https://sputnik.tj/20220528/boron-zhola-chang-ghubor-peshgui-havo-nomusoid-tojikiston-1048761286.html
Аз борону жола то чангу ғубор: пешгӯии ҳавои номусоид дар Тоҷикистон
Аз борону жола то чангу ғубор: пешгӯии ҳавои номусоид дар Тоҷикистон
Sputnik Тоҷикистон
Дар пайи боронҳои шадид ва эҳтимоли жоларезӣ мақомот селбиёӣ ва обхезиро пешгӯӣ мекунанд ва аз сокинон даъват менамоянд, ки аз эҳтиёт кор бигиранд
2022-05-28T09:27+0500
2022-05-28T09:27+0500
2022-05-30T14:13+0500
дар тоҷикистон
обу ҳаво
агентии ҳавосанҷӣ
борону жола
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/05/1033132939_0:274:3061:1996_1920x0_80_0_0_e4049fbf831f0ca126e9f9ad20240370.jpg
ДУШАНБЕ, 28 май — Sputnik. Дар Тоҷикистон бинобар боришоти шадид ҳарорати рӯзонаи ҳаво дар водиҳо то 6-8 дараҷа паст мешавад, хабар медиҳад Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон.Ба иттилои манбаъ дар ВМКБ ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат меборад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 6+11, рӯзона 21+26 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона 0+5 ва рӯзона 11+16 дараҷа гарм мешавад.Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳои водигӣ борони кӯтоҳмуддат ва дар манотиқи бошиддат борида, раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9, дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддати то 13-18 метр дар як сония мевазад мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 12+17, рӯзона 24+29 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 3+8 ва рӯзона 13+18 дараҷа гарм мешавад.Хатлониёнро низ ҳавои тағйирёбанда мунтазир буда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат, дар ноҳияҳои алоҳида бошиддат борида, раъду барқ ба амал омада, боридани жола аз эҳтимол дур нест. Ҳаво дар водиҳо шабона 15+20 ва рӯзона 31+36 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 10+15 ва рӯзона 20+25 дараҷа гарм мешавад.Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбанда шуда, дар водиҳо борони кӯтоҳмуддат дар манотиқи куҳӣ бошиддат борида, раъду барқ ба амал омада, боридани жола аз эҳтимол дур нест. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 ва дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддати то 12-17 метр дар як сония вазида, чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 10+15 ва рӯзона 25+30 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 7+12 ва рӯзона 17+22 дараҷа гарм мешавад.Душанберо низ ҳавои боронӣ интизор аст. Шабона ва саҳаргоҳон борони бошиддат борида, раъду барқ ба амал омада, боридани жола аз эҳтимол дур нест. Ҳаво шабона 13+15 ва рӯзона 25+27 дараҷа гарм мешавад.
https://sputnik.tj/20220526/hushdor-khf-tojikiston-boron-zhola-sel-1048727694.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/05/1033132939_330:0:3061:2048_1920x0_80_0_0_488cd3ffbfb3d4a47d4b2d42d3baa62c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
борон жола чанг ғубор пешгӯӣ ҳаво номусоид тоҷикистон
борон жола чанг ғубор пешгӯӣ ҳаво номусоид тоҷикистон
Аз борону жола то чангу ғубор: пешгӯии ҳавои номусоид дар Тоҷикистон
09:27 28.05.2022 (Навсозишуда: 14:13 30.05.2022) Дар пайи боронҳои шадид ва эҳтимоли жоларезӣ мақомот сел ва обхезиро пешгӯӣ мекунанд ва аз сокинон даъват менамоянд, ки аз эҳтиёт кор бигиранд
ДУШАНБЕ, 28 май — Sputnik. Дар Тоҷикистон бинобар боришоти шадид ҳарорати рӯзонаи ҳаво дар водиҳо то 6-8 дараҷа паст мешавад, хабар медиҳад Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ дар ВМКБ ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат меборад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 6+11, рӯзона 21+26 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона 0+5 ва рӯзона 11+16 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳои водигӣ борони кӯтоҳмуддат ва дар манотиқи бошиддат борида, раъду барқ ба амал меояд.
Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9, дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддати то 13-18 метр дар як сония мевазад мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 12+17, рӯзона 24+29 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 3+8 ва рӯзона 13+18 дараҷа гарм мешавад.
Хатлониёнро низ ҳавои тағйирёбанда мунтазир буда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат, дар ноҳияҳои алоҳида бошиддат борида, раъду барқ ба амал омада, боридани жола аз эҳтимол дур нест.
Ҳаво дар водиҳо шабона 15+20 ва рӯзона 31+36 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 10+15 ва рӯзона 20+25 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбанда шуда, дар водиҳо борони кӯтоҳмуддат дар манотиқи куҳӣ бошиддат борида, раъду барқ ба амал омада, боридани жола аз эҳтимол дур нест.
Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 ва дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддати то 12-17 метр дар як сония вазида, чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 10+15 ва рӯзона 25+30 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 7+12 ва рӯзона 17+22 дараҷа гарм мешавад.
Душанберо низ ҳавои боронӣ интизор аст. Шабона ва саҳаргоҳон борони бошиддат борида, раъду барқ ба амал омада, боридани жола аз эҳтимол дур нест. Ҳаво шабона 13+15 ва рӯзона 25+27 дараҷа гарм мешавад.