Тоҷикистон ба мусобиқаи “Tbilisi Grand Slam” нуҳ паҳлавон мефиристад: киҳо мераванд?

© Sputnik / Амир ИсаевСоревнования по дзюдо в Таджикистане
Соревнования по дзюдо в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.05.2022
Обуна шудан
Тоҷикистонро соли ҷорӣ дар "Тоскулоҳи бузурги Тифлис -2022" нуҳ паҳлавон намояндагӣ мекунад. Соли қаблӣ дар ин мусобиқа кишвар танҳо ду намоянда дошт
ДУШАНБЕ, 28 май - Sputnik. Дар Гурҷистон мусобиқаи байналмилалӣ гуштини дзюдо таҳти унвони "Тоскулоҳи бузурги Тифлис -2022" ва ё “Tbilisi Grand Slam” баргузор мегардад.
Бино бар иттилои Федератсияи дзюдои Тоҷикистон мусобиқаи мазкур дар шаҳри Тифлиси аз санаи 3 то 5 июни соли равон баргузор хоҳад шуд.
Дар ин мусобиқаи байналмилалӣ Тоҷикистонро 9 паҳлавонони шинохтаи ҷумҳурӣ намояндагӣ хоҳанд кард.
Ба иттилои манбаъ, ҷумҳуриро дар ин сабқат Нуралӣ Эмомалӣ, Шаҳбоз Саидаброров (ҳарду дар вазни то 66 кг), Маҳмадшариф Наҷмуддинов, Муҳаммадраҳим Сарахонов (ҳарду дар вазни то 73 кг), Шодмон Ризоев, Муҳаммадҷон Абдуҷалилов (ҳарду дар вазни то 81 кг), Кароматулло Ҳакимов (дар вазни то 90 кг), Мансур Раҳмон ва Абубакри Акобир (ҳарду дар вазни то 100 кг) намояндагӣ менамоянд.
Тибқи иттилои Федератсияи ҷудои Тоҷикистон ҳамчунин дар ин мусобиқа иштироки 304 варзишгар аз ҷумла, 190 мард ва 114 зан аз 39 кишвари ҷаҳон дар назар аст.
Соревнования по дзюдо в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.05.2022
Ҷудокори навраси тоҷик дар Алмаато соҳиби Ҷоми Осиё шуд
Дар рӯзи аввали мусобиқа рақобатҳо дар вазнҳои – 60кг, -66кг. миёни мардон ва -48кг, -52кг, -57кг миёни занон баргузор мешавад.
Дар рӯзи дуюм паҳлавонони вазнҳои -73кг, -81кг миёни мардон ва -63кг, -70кг миёни бонувон рақобат хоҳанд кард. Мусобиқа 5 июн март бо қувваозмоиҳои вазнҳои -90кг, -100кг, +100кг миёни мардон ва -78кг, +78кг миёни бонувон ба поён мерасад.
Қобили зикр аст, ки иштирокчиёни мусобиқа имкони касби имтиёзҳои олимпиро доранд. Барои мақоми аввал — 1000 имтиёз, дуюм — 700 имтиёз ва сеюм — 500 имтиёз дода мешавад. Инчунин беҳтаринҳои мусобиқа бо ҷоизаҳои молӣ сарфароз гардонида мешаванд. Дар ҳар як вазн ба ғолиби ҷойи якум 5000 доллар, ҷойи дуюм — 3000 доллар ва барои ҷойҳои сеюм 1500-долларӣ тақдим карда мешавад.
Маврид ба зикр аст, ки дар даври қаблии ин мусобиқа танду ду паҳлавони шинохтаи тоҷик – Шаҳбоз Саидаброров ва Комроншоҳи Устопириён ширкат доштанд, ки танҳо аввалӣ соҳиби медали биринҷӣ гардид
Лентаи хабарҳо
0