https://sputnik.tj/20220503/khohar-nazarboev-qazoqiston-qarzdor-1048152220.html
Хоҳари Назарбоев аз Қазоқистон миллионҳо қарздор аст
Хоҳари Назарбоев аз Қазоқистон миллионҳо қарздор аст
Sputnik Тоҷикистон
Дар ширкати Анипа Назарбоева моли декларатсиянашуда ба маблағи қариб 650 ҳазор доллар ёфт шуд: директори ин ширкат алакай боздошт шудааст
2022-05-03T16:33+0500
2022-05-03T16:33+0500
2022-05-04T20:59+0500
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
қазоқистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/04/19/1047927084_0:0:3074:1730_1920x0_80_0_0_8ea7b02c697b54f4a1b7b90060e957ae.jpg
ДУШАНБЕ, 3 май — Sputnik. Хоҳари президенти нахустини Қазоқистон Анипа Назарбоева дар қочоқ даст дорад. Дар ин бора дар дафтари матбуотии Додситонии кулли ин кишвар хабар медиҳад.Ҳангоми бозрасии бори ширкати "Group Of The Companies Tda", ки ба Назарбоева тааллуқ дорад, ба маблағи 287 миллион танга (645 ҳазор доллар) моли декларатсиянашуда ошкор шудааст. Директори ширкат боздошт шуда, кормандони ҳифзи ҳуқуқ тафтишоти пешакиро идома медиҳанд. Тибқи феҳристи давлатӣ, муассисони "Group Of The Companies Tda LLP" Назарбоева ва Алӣ Клишпаев мебошанд. Ин қонуншиканӣ дар ҷараёни як рейди густурда дар хадамоти гумруки Қазоқистон ошкор шудааст. Фақат дар посгоҳҳои гумрукии ҳаммарз бо Чин 367 ҳолати ҳуҷҷатгузории бардурӯғи мол ошкор шудааст, афзуд вазорат. Қаблан маълум шуд, ки бародарзодаи раисиҷумҳури собиқи кишвар Ербол Назарбоев пас аз интишори видеои баҳсбарангез дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти мубориза бо фасод барканор шуд. Дар навор марде дида мешавад, ки ба Ербол Назарбоев шабоҳат дорад, ки пулис ӯро дар мошини сиёҳшиша боздошт кардааст. Далелҳои дигар кирдорҳои ғайриқонунии шахсони мансабдор низ қайд карда шуданд. Масалан, сардори пости гумруки "Нур-жолӣ" ва муовини ӯ барои додани ришва ба як корманди додситонӣ, боздошт шудаанд.Вазорати адлия гуфт, алайҳи Назарбоев ва оилаи ӯ эҳтимол тафтишот оғоз шавадИлова бар ин, намояндаи ТОО Cargo Management ба ҳабс гирифта шудааст. Ӯ барои додани ришва ба нозирон ба маблағи 30 000 доллар боздошт шудааст.
https://sputnik.tj/20220315/jiyan-nazarboev-bozdosht-1046805179.html
қазоқистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/04/19/1047927084_183:0:2914:2048_1920x0_80_0_0_383026019944490919713de747bf1121.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
қарздорӣ, назарбоев, ҳукумат, қазоқистон
қарздорӣ, назарбоев, ҳукумат, қазоқистон
Хоҳари Назарбоев аз Қазоқистон миллионҳо қарздор аст
16:33 03.05.2022 (Навсозишуда: 20:59 04.05.2022) Дар ширкати Анипа Назарбоева моли декларатсиянашуда ба маблағи қариб 650 ҳазор доллар ёфт шуд: директори ин ширкат аллакай боздошт шудааст
ДУШАНБЕ, 3 май — Sputnik. Хоҳари президенти нахустини Қазоқистон Анипа Назарбоева дар қочоқ даст дорад. Дар ин бора дар дафтари матбуотии Додситонии кулли ин кишвар хабар медиҳад.
Ҳангоми бозрасии бори ширкати "Group Of The Companies Tda", ки ба Назарбоева тааллуқ дорад, ба маблағи 287 миллион танга (645 ҳазор доллар) моли декларатсиянашуда ошкор шудааст.
Директори ширкат боздошт шуда, кормандони ҳифзи ҳуқуқ тафтишоти пешакиро идома медиҳанд.
Тибқи феҳристи давлатӣ, муассисони "Group Of The Companies Tda LLP" Назарбоева ва Алӣ Клишпаев мебошанд. Ин қонуншиканӣ дар ҷараёни як рейди густурда дар хадамоти гумруки Қазоқистон ошкор шудааст.
"Дар давоми як моҳи санҷиш 16 далели қонуншиканӣ ба маблағи 800 миллион танга (1,8 миллион доллар) муайян карда шуд", - қайд карданд дар Додситонии кулли Қазоқистон.
Фақат дар посгоҳҳои гумрукии ҳаммарз бо Чин 367 ҳолати ҳуҷҷатгузории бардурӯғи мол ошкор шудааст, афзуд вазорат.
Қаблан маълум шуд, ки бародарзодаи раисиҷумҳури собиқи кишвар Ербол Назарбоев пас аз интишори видеои баҳсбарангез дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти мубориза бо фасод барканор шуд.
Дар навор марде дида мешавад, ки ба Ербол Назарбоев шабоҳат дорад, ки пулис ӯро дар мошини сиёҳшиша боздошт кардааст.
Далелҳои дигар кирдорҳои ғайриқонунии шахсони мансабдор низ қайд карда шуданд.
Масалан, сардори пости гумруки "Нур-жолӣ" ва муовини ӯ барои додани ришва ба як корманди додситонӣ, боздошт шудаанд.
Илова бар ин, намояндаи ТОО Cargo Management ба ҳабс гирифта шудааст.
Ӯ барои додани ришва ба нозирон ба маблағи 30 000 доллар боздошт шудааст.