалӣ Раҳмон ва Хоманаӣ аз таҳкими ҳамкории кишварҳо дар мубориза бар зидди терроризм, ифротгароӣ, қочоқи силоҳ ва маводи мухаддир, ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ ва вазъи Афғонистон гуфтаанд. Ҷонибҳо инчунин аз ҳамкориҳои судманди ду кишвар дар ҷаҳорчӯби созмонҳои минтақаӣ ва байналмилалӣ изҳори қаноатмандӣ карданд. "Ҳимояти Тоҷикистон аз узвияти комили Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Созмони Ҳамкории Шанхай далели боризи робитаҳои судманди дуҷонибаи ду кишвар дар арсаи байналмилалӣ арзёбӣ гардид", - омадааст дар иттилоия. Сафари расмии Эмомалӣ Раҳмон дар садри як ҳайати воломақом феълан дар Эрон идома дорад.
https://sputnik.tj/20220530/raisi-tijorat-eronu-tojikiston-ravobit-1048801790.html
эрон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/05/1f/1048816086_71:0:640:427_1920x0_80_0_0_8f3ecf7aaf622df1fc99f99777eb4c20.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
сипос, раҳмон, инқилоб, ҷумҳурӣ, исломӣ, эрон
сипос, раҳмон, инқилоб, ҷумҳурӣ, исломӣ, эрон
Раҳмон ба Хоманаӣ гуфт, ҷонибдори идомаи муколамаи сиёсӣ дар сатҳи олист
19:45 30.05.2022 (Навсозишуда: 11:25 31.05.2022) Ҳимояти Тоҷикистон аз узвияти комили Эрон дар Созмони Ҳамкории Шанхай далели робитаҳои судманди ду кишвар дар арсаи байналмилалӣ арзёбӣ гардид
ДУШАНБЕ, 30 май — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо Оятуллоҳ Сайид Алӣ Хоманаӣ, раҳбари инқилоби Ҷумҳурии Исломии Эрон густариши ҳамкориҳоро баррасӣ кард.
Тибқи иттилои дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо Хоманаӣ барои истиқбол сипос гуфта, алоқамандияшро барои идомаи муколамаи созандаи сиёсии сатҳи олӣ баён кардааст.
"Тоҷикистон ҳамеша ҷонибдори тавсеаи рӯзафзуни робитаҳои гуногунарсаи ду кишвар дар рӯҳияи ҳусни тафоҳум, ҳамёрӣ, эҳтиром ва эътимоди байниҳамдигарӣ мебошад", - таъкид кардааст Раҳмон.
Манбаъ афзуд, ҷонибҳо ҳамчунин ҳамкорӣ дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодиву тиҷоратӣ, фарҳангиву башарӣ, амниятӣ ва дигар арсаҳои мавриди манфиати тарафайнро баррасӣ намудаанд.
Дар масоили амниятӣ Эмомалӣ Раҳмон ва Хоманаӣ аз таҳкими ҳамкории кишварҳо дар мубориза бар зидди терроризм, ифротгароӣ, қочоқи силоҳ ва маводи мухаддир, ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ ва вазъи Афғонистон гуфтаанд.
Ҷонибҳо инчунин аз ҳамкориҳои судманди ду кишвар дар ҷаҳорчӯби созмонҳои минтақаӣ ва байналмилалӣ изҳори қаноатмандӣ карданд.
"Ҳимояти Тоҷикистон аз узвияти комили Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Созмони Ҳамкории Шанхай далели боризи робитаҳои судманди дуҷонибаи ду кишвар дар арсаи байналмилалӣ арзёбӣ гардид", - омадааст дар иттилоия.
Сафари расмии Эмомалӣ Раҳмон дар садри як ҳайати воломақом феълан дар Эрон идома дорад.