https://sputnik.tj/20220529/suhbati-telefonii-putin-vuchich-1048782398.html
Путин ва Вучич дар мавриди газ созиш карданд
Путин ва Вучич дар мавриди газ созиш карданд
Sputnik Тоҷикистон
Роҳбарони давлатҳо созиш кардаанд, ки нархи газ барои Сербистон аз арзиши бозорӣ ба маротиб паст хоҳад буд ва таъкид ба таҳкими ҳамкорӣ намудаанд
2022-05-29T18:00+0500
2022-05-29T18:00+0500
2022-05-29T18:00+0500
маскав
ҳамкорӣ
сербистон
владимир путин
суҳбати телефонӣ
газ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/05/1c/1048772597_0:69:3073:1797_1920x0_80_0_0_2090a9bb7e2098453ad8875d08996cb7.jpg
ДУШАНБЕ, 29 май — Sputnik. Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин бо ҳамтои сербаш Александр Вучич вазъи Украина ва таҳаввулоти атрофи Косоворо баррасӣ кард, хабар медиҳад хадамоти матбуоти Кремл.Ба иттилои манбаъ, яке аз масъалаҳое, ки сарони давлатҳо матраҳ карданд, таъмини газ буд. "Аз ҷумла мувофиқа шуд, ки Русия интиқоли гази табиӣ ба Сербистонро идома медиҳад", - омадааст дар иттилоия.Путин ва Вучич майли Русия ва Сербистонро барои таҳкими шарикии стратегӣ бар пояи равобити наздики анъанавии мардуми ду кишвар тасдиқ карданд.Раисиҷумҳури Сербистон дар пайи сӯҳбати телефонӣ бо Владимир Путин гуфт, созиш расиданд, ки қимати газ барои Сербистон аз Федератсияи Русия ба маротиб камтар аз нархи миёнаи бозор хоҳад буд. Ӯ изҳор доштааст, тақрибан нархи газ барои Сербистон ҳудуди се баробар арзонтар хоҳад буд. Кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо дар пайи Маҷористон ба талаботи Маскав дар мавриди пардохти пули газ бо рубл розӣ шуда истодаанд, хабар дод ахиран Bloomberg.Владимир Путин рӯзи 23 март дар бораи гузариши пардохти ҳақи газ ба рубл бо ИА ва дигар давлатҳое, ки алайҳи ФР таҳрим ҷорӣ кардаанд, дастур дода буд. Фармони дахлдорро сарвари давлат рӯзи 31 март ба имзо расонд.То ҳол ба далели саркашӣ аз иҷрои ин талабот, ширкати русии "Газпром" интиқоли маводи сӯхт ба Финландия, Лаҳистон ва Булғористонро қатъ кард.
https://sputnik.tj/20220322/glazev-ittihodi-avrupo-az-nafti-rusiya-dast-namekashad-1046992488.html
маскав
сербистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/05/1c/1048772597_167:0:2898:2048_1920x0_80_0_0_93d8d7bcdf78f436389e33e950f7eeab.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
суҳбат, телефонӣ, президент, русия, сербистон
суҳбат, телефонӣ, президент, русия, сербистон
Путин ва Вучич дар мавриди газ созиш карданд
Роҳбарони давлатҳо созиш кардаанд, ки нархи газ барои Сербистон аз арзиши бозорӣ ба маротиб паст хоҳад буд ва таъкид ба таҳкими ҳамкорӣ намудаанд
ДУШАНБЕ, 29 май — Sputnik. Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин бо ҳамтои сербаш Александр Вучич вазъи Украина ва таҳаввулоти атрофи Косоворо баррасӣ кард, хабар медиҳад хадамоти матбуоти Кремл.
"Мубодилаи афкор аз рӯи як қатор мавзӯъҳои байналмилалӣ - авзоъ дар Украина ва рушди рӯйдодҳои атрофи Косово идома ёфт", - хабар дод дафтари матбуоти раисҷумҳури Русия.
Ба иттилои манбаъ, яке аз масъалаҳое, ки сарони давлатҳо матраҳ карданд, таъмини газ буд.
"Аз ҷумла мувофиқа шуд, ки Русия интиқоли гази табиӣ ба Сербистонро идома медиҳад", - омадааст дар иттилоия.
Путин ва Вучич майли Русия ва Сербистонро барои таҳкими шарикии стратегӣ бар пояи равобити наздики анъанавии мардуми ду кишвар тасдиқ карданд.
Раисиҷумҳури Сербистон дар пайи сӯҳбати телефонӣ бо Владимир Путин гуфт, созиш расиданд, ки қимати газ барои Сербистон аз Федератсияи Русия ба маротиб камтар аз нархи миёнаи бозор хоҳад буд. Ӯ изҳор доштааст, тақрибан нархи газ барои Сербистон ҳудуди се баробар арзонтар хоҳад буд.
Кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо дар пайи Маҷористон ба талаботи Маскав дар мавриди пардохти пули газ бо рубл розӣ шуда истодаанд, хабар дод ахиран Bloomberg.
Владимир Путин рӯзи 23 март дар бораи гузариши пардохти ҳақи газ ба рубл бо ИА ва дигар давлатҳое, ки алайҳи ФР таҳрим ҷорӣ кардаанд, дастур дода буд. Фармони дахлдорро сарвари давлат рӯзи 31 март ба имзо расонд.
То ҳол ба далели саркашӣ аз иҷрои ин талабот, ширкати русии "Газпром" интиқоли маводи сӯхт ба Финландия, Лаҳистон ва Булғористонро қатъ кард.