Назарбоев алайҳи хешовандонаш тунд сухан гуфт: Агар гунаҳгор бошанд, бояд ҷазо гиранд

© Sputnik / Сергей Гунеев / Гузариш ба медиабонкПервый президент Республики Казахстан Нурсултан Назарбаев
Первый президент Республики Казахстан Нурсултан Назарбаев  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.05.2022
Обуна шудан
Президенти собиқ дар мусоҳибаи нав бо сиёсатшиносе гуфт, ки аъзои хонаводааш дар сурати гунаҳкор будан бояд дар назди қонуни Қазоқистон ҷавоб диҳанд
ДУШАНБЕ, 30 май — Sputnik. Раисҷумҳури нахустини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев дар бораи рӯйдодҳои ахири кишвар, аз ислоҳот то Қонуни асосӣ ва ҷанҷол бо хешовандонаш изҳори назар кард.
Вай мавқеи худро дар мусоҳиба бо сиёсатшиноси маъруфи қазоқ Дониёр Ашимбоев иброз дошт.
"Агар касе аз хешовандони ман аз номи ман истифода карда, дар паси қонун пинҳон шуда бошад, бояд ба ҷавобгарӣ кашида шавад", - гуфт Назарбоев.
Аввалин президент таъкид кард, ки Қазоқистон солҳост, давлати ҳуқуқбунёд бунёд мекунад ва принсипи асосии он қонун аст, ки барои ҳама яксон аст. Аммо дар баробари ин Назарбоев афзуд, ки гуноҳи шахс бояд дар додгоҳ собит шавад.
"Мо набояд фаромӯш кунем, ки ҳар як шаҳрванд ҳақ дорад, ҳуқуқи худро ҳимоя кунад", - гуфт ӯ.
Илова бар ин раисиҷумҳури аввали Қазоқистон гуфтааст, ки дар ҳамапурсии қарибулвуқуъ дар ин кишвар, ки рӯзи 5 июн баргузор мешавад, аз ислоҳи Қонуни Асосӣ ҳимоят мекунад.
Первый президент Республики Казахстан Нурсултан Назарбаев  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.05.2022
Хоҳари Назарбоев аз Қазоқистон миллионҳо қарздор аст
"Ман ҳамеша аз Тоқаев пуштибонӣ мекардам, ​​ин дафъа ҳам ҷонибдорӣ мекунам. Ман ба раъйпурсӣ омада, овоз хоҳам дод", - гуфт ӯ.
Ба гуфтаи ӯ, муддати тӯлонӣ ӯ баъзе салоҳиятҳоро дошт, аммо ин барои интиқоли қудрат ва рафъи ихтилофоти эҳтимолӣ сурат гирифтааст.
Назарбоев таъкид кард, муҳим нест, ки сиёсатмадор пас аз истеъфо чӣ кор мекунад.
"Сиёсатмадорон меоянду мераванд, аммо мардум ва кишвар боқӣ мемонанд", - хулоса кард президенти нахустини Қазоқистон.
Ёдовар мешавем, ки тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Қазоқистон ба хотири муттаҳидсозии гузариши ниҳоии як шакли ҳукумат ба ҷумҳурии президентӣ бо парлумони бонуфуз ва ҳукумати ҳисоботдиҳанда пешбинӣ шудааст.
Тибқи ин тағйирот, ваколатҳои зиёди президент, иштироки сарвари давлат дар ташкили палатаи болоии парлумон коҳиш ёфта, таъсир ба мақомоти намояндагӣ ва иҷроияи маҳаллӣ маҳдуд мешавад.
Лентаи хабарҳо
0