Боздошти 6 сайёҳи қазоқ, ки марзи Қирғизистонро ғайриқонунӣ убур кардаанд

© пресс-служба правительства КыргызстанаВышка на пограничном посту Максат в Лейлекском районе Баткенской области.
Вышка на пограничном посту Максат в Лейлекском районе Баткенской области. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.05.2022
Обуна шудан
Мақомоти Қазоқистон мегӯяд, ки дар ин масир ҳама аломатҳои марзӣ ҳастанд. Пештар миёни Қазоқистону Ӯзбекистон дар робита ба сайёҳони қазоқ таниш сар зада буд
ДУШАНБЕ, 28 май — Sputnik. Шаш сайёҳи қазоқ ҳангоми сайругашт дар кӯҳистон сарҳади давлатии Қазоқистону Қирғизистонро ғайриқонунӣ убур карданд.
Дар ин бора Sputnik Қазоқистон бо такя ба Раёсати сарҳадӣ дар вилояти Алмаато хабар медиҳад.
Сайёҳон аз рӯи масири Дулат — Экопост — Кӯли Алмаато — Космостантсия — нишебии шимолу ғарбии қуллаи сайёҳӣ— дараи Проходное — шохоби рости дарёи Алагир — дарёи Проходная — ағбаи Проходний сафар кардаанд.
"Қобили зикр аст, ки дар ин хатсайр лавҳаҳои иттилоотӣ бо нишон додани макони убури сарҳад, нишонаҳо бо навиштаҷоти "Минтақаи сарҳадӣ" ҷойгир шудаанд. Илова бар ин, сарҳади Қазоқистон бо аломати сарҳадӣ қайд карда шудааст", - қайд карданд дар вазорат.
Нисбати сайёҳон барои вайрон кардани сарҳади давлатии Қазоқистон бар асоси қисми 1-и моддаи 392-и Кодекси ҷиноии Қазоқистон парванда боз шудааст.
Ҳамин гуна далели қонуншиканӣ соли 2021 низ ба қайд гирифта шуда буд.
Он замон, хадамоти сарҳадӣ 6 ҳолати убури ғайриқонунии сарҳади давлатиро сабт карда буд.
Самарканд, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.05.2022
Моҷарои миёни Қазоқистон ва Ӯзбекистон: тафсилоти ҳодиса
Вайронкунандагон бо мақсади сайёҳат ба воситаи ағбаи Алмаато ба дараи Калони Алмаато рафтанд.
Дар роҳ ба сӯи он сайёҳон аз кӯли Алмаато боздид карданд, ки аз сарҳади давлатй 300 метр дуртар воқеъ аст. Кӯл аз ҷиҳати ҷуғрофӣ дар қаламрави Қирғизистон ҷойгир аст.
Ин дар ҳолест, ки пештар Қазоқистон аз мақомоти Ӯзбекистон талаб карда буд, ки вазъ дар мавриди истифодаи ботуми барқӣ (электрошокер) алайҳи сайёҳони қазоқро шарҳ диҳанд.
Лентаи хабарҳо
0