Ҳимояти парлумон аз тағйирот дар сохтори Агентии зидди коррупсияи Тоҷикистон

© Дафтари матбуоти Маҷлиси миллии ТоҷикистонРустами Эмомалӣ ва Раҷаббой Аҳмадзода дар Маҷлиси миллии Тоҷикистон
Рустами Эмомалӣ ва Раҷаббой Аҳмадзода дар Маҷлиси миллии Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.05.2022
Обуна шудан
Интизор меравад, ки дар пайи таҷдиди сохтор ва бартараф намудани бархе монеаҳо шаффофияти бештари фаъолияти мақомоти зидди фасод таъмин гардад
ДУШАНБЕ, 30 май — Sputnik. Маҷлиси миллӣ тағйирот ба Қонун "Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон"-ро тасвиб кард.
Дар ин бора дафтари матбуотии Маҷлиси миллии Тоҷикистон хабар дода афзуд, ки аъзои палатаи болоии парлумон таҳти раёсати Рустами Эмомалӣ тағйироти мазкурро баррасӣ ва ҷонибдорӣ карданд.
Дар доираи татбиқи тағйирот интизор меравад, ки аз сохтори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон се сарраёсат берун карда шаванд.
Суҳроб Сафарзода, муовини якуми мудири агентӣ қаблан зимни шарҳи ин тағйирот гуфта буд, ин иқдом бо мақсади таҷдиди сохтор ва бартараф намудани монеаҳо дар татбиқи шаффофи фаъолияти мақомот роҳандозӣ гардидааст.
Ба гуфтаи ӯ, феълан мақомот аз се сарраёсат, аз ҷумла назорати давлатии молиявӣ, муқовимат ба коррупсия, мубориза бо ҷиноятҳои коррупсионӣ ва иқтисодии хусусияти коррупсионидошта иборат мебошад.
Подписание договора, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.05.2022
"Шаъну шарафро паст зад": президент се судяро барканор кард
Сафарзода тавзеҳ дод, ки сардорони сарраёсатҳо бо ризояти президенти Тоҷикистон аз тарафи директори агентӣ ба вазифа таъйину озод карда мешаванду фаъолияти раёсату шуъбаҳои сарраёсатҳоро роҳбарӣ ва назорат мебаранд.
Дар зимн ӯ хотиррасон намуд, ки директори агентӣ низ муовини якум ва 2 муовини дигар дорад, ки самтҳои муайянеро бевосита роҳбарӣ, назорат ва сарпарастӣ мекунанд, ки ҳамин функсияҳоро сардорони сарраёсатҳо такрор менамоянд.
"Аз ин рӯ бо мақсади бартараф намудани такроршавии функсияҳо ба мақсад мувофиқ шуморида шуд, ки аз матни қонуни номбурда калимаҳои "сарраёсатҳо" хориҷ карда шуда, фаъолияти раёсату шуъбаҳо аз рӯйи самтҳо мустақилона зери сарпарастии муовинони соҳавӣ вогузор карда шавад", - афзуд ӯ.
Сафарзода гуфт, масъалаи мазкур бо президенти Тоҷикистон мувофиқа шудааст. Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон низ дар ҷаласаи охираш аз ин тағйирот ҷонибдорӣ намуд.
Интизор меравад, ки дар пайи имзои қонун аз сӯйи раисҷумҳур ва нашр дар матбуоти расмӣ он мавриди амал қарор мегирад.
Лентаи хабарҳо
0