https://sputnik.tj/20220529/bill-geyts-pandemiya-nav-peshgui-1048782153.html
Билл-Гейтс пандемияи навро пешгӯӣ кард
Билл-Гейтс пандемияи навро пешгӯӣ кард
Sputnik Тоҷикистон
Муассиси "Microsoft"-и Билл Гейтс гуфт, ки мавҷи пандемияи нав метавонад дар 20 соли оянда рух диҳад. Ҳоло аксари давлатҳоро сурхакони маймун фаро гирифтааст 29.05.2022, Sputnik Тоҷикистон
2022-05-29T17:30+0500
2022-05-29T17:30+0500
2022-05-30T13:00+0500
дар ҷаҳон
билл гейтс
пандемия
тандурустӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0b/0d/1043519843_0:0:2924:1645_1920x0_80_0_0_7c7cfec4540652eb10521b0c96ba77bc.jpg
ДУШАНБЕ, 29 май — Sputnik. Муассиси Microsoft Билл Гейтс бовар дорад, ки пандемияи нав имконпазир аст. Дар ин бора вай дар мусоҳиба бо рӯзномаи El Diario изҳор дошт, хабар медиҳад РИА Новости. Ба гуфтаи миллиардер, пандемияи нав дар 20 соли оянда бо эҳтимоли 50% имконпазир аст. Ҳоло маризии обчакони ҳамдуна аксар кишварҳоро фаро гирифтааст. Аз ҷумла, дар Британияи Кабир, Шветсия, Италия, Фаронса, Австралия, Канада, Олмон, Нидерландия, Швейтсария ва Испания мавориди зиёди гирифтор шудани сокинон ба ин беморӣ сабт гардидааст.Бо вуҷуди ин, Созмони ҷаҳонии Ббҳдошт дар пасманзари хуруҷи ин беморӣ моякӯбии оммавиро зарур намешуморад.Беморӣ одатан сабук мегузарад ва дар аксари маврид мариз дар давоми чанд ҳафта шифо меёбад, аммо баъзеҳо метавонанд онро бо мушкилӣ паси сар кунанд.Аломатҳои аввалини беморӣ табларза, дарди сар, дарди мушакҳо, дарди пушт, сармохӯрӣ ва хастагӣ мебошадМаврид ба зикр аст, ки дар Тоҷикистон ягон мавриди гирифторӣ ба вируси нав - обчакони ҳамдуна ба қайд гирифта нашудааст.
https://sputnik.tj/20220527/mahdudiyat-sjb-obchakoni-hamduna-1048752526.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0b/0d/1043519843_193:0:2924:2048_1920x0_80_0_0_d88834523c5b582fcbe39d77599773bd.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар ҷаҳон, билл гейтс, пандемия, тандурустӣ
дар ҷаҳон, билл гейтс, пандемия, тандурустӣ
Билл-Гейтс пандемияи навро пешгӯӣ кард
17:30 29.05.2022 (Навсозишуда: 13:00 30.05.2022) Муассиси "Microsoft"-и Билл Гейтс гуфт, ки мавҷи пандемияи нав метавонад дар 20 соли оянда рух диҳад. Ҳоло аксари давлатҳоро сурхакони маймун фаро гирифтааст
ДУШАНБЕ, 29 май — Sputnik. Муассиси Microsoft Билл Гейтс бовар дорад, ки пандемияи нав имконпазир аст. Дар ин бора вай дар мусоҳиба бо рӯзномаи El Diario изҳор дошт, хабар медиҳад РИА Новости.
Ба гуфтаи миллиардер, пандемияи нав дар 20 соли оянда бо эҳтимоли 50% имконпазир аст.
"Панҷоҳ дарсад эҳтимол дорад, ки мо дар 20 соли оянда гирифтори як пандемияи дигар мешавем", - гуфт ӯ.
Ҳоло маризии обчакони ҳамдуна аксар кишварҳоро фаро гирифтааст. Аз ҷумла, дар Британияи Кабир, Шветсия, Италия, Фаронса, Австралия, Канада, Олмон, Нидерландия, Швейтсария ва Испания мавориди зиёди гирифтор шудани сокинон ба ин беморӣ сабт гардидааст.
Бо вуҷуди ин, Созмони ҷаҳонии Ббҳдошт дар пасманзари хуруҷи ин беморӣ моякӯбии оммавиро зарур намешуморад.
Беморӣ одатан сабук мегузарад ва дар аксари маврид мариз дар давоми чанд ҳафта шифо меёбад, аммо баъзеҳо метавонанд онро бо мушкилӣ паси сар кунанд.
Аломатҳои аввалини беморӣ табларза, дарди сар, дарди мушакҳо, дарди пушт, сармохӯрӣ ва хастагӣ мебошад
Маврид ба зикр аст, ки дар Тоҷикистон ягон мавриди гирифторӣ ба вируси нав - обчакони ҳамдуна ба қайд гирифта нашудааст.