https://sputnik.tj/20220530/maqom-navi-dodras-bozkhondshuda-tojikiston-1048805441.html
Се додраси додгоҳи олии Тоҷикистон бозхонд шуданд
Се додраси додгоҳи олии Тоҷикистон бозхонд шуданд
Sputnik Тоҷикистон
Маҷлиси миллии Тоҷикистон додрасҳоеро бо пешниҳоди президент аз Додгоҳи олии ҷумҳурӣ бозхонд карда, машваратчиёни судиро интихоб намудаст
2022-05-30T19:15+0500
2022-05-30T19:15+0500
2022-05-31T11:24+0500
дар тоҷикистон
тағйирот
сиёсат
таъйин
бозхонд
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/05/1e/1048797085_0:40:769:472_1920x0_80_0_0_0a6bd15b401230d36c6f314db557b834.jpg
ДУШАНБЕ, 30 май — Sputnik. Се додрас аз вазифаи судяи Суди Олии Тоҷикистон бозхонд карда шуданд, хабар дод дафтари матбуотии палатаи болоии парлумони ҷумҳурӣ. Ба иттилои манбаъ, пешниҳод дар бораи бозхонди Гулнора Вазирзода, Исроил Мирзозода ва Бобокалон Муродзодаро президенти Тоҷикистон ба парлумон ироа намуд. Далели бозхондашон аз вазифаи додрасии Додгоҳи олиии Тоҷикистон расидан ба синни ниҳоии дар вазифаи судя будан арзёбӣ шудааст. Қаблан додрасҳои мазкур парвандаҳои пурсарусадо дар Додгоҳи Олии Тоҷикистонро раисӣ мекарданд. Аз ҷумла Исроил Мирзода, собиқ додраси шаҳри Ҳисор мебошад, ки аз моҳи феврали соли 2017 дар мақоми додраси Додгоҳи Олиии Тоҷикистон фаъолият дошт.Дафтари матбуоти Маҷлиси миллӣ афзуд, ки ҳамчунин дар ҷаласаи палатаи болоӣ машваратчиёни халқии Суди олии Тоҷикистон интихоб карда шуданд. Додрасҳои сатҳи гуногун дар Тоҷикистон аз сӯйи президент таъйин мегарданд. Таъйину бозхонди додрасҳои додгоҳҳои олӣ бо пешниҳоди раисҷумҳуру тасдиқи палатаи болоии парлумон сурат мегирад. Қаблан Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо кадрҳои навтаъйин дар мақомоти додгоҳӣ, аз ҷумла онҳоро ба хидмати софдилона даъват намуда буд. Раисҷумҳур додрасҳоеро, ки ба аъмоли ғайриқонунӣ даст мезананд, аз мақом барканор мекунад. Аз ҷумла ахиран раисҷумҳури Тоҷикистон раиси суд ва судяи шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд, суди ноҳияи Синои пойтахтро барои паст задани шаъну эътибори судя аз мақомашон барканор кард.
https://sputnik.tj/20220530/prezident-sudya-barkanor-1048804797.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/05/1e/1048797085_42:0:725:512_1920x0_80_0_0_f4a92e862981bc2c88a554f55dcd0d30.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
бозхонд, таъйин, додрас, тоҷикистон, додгоҳ
бозхонд, таъйин, додрас, тоҷикистон, додгоҳ
Се додраси додгоҳи олии Тоҷикистон бозхонд шуданд
19:15 30.05.2022 (Навсозишуда: 11:24 31.05.2022) Маҷлиси миллии Тоҷикистон додрасҳоеро бо пешниҳоди президент аз Додгоҳи олии ҷумҳурӣ бозхонд карда, машваратчиёни судиро интихоб намудаст
ДУШАНБЕ, 30 май — Sputnik. Се додрас аз вазифаи судяи Суди Олии Тоҷикистон бозхонд карда шуданд, хабар дод дафтари матбуотии палатаи болоии парлумони ҷумҳурӣ.
Ба иттилои манбаъ, пешниҳод дар бораи бозхонди Гулнора Вазирзода, Исроил Мирзозода ва Бобокалон Муродзодаро президенти Тоҷикистон ба парлумон ироа намуд. Далели бозхондашон аз вазифаи додрасии Додгоҳи олиии Тоҷикистон расидан ба синни ниҳоии дар вазифаи судя будан арзёбӣ шудааст.
Қаблан додрасҳои мазкур парвандаҳои пурсарусадо дар Додгоҳи Олии Тоҷикистонро раисӣ мекарданд. Аз ҷумла Исроил Мирзода, собиқ додраси шаҳри Ҳисор мебошад, ки аз моҳи феврали соли 2017 дар мақоми додраси Додгоҳи Олиии Тоҷикистон фаъолият дошт.
Дафтари матбуоти Маҷлиси миллӣ афзуд, ки ҳамчунин дар ҷаласаи палатаи болоӣ машваратчиёни халқии Суди олии Тоҷикистон интихоб карда шуданд.
Додрасҳои сатҳи гуногун дар Тоҷикистон аз сӯйи президент таъйин мегарданд. Таъйину бозхонди додрасҳои додгоҳҳои олӣ бо пешниҳоди раисҷумҳуру тасдиқи палатаи болоии парлумон сурат мегирад.
Қаблан Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо кадрҳои навтаъйин дар мақомоти додгоҳӣ, аз ҷумла онҳоро ба хидмати софдилона даъват намуда буд.
Раисҷумҳур додрасҳоеро, ки ба аъмоли ғайриқонунӣ даст мезананд, аз мақом барканор мекунад. Аз ҷумла ахиран раисҷумҳури Тоҷикистон раиси суд ва судяи шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд, суди ноҳияи Синои пойтахтро барои паст задани шаъну эътибори судя аз мақомашон барканор кард.