https://sputnik.tj/20220526/rahmon-didbongoh-marz-afghoniston-1048717496.html
Раҳмон аз дидбонгоҳи марзӣ дар сарҳад бо Афғонистон дидан кард
Раҳмон аз дидбонгоҳи марзӣ дар сарҳад бо Афғонистон дидан кард
Sputnik Тоҷикистон
Президенти Тоҷикистон вориди қаламрави комендатураи сарҳадии "Сари Ғор"-и отряди сарҳадии "Шамсиддин Шоҳин"-и вилояти Хатлон шуд
2022-05-26T11:08+0500
2022-05-26T11:08+0500
2022-05-26T14:00+0500
раҳмон
сарҳад
афғонистон
дар тоҷикистон
хатлон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102923/51/1029235142_0:0:2048:1153_1920x0_80_0_0_54b05c9a26cfa3b9131e3523f610e0bc.jpg
ДУШАНБЕ, 26 май — Sputnik. Президенти Тоҷикистон, сарфармондеҳи олии қувваҳои мусаллаҳ, генерали артиш Эмомалӣ Раҳмон аз отряди сарҳадии Шамсиддин Шоҳин дар марз бо Афғонистон боздид кард, гузориш медиҳад дафтари матбуотии раисҷумҳури кишвар.Раҳмон ба ҳудуди комендатураи сарҳадии Сари Ғори отряди сарҳадии дар боло зикршуда, воқеъ дар вилояти Хатлон рафтааст. Гуфта мешавад, ки раисиҷумҳур ба ин минтақа ба муносибати солгарди таъсиси Қӯшунҳои сарҳадии кишвар сафар карда, бо афсарону аскарон дидор карда, бо ҳаёт ва хидмати онҳо дар сарҳад шинос шуд. Раҳмон гуфт, давлат ба масъалаи таҳкими марзҳо, таъмини воҳидҳои нерӯҳои марзбонӣ бо техникаву техникаи муосир, аслиҳаву муҳимоти ҷангӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир мекунад.Илова бар ин сарвари давлат аз вазъи ниҳоят мураккаб ва ҳассоси минтақа ва ҷаҳон гуфт. Ба гуфтаи ӯ, фаъол шудани гурӯҳҳои террористиву ифротӣ ва дигар гурӯҳҳои ҷиноии фаромиллӣ ҳушёриву зиракии касбиро талаб мекунад.Русия барои таҳкими ҳифзи марзи Тоҷикистону Афғонистон пул дод: парлумон пазируфтРаисҷумҳури Тоҷикистон ҳамчунин таваҷҷуҳи худро ба он ҷалб кард, ки тайи солҳои истиқлол марзҳои кишвар ба куллӣ навсозӣ шуда, таъсиси комендатураи сарҳадии Сари Ғор мисоли равшани ин аст.Ӯ ҳамзамон зимни шиносоӣ бо муҳимоти ҳарбӣ вобаста ба таҳдиди хатарҳои ҷаҳони муосир бобати самаранок истифода бурдану дар ҳолати хуби омодагӣ нигоҳ доштани қувваю воситаҳои махсуси низомӣ, техника, силоҳу муҳимоти ҷангӣ ва сайқал додани таҷрибаи доимии афсарону сарбозон ба масъулин супоришҳои мушаххас додааст.
https://sputnik.tj/20220513/rahmonu-putin-vazi-marzi-tojikiston-afghoniston-1048440047.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102923/51/1029235142_0:0:1820:1365_1920x0_80_0_0_eb44e020a91983c618944efe0bfadd4f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
раҳмондидбонгоҳ марзӣ сарҳад афғонистон
раҳмондидбонгоҳ марзӣ сарҳад афғонистон
Раҳмон аз дидбонгоҳи марзӣ дар сарҳад бо Афғонистон дидан кард
11:08 26.05.2022 (Навсозишуда: 14:00 26.05.2022) Президенти Тоҷикистон вориди қаламрави комендатураи сарҳадии Сари Ғори отряди сарҳадии Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон шуд
ДУШАНБЕ, 26 май — Sputnik. Президенти Тоҷикистон, сарфармондеҳи олии қувваҳои мусаллаҳ, генерали артиш Эмомалӣ Раҳмон аз отряди сарҳадии Шамсиддин Шоҳин дар марз бо Афғонистон боздид кард, гузориш медиҳад дафтари матбуотии раисҷумҳури кишвар.
Раҳмон ба ҳудуди комендатураи сарҳадии Сари Ғори отряди сарҳадии дар боло зикршуда, воқеъ дар вилояти Хатлон рафтааст.
Гуфта мешавад, ки раисиҷумҳур ба ин минтақа ба муносибати солгарди таъсиси Қӯшунҳои сарҳадии кишвар сафар карда, бо афсарону аскарон дидор карда, бо ҳаёт ва хидмати онҳо дар сарҳад шинос шуд.
Раҳмон гуфт, давлат ба масъалаи таҳкими марзҳо, таъмини воҳидҳои нерӯҳои марзбонӣ бо техникаву техникаи муосир, аслиҳаву муҳимоти ҷангӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир мекунад.
Илова бар ин сарвари давлат аз вазъи ниҳоят мураккаб ва ҳассоси минтақа ва ҷаҳон гуфт. Ба гуфтаи ӯ, фаъол шудани гурӯҳҳои террористиву ифротӣ ва дигар гурӯҳҳои ҷиноии фаромиллӣ ҳушёриву зиракии касбиро талаб мекунад.
Раисҷумҳури Тоҷикистон ҳамчунин таваҷҷуҳи худро ба он ҷалб кард, ки тайи солҳои истиқлол марзҳои кишвар ба куллӣ навсозӣ шуда, таъсиси комендатураи сарҳадии Сари Ғор мисоли равшани ин аст.
Ӯ ҳамзамон зимни шиносоӣ бо муҳимоти ҳарбӣ вобаста ба таҳдиди хатарҳои ҷаҳони муосир бобати самаранок истифода бурдану дар ҳолати хуби омодагӣ нигоҳ доштани қувваю воситаҳои махсуси низомӣ, техника, силоҳу муҳимоти ҷангӣ ва сайқал додани таҷрибаи доимии афсарону сарбозон ба масъулин супоришҳои мушаххас додааст.