"Шаъну шарафро паст зад": президент се судяро барканор кард

© Sputnik / Вероника Антонова-ТризноПодписание договора, архивное фото
Подписание договора, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.05.2022
Обуна шудан
Президенти Тоҷикистон бинобар кирдори номувофиқ ба шаъну эътибори додрас ду нафар аз додрасҳо дар Суғд ва якеро дар пойтахт аз ҳаққи қазоват маҳрум кард
ДУШАНБЕ, 30 май — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо содир кардани фармоне се додрасро аз мақомҳояшон барканор кард, хабар медиҳад дафтари матбуотии президенти Тоҷикистон.
Дар фармони президенти кишвар гуфта мешавад, ки раиси суд ва судяи шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд барои паст задани шаъну эътибори судя аз мақомашон барканор шуданд.
Ҳамзамон бо ин кирдор Эмомалӣ Раҳмон суди ноҳияи Синои пойтахтро низ барканор кард.
"Муҳаммадзода Ҳомидҷон Бобоҷон аз вазифаи раиси суди шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд,
Маҳмадсаидзода Рустам Маҳмадсаид аз вазифаи судяи суди шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд, Раҳимзода Раҳмиддин Мирзокарим аз вазифаи судяи суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бинобар содир намудани кирдоре, ки шаъну эътибори судяро паст мезанад, озод карда шаванд", - омадааст дар фармони президент.
Бинои додгоҳи шаҳри Хуҷанд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.05.2022
Парванда алайҳи раиси додгоҳи Хуҷанд ва додрасу адвокат: ба “порагирӣ” гумонбаранд
Ҳамзамон раисҷумҳур фармон додааст, ки ваколати судяи суди ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон Қосимзода Раҳмат Маҳмуд бинобар вафоташ қатъ карда шавад.
Ёдовар мешавем, ки раиси додгоҳи шаҳри Хуҷандро бо иттиҳоми гирифтани пора ва даст задан ба кирдори ба ин монанд муттаҳам мекарданд.
Қаблан як манбаъ аз додгоҳи Хуҷанд дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, Ожонси мубориза бо фасод нисбати Муҳаммадзода Ҳомидҷон Бобоҷон, раиси додгоҳи шаҳри Хуҷанд, додрас Маҳмадсаидзода Рустам Маҳмадсаид ва инчунин як вакили дифоъ парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.
Гуфта мешавад, парвандаи ҷиноӣ алайҳи боздоштшудаҳо бо моддаи 319, қисми 3 (гирифтани пора) ва нисбати Шаҳидҷон Ҳоҷибоев бо моддаҳои 36, қисми 5 (шарикони ҷиноят), 319, қисми 3 (гирифтани пора) ва 247, қисми 4, банди “б” (қаллобӣ ба миқдори калон) боз шуда, зимнан тафтиши қазия ҷараён дорад.
Лентаи хабарҳо
0