https://sputnik.tj/20220529/tramp-ukraina-khatar-jang-seum-jahon-1048779579.html
Трамп бинобар вазъи Украина аз хатари Ҷанги сеюми ҷаҳонӣ гуфт
Трамп бинобар вазъи Украина аз хатари Ҷанги сеюми ҷаҳонӣ гуфт
Sputnik Тоҷикистон
Собиқ кишвардори Амрико изҳор дошт, ки ноамниҳои ахир метавонанд боиси талафоти миллионҳо нафар гардад. Ӯ ҳамчунин аз хатари сар задани ҷанги сеюми ҷаҳонӣ гуфт
2022-05-29T14:00+0500
2022-05-29T14:00+0500
2022-05-30T13:10+0500
дар ҷаҳон
доналд трамп
украина
сиёсат
ҷанг
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/04/18/1047908875_0:0:3072:1728_1920x0_80_0_0_8520b7a25170256a6074e6476569acb4.jpg
ДУШАНБЕ, 29 май — Sputnik. Доналд Трамп, раисҷумҳури пешини ИМА, гуфт, муноқиша дар Украина метавонад ба ҷанги сеюми ҷаҳонӣ хотима ёбад, менависад РИА Новости. Трамп худро ягона президенти ИМА дар асри 21 эътироф кард, ки дар замони раёсатҷумҳурии ӯ Русия вориди даргириҳои мусаллаҳона нашудааст.Ӯ гуфт, замони президентии Ҷорҷ Буш "онҳо Гурҷистонро аз даст доданд", дар замони Барак Обама Қрим аз даст рафт ва дар замони Ҷо Байден "ҳама чизро аз даст додем".Ёдовар мешавем, ки Русия рӯзи 24 феврал дар Украина амалиёти вижаро оғоз кард.Кишвардори Русия Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомикунонии Украина" анҷом дода, ҷинояткорони масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.Аммо дар бораи ишғоли Украина сухан нест, таъкид кард президенти Русия.Нерӯҳои мусаллаҳи кишвар вазифаи асосии марҳилаи аввали амалиёти махсусро анҷом доданд. Онҳо иқтидори ҷангии Украинаро ба таври назаррас коҳиш доданд.
https://sputnik.tj/20220422/tramp-ima-khatar-1047855134.html
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/04/18/1047908875_91:0:2822:2048_1920x0_80_0_0_e0749088065a3065d0a12eb91f5bcaba.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
трамп украина ҷанги сеюми ҷаҳон
трамп украина ҷанги сеюми ҷаҳон
Трамп бинобар вазъи Украина аз хатари Ҷанги сеюми ҷаҳонӣ гуфт
14:00 29.05.2022 (Навсозишуда: 13:10 30.05.2022) Кишвардори собиқи Амрико изҳор дошт, ки ноамниҳои ахир метавонанд боиси талафоти миллионҳо нафар гардад. Ӯ ҳамчунин аз хатари сар задани Ҷанги сеюми ҷаҳонӣ гуфт
ДУШАНБЕ, 29 май — Sputnik. Доналд Трамп, раисҷумҳури пешини ИМА, гуфт, муноқиша дар Украина метавонад ба ҷанги сеюми ҷаҳонӣ хотима ёбад, менависад РИА Новости.
"Миллионҳо нафар ҷон хоҳанд бохт. Ҳатто ин вазъ метавонад ба Ҷанги сеюми ҷаҳонӣ хотима ёбад. Ҷанге, ки аз аблаҳӣ сар хоҳад зад", - таъкид намуд Трамп ба мардуми иёлати Вайоминг.
Трамп худро ягона президенти ИМА дар асри 21 эътироф кард, ки дар замони раёсатҷумҳурии ӯ Русия вориди даргириҳои мусаллаҳона нашудааст.
Ӯ гуфт, замони президентии Ҷорҷ Буш "онҳо Гурҷистонро аз даст доданд", дар замони Барак Обама Қрим аз даст рафт ва дар замони Ҷо Байден "ҳама чизро аз даст додем".
Ёдовар мешавем, ки Русия рӯзи 24 феврал дар Украина амалиёти вижаро оғоз кард.
Кишвардори Русия Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомикунонии Украина" анҷом дода, ҷинояткорони масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Аммо дар бораи ишғоли Украина сухан нест, таъкид кард президенти Русия.
Нерӯҳои мусаллаҳи кишвар вазифаи асосии марҳилаи аввали амалиёти махсусро анҷом доданд. Онҳо иқтидори ҷангии Украинаро ба таври назаррас коҳиш доданд.