https://sputnik.tj/20220530/lavrov-ovozaho-marizi-putin-sharh-dod-1048794939.html
Лавров овозаҳои маризии Путинро шарҳ дод
Лавров овозаҳои маризии Путинро шарҳ дод
Sputnik Тоҷикистон
Вазири умури хориҷии Русия онҳоеро, ки дар бораи "бемории" президенти ин кишвар овозаҳо паҳн мекунанд, девона хонд
2022-05-30T13:40+0500
2022-05-30T13:40+0500
2022-05-30T16:39+0500
дар русия
сергей лавров
владимир путин
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/05/1b/1048747481_0:0:3072:1728_1920x0_80_0_0_df3228315ff28ae4dba0b3668ce0355f.jpg
ДУШАНБЕ, 30 май — Sputnik. Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия сарусадоҳоеро, ки дар Аврупо дар бораи бемории эҳтимолии Владимир Путин пайдо мешаванд, шарҳ дод менависад РИА "Новости". Ба гуфтаи вазир, афроди солимфикр дар пайи баромадҳои ҳамарӯзаи раисҷумҳури Русия, ба гумон аст, ки дар ӯ нишонаҳои бемориро мушоҳида кунанд.Дипломати рус ин ҳарфҳоро дар мусоҳиба бо телевизиони фаронсавии TF1 изҳор дошт.Ӯ илова намуд, паҳн кардани чунин овозаҳоро ба виҷдони онҳое мегузорад, ки ҳамоно ба кори худ, дурӯғпароканӣ идома медиҳанд.Дар пасманзари муваффақияти Русия дар амалиёти вижа дар Украина, расонаҳои ғарбӣ кӯшиш карданд, ки дар байни русҳо ваҳшат афкананд. Онҳо овозаҳое паҳн намуданд, ки гӯё Владимир путин ба бемории марговар мубталост. Дар ҳоле ки кишвардори Русия ҳамарӯза бо мақомдорону русу хориҷ ва ҳамчунин бо мардум дар тамос аст.
https://sputnik.tj/20220529/suhbati-telefonii-putin-vuchich-1048782398.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/05/1b/1048747481_204:0:2935:2048_1920x0_80_0_0_13103e5aa5b1264b5e05f58cff03e8b3.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
путин лавров беморӣ
Лавров овозаҳои маризии Путинро шарҳ дод
13:40 30.05.2022 (Навсозишуда: 16:39 30.05.2022) Вазири умури хориҷии Русия онҳоеро, ки дар бораи "беморӣ"-и президенти ин кишвар овозаҳоро паҳн мекунанд, девона хонд
ДУШАНБЕ, 30 май — Sputnik. Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия сарусадоҳоеро, ки дар Аврупо дар бораи бемории эҳтимолии Владимир Путин пайдо мешаванд, шарҳ дод менависад РИА "Новости".
Ба гуфтаи вазир, афроди солимфикр дар пайи баромадҳои ҳамарӯзаи раисҷумҳури Русия, ба гумон аст, ки дар ӯ нишонаҳои бемориро мушоҳида кунанд.
"Президент Путин ҳамарӯза дар назди мардум пайдо мешавад. Шумо метавонед ӯро дар экран тамошо кунед, суханрониҳояшро бихонед ва гӯш кунед. Фикр намекунам, ки афроди солимфикр дар ин шахс нишонаҳои ягон бемориро бубинанд", - гуфт Лавров.
Дипломати рус ин ҳарфҳоро дар мусоҳиба бо телевизиони фаронсавии TF1 изҳор дошт.
Ӯ илова намуд, паҳн кардани чунин овозаҳоро ба виҷдони онҳое мегузорад, ки ҳамоно ба кори худ, дурӯғпароканӣ идома медиҳанд.
Дар пасманзари муваффақияти Русия дар амалиёти вижа дар Украина, расонаҳои ғарбӣ кӯшиш карданд, ки дар байни русҳо ваҳшат афкананд.
Онҳо овозаҳое паҳн намуданд, ки гӯё Владимир путин ба бемории марговар мубталост. Дар ҳоле ки кишвардори Русия ҳамарӯза бо мақомдорону русу хориҷ ва ҳамчунин бо мардум дар тамос аст.