Нуҳ варзишгари тоҷик ба Қазоқистон меравад

© Sputnik / Стас ЭтвешПразднование Навруза в Москве на стадионе "Лужники"
Празднование Навруза в Москве на стадионе Лужники - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.05.2022
Обуна шудан
Дар мусобиқаи Ҷоми Болат Турлихонов ҳамагӣ 275 варзишгар аз понздаҳ давлат иштирок мекунанд, ки нуҳ нафарашонро варзишгарони тоҷик ташкил медиҳанд
ДУШАНБЕ, 30 май — Sputnik. Дар Қазоқистон мусобиқаи рейтингии Ҷоми Болат Турлихонов баргузор мегардад.
Ба иттилои Федератсияи куштии Тоҷикистон, ин мусобиқа аз 2 то 5 июни соли равон дар шаҳри Алмаато сурат мегирад.
Манбаъ меафзояд, Тоҷикистонро дар мусобиқа нуҳ варзишгар намояндагӣ мекунанд, ки панҷ нафар дар намуди куштии юнонӣ-румӣ ва чор нафари дигар дар намуди куштии тарзи озод ба майдон мебароянд.
Ҷамъан дар Ҷоми Турлихонов дар Алмаато аз понздаҳ давлат 275 варзишгар ҷамъ меоянд ва миёни ҳам рақобат хоҳанд кард.
Соревнования по дзюдо в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.05.2022
Тоҷикистон ба мусобиқаи “Tbilisi Grand Slam” нуҳ паҳлавон мефиристад: киҳо мераванд?
Маврид ба зикр аст, ки аз 3 то 5 июни соли равон дар шаҳри Тифилиси Гурҷистон "Тоскулоҳи бузурги Тифлис -2022" баргузор мешавад. Дар ин мусобиқаи байналмилалӣ Тоҷикистонро 9 паҳлавонони шинохтаи ҷумҳурӣ намояндагӣ хоҳанд кард.
Ба иттилои Федератсияи дзюдо, ҷумҳуриро дар ин сабқат Нуралӣ Эмомалӣ, Шаҳбоз Саидаброров, Маҳмадшариф Наҷмуддинов, Муҳаммадраҳим Сарахонов, Шодмон Ризоев, Муҳаммадҷон Абдуҷалилов, Кароматулло Ҳакимов, Мансур Раҳмон ва Абубакри Акобир намояндагӣ менамоянд.
Ҳамчунин дар ин мусобиқа иштироки 304 варзишгар, аз ҷумла 190 мард ва 114 зан аз 39 кишвари ҷаҳон дар назар аст.
Лентаи хабарҳо
0