https://sputnik.tj/20220423/sholts-sliha-ukraina-bas-1047896751.html
Олмониҳо талаб доранд, ки Шолтс интиқоли аслиҳа ба Украинаро бас кунад
Олмониҳо талаб доранд, ки Шолтс интиқоли аслиҳа ба Украинаро бас кунад
Sputnik Тоҷикистон
Фаъолони ҷамъиятии Олмон ба канслери Олмон номаи кушод навишта, аз ӯ даъват карданд, ки ба интиқоли силоҳҳои гуногун ба Украина хотима диҳад
2022-04-23T17:34+0500
2022-04-23T17:34+0500
2022-04-25T19:28+0500
украина
олмон
дар ҷаҳон
амният ва мудофиа
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/04/0d/1047619557_0:0:2216:1247_1920x0_80_0_0_9b72fa5f0e3b0bb950c16f4484da2ab5.jpg
ДУШАНБЕ, 23 апр — Sputnik. Аз садри аъзами Олмон Олаф Шолтс даъват шудааст, ки мусаллаҳкунии Киевро бас кунад ва ба шартҳои Русия розӣ шавад, менависад, рӯзномаи "Berliner Zeitung".Дар ин бора фаъолони ҷамъиятии Олмон ба садри аъзам муроҷиат кардаанд. Онҳо ба Шолтс номаи кушод навишта, хостори қатъи интиқоли силоҳ ба Украина шудаанд. Дар ҳуҷҷат қайд карда мешавад, ки ин гуна шарикӣ танҳо қазияро ба дарозо мекашад ва ба ҳалли осоиштаи дипломатӣ ёрӣ намерасонад. Дар зери ин муроҷиатнома 18 нафар, аз ҷумла профессорон, докторҳои илм, навозандагон, публитсистҳо имзо гузоштаанд. Дар байни онҳо ноиби пешини президенти Бундестаг Анте Воллмер ва ҳатто ёвари қаблии котиби генералии СММ Ҳанс Кристоф фон Спонек хастанд. Арбобҳои ҷамъиятӣ аз Ҳукумати Олмон, ҳамчунин кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо ва НАТО даъват мекунанд, ки ҳама гуна интиқоли силоҳ ба нерӯҳои Украинаро қатъ ва аз ҳукумати Киев даъват кунанд, ки муқовимати низомиро дар ивази кафолати музокироти оташбас ва созиши сиёсӣ қатъ кунад. Илова бар ин муаллифони муроҷиатнома бар ин назаранд, ки пешниҳодҳои мавриди баҳси Русия ва Украина – созишнома дар бораи эътирофи Қрим ва раъйпурсӣ оид ба мақоми ояндаи ҷумҳуриҳои Донбасс имкони воқеии ҳалли ҳама масъалаҳоро фароҳам меоранд. Дар ин нома ҳамчунин омадааст, ки кишварҳои ғарбӣ бояд манфиатҳои Маскавро ба инобат гиранд. Ва давлатҳое, ки ба иттифоқи Атлантикаи Шимолӣ дохил мешаванд, бояд худашон дар бораи амнияти Русия ва мамлакатҳои ҳамсояи он пешниҳод кунанд.Ёдовар мешавем, ки қаблан Шолтс гуфта буд, ки Берлин захираҳоро қариб тамом кардааст ва ӯ дигар имкони таъмини Киев бо силоҳро надорад. Ба фикри садри аъзам, Олим ҳозир бояд ба таҳкими қобилияти мудофиавии худ диққат дихад. Дар ҳамин ҳол, Русия борҳо таваҷҷуҳи худро ба он ҷалб кардааст, ки Ғарб бо интиқоли аслиҳаи худ дар Украина муноқишаро дар Украина тамдид мекунад. Русия рӯзи 24 феврал амалиёти вижаро дар Украина оғоз кард. Кишвардори Русия Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯйи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".Боррел: Анҷоми низоъ дар Украина ҷаҳонро ба таври куллӣ тағйир медиҳадБарои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми масъулини "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.Аммо дар бораи ишғоли Украина сухане нест, таъкид кард раисҷумҳури Русия.Дар айни замон қувваҳои мусаллаҳи Федератсияи Русия вазифаи асосии марҳилаи аввали амалиёти махсусро анҷом додаанд.Онҳо иқтидори ҷангии Украинаро ба таври назаррас коҳиш доданд. Ҳадафи аслӣ дар Вазорати дифоъ озодсозии Донбасс номида шуд.
