Моҷарои миёни Қазоқистон ва Ӯзбекистон: тафсилоти ҳодиса

CC BY-SA 2.0 / Mr Hicks46 / Shah-i-Zinda / Гузариш ба медиабонкСамарканд, архивное фото
Самарканд, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.05.2022
Обуна шудан
Вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон ба Ӯзбекистон нота фиристод: мақомот шарҳи вазъ дар робита ба ҳодисаи пурсарусадо бо сайёҳонро талаб мекунанд
ДУШАНБЕ, 24 май – Sputnik. Қазоқистон аз мақомоти Ӯзбекистон хостааст, ки вазъ дар мавриди истифода аз ботуми барқӣ (электрошокер) алайҳи сайёҳони қазоқро шарҳ диҳанд.
Ҳамин тавр Вазорати корҳои хориҷии ин ҷумҳурӣ ба ҳамкасбонаш аз кишвари ҳамсоя нота фиристод. Дар ин бора намояндаи расмии Вазорати корҳои хориҷӣ Ойбек Смадияров хабар додааст.
"Вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон барои ислоҳи вазъ нома фиристод, мо аз ҳуқуқи шаҳрвандони худ ҳимоят мекунем", - қайд кард ӯ дар ҳошияи нишасти ҳукумати ин кишвар.
Ба гуфтаи Смадияров, ҷомеаи Ӯзбекистон ин ҳодисаро маҳкум мекунад. Дар ин кишвар аллакай тафтиши далели ҳодиса оғоз шудааст ва кормандоне, ки силоҳ истифода кардаанд, аз кор бартараф шудаанд, афзуд дипломат.
Душанбе дар Русия маъруфияти бештаре пайдо кардааст
Қаблан корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ видеоеро паҳн карда буданд, ки дар он маъмурони пулиси Самарқанд алайҳи сайёҳон аз Қазоқистон аз ботуми барқӣ истифода ва онҳоро маҷбур мекарданд, ки барои шиносоӣ ба шуъбаи пулис гузаранд.
Қаблан Ӯзбекистон афзоиши гардиши сайёҳон аз Русияро пешбинӣ карда буд. Дар 3—5 соли наздик теъдоди сайёҳон 4 баробар зиёд мешавад гуфта мешуд аз тарафи мақомоти узбек.
Шаҳрҳои офтобӣ: Русҳо Душанбеву Хуҷандро барои гузаронидани таътилоти май интихоб мекунанд
"Ростуризм" таъкид кард, ки ҳамин ҳоло ҳам шаҳрвандони Русия ба Ӯзбекистон таваҷҷуҳи зиёд зоҳир мекунанд.
Дар пайи натиҷагирии рӯзҳои истироҳатии моҳи май Ӯзбекистон ба феҳрасти се кишвари маъмултарин барои истироҳати русҳо ворид шуда буд.
Лентаи хабарҳо
0