https://sputnik.tj/20220530/ijbori-khudash-darvozabon-tim-khujand-askari-1048802205.html
Иҷборӣ не, худаш рафт. Дарвозабони тими “Хуҷанд” ба аскарӣ ҷалб шуд
Иҷборӣ не, худаш рафт. Дарвозабони тими “Хуҷанд” ба аскарӣ ҷалб шуд
Sputnik Тоҷикистон
Далер Баротов, футболбози дастаи “Хуҷанд” барои хидмати ҳарбӣ ба муҳлати як сол ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон сафарбар шудааст
2022-05-30T16:10+0500
2022-05-30T16:10+0500
2022-05-30T17:17+0500
футбол
навигариҳои варзиши тоҷикистон
"облава"
қувваҳои мусаллаҳи ҷт
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/05/1e/1048802178_0:17:567:335_1920x0_80_0_0_15668ce8ce551bbea00807d8db8437ca.jpg
ДУШАНБЕ, 30 май – Sputnik. Далер Баротов, футболбози дастаи “Хуҷанд” барои хидмати ҳарбӣ ба муҳлати як сол ба сафи артиши кишвар пайваст. Дар ин бора аз Федератсияи футболи вилояти Суғд иттилоъ доданд. Аҳлиддин Юнусов, котиби ФФ Суғд дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, Баротов барои адои хидмат ба қисми ҳарбии мустақар дар ноҳияи Спитамен фиристода шудааст. Далер Баротов, фарзанди Насим Баротов, дарвозабони собиқи дастаи “Хуҷанд” аст. Ӯ 19 сол дорад ва ҳоло дарвозабони дуюмин ва ё эҳтиётии дастаи футболи “Хуҷанд” аст. Номбурда ҳамчунин узви тими мунтахаби футболи кишвар мебошад. Вай хатмкардаи факултаи тарбияи ҷисмонии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров аст. Ба ин тартиб мавсуф дар сафи қувваҳои мусалаҳи кишвар як сол хидмати сарбозиро ба иҷро мерасонад. Дар нимаи моҳи апрели имсол кормандони комиссариати ҳарбӣ Шоҳрух Қирғизбоев, дарвозабони дигари клуби футболи “Хуҷанд” ва тими миллиро аз майдони футбол ба бинои комиссариат бурда буданд. Ин ҳодиса замоне рух дод, ки Қирғизбоев ҳамроҳи ҳамдастаҳояш дар майдони футбол тамрин мекард. Худи Қирғизбоев он замон гуфт, ки “дар бинои комиссарият вақте фаҳмиданд, ки аъзои тими миллии футболи кишвар ҳастам, маро раҳо намуданд”.
https://sputnik.tj/20220415/futbol-komissariyat-darvozabon-khujand-1047667707.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/05/1e/1048802178_0:0:567:426_1920x0_80_0_0_c3e297a081a632ab9a9732be6c54e9da.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дарвозабон тим “хуҷанд” аскарӣ
дарвозабон тим “хуҷанд” аскарӣ
Иҷборӣ не, худаш рафт. Дарвозабони тими “Хуҷанд” ба аскарӣ ҷалб шуд
16:10 30.05.2022 (Навсозишуда: 17:17 30.05.2022) Футболбози дастаи “Хуҷанд” барои хидмати ҳарбӣ ба муҳлати як сол ба сарбозӣ дар сафи қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон сафарбар шудааст
ДУШАНБЕ, 30 май – Sputnik. Далер Баротов, футболбози дастаи “Хуҷанд” барои хидмати ҳарбӣ ба муҳлати як сол ба сафи артиши кишвар пайваст. Дар ин бора аз Федератсияи футболи вилояти Суғд иттилоъ доданд.
Аҳлиддин Юнусов, котиби ФФ Суғд дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, Баротов барои адои хидмат ба қисми ҳарбии мустақар дар ноҳияи Спитамен фиристода шудааст.
“Хабарҳое, ки мегӯянд, ӯро иҷборан ба хидмат бурдаанд, воқеият надоранд. Баротов бо хоҳиши худаш ба хидмат рафт”, – гуфт Юнусов.
Далер Баротов, фарзанди Насим Баротов, дарвозабони собиқи дастаи “Хуҷанд” аст. Ӯ 19 сол дорад ва ҳоло дарвозабони дуюмин ва ё эҳтиётии дастаи футболи “Хуҷанд” аст.
Номбурда ҳамчунин узви тими мунтахаби футболи кишвар мебошад. Вай хатмкардаи факултаи тарбияи ҷисмонии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров аст.
Ба ин тартиб мавсуф дар сафи қувваҳои мусалаҳи кишвар як сол хидмати сарбозиро ба иҷро мерасонад.
Дар нимаи моҳи апрели имсол кормандони комиссариати ҳарбӣ Шоҳрух Қирғизбоев, дарвозабони дигари клуби футболи “Хуҷанд” ва тими миллиро аз майдони футбол ба бинои комиссариат бурда буданд.
Ин ҳодиса замоне рух дод, ки Қирғизбоев ҳамроҳи ҳамдастаҳояш дар майдони футбол тамрин мекард.
Худи Қирғизбоев он замон гуфт, ки “дар бинои комиссарият вақте фаҳмиданд, ки аъзои тими миллии футболи кишвар ҳастам, маро раҳо намуданд”.