https://sputnik.tj/20220409/sholts-guft-olmon-kharidorii-gazi-rusiya-1047497289.html
украина
олмон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/04/0d/1047619557_97:0:2061:1473_1920x0_80_0_0_60c1940b0a9472b00dbf4ce342a6ba3c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
олмон, шолтс, интиқоли силоҳ, украина
олмон, шолтс, интиқоли силоҳ, украина
Олмониҳо талаб доранд, ки Шолтс интиқоли аслиҳа ба Украинаро бас кунад
17:34 23.04.2022 (Навсозишуда: 19:28 25.04.2022) Фаъолони ҷамъиятӣ ба канслери Олмон номаи саргушода навишта, аз ӯ даъват карданд, ки ба интиқоли силоҳҳои гуногун ба Украина хотима диҳад
ДУШАНБЕ, 23 апр — Sputnik. Аз садри аъзами Олмон Олаф Шолтс даъват шудааст, ки мусаллаҳкунии Киевро бас кунад ва ба шартҳои Русия розӣ шавад, менависад, рӯзномаи "Berliner Zeitung".
Дар ин бора фаъолони ҷамъиятии Олмон ба садри аъзам муроҷиат кардаанд. Онҳо ба Шолтс номаи кушод навишта, хостори қатъи интиқоли силоҳ ба Украина шудаанд.
Дар ҳуҷҷат қайд карда мешавад, ки ин гуна шарикӣ танҳо қазияро ба дарозо мекашад ва ба ҳалли осоиштаи дипломатӣ ёрӣ намерасонад.
"Бо таҳвили аслиҳа Олмон ва дигар кишварҳои НАТО амалан худро яке аз тарафҳои низоъ карданд. Ҳамин тариқ Украина низ ба майдони муқовимат байни НАТО ва Русия бар сари тартиботи амниятӣ дар Аврупо, ки солҳо боз авҷ гирифта буд, табдил ёфт", - гуфта мешавад дар мактуб.
Дар зери ин муроҷиатнома 18 нафар, аз ҷумла профессорон, докторҳои илм, навозандагон, публитсистҳо имзо гузоштаанд.
Дар байни онҳо ноиби пешини президенти Бундестаг Анте Воллмер ва ҳатто ёвари қаблии котиби генералии СММ Ҳанс Кристоф фон Спонек хастанд.
Арбобҳои ҷамъиятӣ аз Ҳукумати Олмон, ҳамчунин кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо ва НАТО даъват мекунанд, ки ҳама гуна интиқоли силоҳ ба нерӯҳои Украинаро қатъ ва аз ҳукумати Киев даъват кунанд, ки муқовимати низомиро дар ивази кафолати музокироти оташбас ва созиши сиёсӣ қатъ кунад.
Илова бар ин муаллифони муроҷиатнома бар ин назаранд, ки пешниҳодҳои мавриди баҳси Русия ва Украина – созишнома дар бораи эътирофи Қрим ва раъйпурсӣ оид ба мақоми ояндаи ҷумҳуриҳои Донбасс имкони воқеии ҳалли ҳама масъалаҳоро фароҳам меоранд.
Дар ин нома ҳамчунин омадааст, ки кишварҳои ғарбӣ бояд манфиатҳои Маскавро ба инобат гиранд. Ва давлатҳое, ки ба иттифоқи Атлантикаи Шимолӣ дохил мешаванд, бояд худашон дар бораи амнияти Русия ва мамлакатҳои ҳамсояи он пешниҳод кунанд.
Ёдовар мешавем, ки қаблан Шолтс гуфта буд, ки Берлин захираҳоро қариб тамом кардааст ва ӯ дигар имкони таъмини Киев бо силоҳро надорад. Ба фикри садри аъзам, Олим ҳозир бояд ба таҳкими қобилияти мудофиавии худ диққат дихад.
Дар ҳамин ҳол, Русия борҳо таваҷҷуҳи худро ба он ҷалб кардааст, ки Ғарб бо интиқоли аслиҳаи худ дар Украина муноқишаро дар Украина тамдид мекунад.
Русия рӯзи 24 феврал амалиёти вижаро дар Украина оғоз кард. Кишвардори Русия Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯйи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми масъулини "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Аммо дар бораи ишғоли Украина сухане нест, таъкид кард раисҷумҳури Русия.
Дар айни замон қувваҳои мусаллаҳи Федератсияи Русия вазифаи асосии марҳилаи аввали амалиёти махсусро анҷом додаанд.
Онҳо иқтидори ҷангии Украинаро ба таври назаррас коҳиш доданд. Ҳадафи аслӣ дар Вазорати дифоъ озодсозии Донбасс номида шуд.