Эмомалӣ Раҳмон сарҳадбононро сипари боэътимод ва кафили амнияти марзҳои Тоҷикистон номид

© Дафтари матбуоти презтиденти ҶТЭмомалӣ Раҳмон марзбонони кишварро ба иди касбияшон табрик гуфт
Эмомалӣ Раҳмон марзбонони кишварро ба иди касбияшон табрик гуфт - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.05.2022
Обуна шудан
Президенти Тоҷикистон аз вазъи ниҳоят мураккабу ҳассоси минтақа ва ҷаҳон гуфта, аз марзбонони кишвар хост, ҳушёрии касбӣ ва зиракии сиёсиро ҳаргиз фаромӯш накунанд
ДУШАНБЕ, 28 май – Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон марзбонони кишварро бо иди касбияшон табрик намуда, онҳоро ба ҳушёриву боз ҳам мустаҳкамтар нигоҳбонии марзи давлат даъват кард.
Ӯ зимни суханронӣ дар назди афсарону сарбозон дар Маркази таълимии "Пойтахт" аз таърихи таъсиси ин ниҳод ва мушкилоти он замон ёдовар шуда гуфт, ки ҳоло ин ниҳод ба як сохтори аз лиҳози техникӣ муҷаҳҳазу муосир ва сипари боэътимоди ҳифзи марзу буми мамлакат табдил ёфтаанд ва яке аз дастовардҳои бузурги замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба шумор мераванд.
"Махсус таъкид менамоям, ки сарҳадбонони мо ҳифзи марзи давлатиро бо кишварҳои ҳамсоя ва пешгирӣ намудани воридшавии гурӯҳҳои муташаккилу мусаллаҳи ҷиноӣ, силоҳ, маводи мухаддир ва дигар ҷинояткориҳоро дар шароити бисёр мушкил ва вазъи ниҳоят ҳассоси минтақа ва ҷаҳон таъмин мекунанд", - гуфт президент.
Ба гуфтаи Эмомалӣ Раҳмон, сарҳадбонони тоҷик баробари ҳифзи марзҳои Тоҷикистон, кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Иттиҳоди Аврупоро аз хатару таҳдидҳои ҷаҳони муосир, аз ҷумла терроризму экстремизм, қочоқи силоҳу маводи мухаддир ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромилливу фаромарзӣ ҳимоя карда истодаанд.
Бо дарназардошти аҳаммияти бузурги ин масъала ба гуфти президент барои навсозии муҷаҳҳазгардонии нерӯҳои марзӣ тадобири зиёд андешида шуд ва ҳоло иқтидори мудофиавии ҷузъу томҳои Қӯшунҳои сарҳадӣ аз лиҳози таъминот бо кадрҳои соҳибтахассуси ҳарбӣ ва техникаву таҷҳизоти ҳарбӣ хеле мустаҳкам гардидааст.
Эмомали Рахмон в ходе рабочей поездки в район Сангвор - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.05.2022
Раҳмон аз дидбонгоҳи марзӣ дар сарҳад бо Афғонистон дидан кард
Ба таъкид Эмомалӣ Раҳмон,вазъи ниҳоят мураккабу ҳассоси минтақа ва ҷаҳон торафт вусъат пайдо кардани миқёси хатару таҳдидҳои муосир, қабл аз ҳама, терроризму экстремизм, радикализми динӣ, қочоқи силоҳ, маводи мухаддир, ҷиноятҳои киберӣ ва дигар ҷинояткориҳои муташаккил тамоми хизматчиёни ҳарбии сохторҳои низомӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дар навбати аввал, неруҳои марзбонро водор месозад, ки ҳушёрии касбӣ ва зиракии сиёсиро ҳаргиз фаромӯш накунанд.
Бахусус, марзбонон бояд ба иҷрои вазифаи худ бо масъулияти баланд муносибат намоянд ва фаромӯш насозанд, ки вазифаи ба дӯши онҳо гузошташуда вазифа ва масъулияти муқаддас мебошад, афзуд раҳбари давлат.
Нерӯҳои марзбони Тоҷикистон санаи 28 майи соли 1994 таъсис шуда, имрӯз аз 28-умин солгарди он таҷлил мешавад.
Лентаи хабарҳо
0