Парванда алайҳи раиси додгоҳи Хуҷанд ва додрасу адвокат: ба “порагирӣ” гумонбаранд

© Sputnik Бинои додгоҳи шаҳри Хуҷанд
Бинои додгоҳи шаҳри Хуҷанд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.05.2022
Обуна шудан
Мақомот раиси додгоҳи шаҳри Хуҷандро бо иттиҳоми гирифтани пора ва даст задан ба қаллобӣ бо ду тани дигар дастгир кардаанд
ДУШАНБЕ, 24 май – Sputnik. Ожонси мубориза бо фасод нисбати раиси додгоҳи шаҳри Хуҷанд ва як додрасу вакили дифоъ парвандаи ҷиноӣ ифтитоҳ намудааст.
Бар пояи иттилои манобеъ, парванда алайҳи Муҳаммадзода Ҳомидҷон Бобоҷон, раиси додгоҳи Хуҷанд, Маҳмадсаидзода Рустам Муҳаммадсаид, додрас ва Шаҳидҷон Ҳоҷибоев, вакили дифоъ дар оғози моҳи май боз шудааст.
Як манбаъ аз додгоҳи Хуҷанд дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, беш аз се ҳафта аст, ки Муҳаммадзода ва Маҳмадсаидзода дар ҷойи кор нестанд.
“Ба онҳо чӣ шудааст ва ҳоло дар куҷо қарор доранд, барои мо номаълум аст”, - гуфт корманди додгоҳ.
Портфель, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.05.2022
Боздошти нозири андоз барои порагирӣ аз соҳибкоре, ки хостаст, фаъолиятро қатъ кунад
Дар ҳамин ҳол як манбаъ аз Иттифоқи адвокатҳои Тоҷикистон иброз намуд, ки ба ҳисоби раиси додгоҳ ва додрас нисбати Шаҳидҷон Ҳоҷибоев, адвокати маслиҳатгоҳи ҳуқуқии "Дифоъ"-и Хуҷанд низ парванда боз шудааст.
“Ҳамин қадар маълум аст, ки ҳоло ӯ дар боздоштгоҳи Ожонси зиддифасод дар шаҳри Душанбе аст”, – гуфт манбаъ.
Чанде қабл масъулони идораи мубориза бо фасод сабабҳои боз шудани парванда алайҳи ин се нафарро эълон карда буданд.
Бино ба иттилои ин ниҳод, парвандаи ҷиноӣ алайҳи боздоштшудаҳо бо моддаи 319, қисми 3 (гирифтани пора) ва нисбати Шаҳидҷон Ҳоҷибоев бо моддаҳои 36, қисми 5 (шарикони ҷиноят), 319, қисми 3 (гирифтани пора) ва 247, қисми 4, банди “б” (қаллобӣ ба миқдори калон) боз шуда, зимнан тафтиши он ҷараён дорад.
Лентаи хабарҳо
0