Ҳушдори КҲФ ба тоҷикистониён: борону жола мебораду сел меояд

© Sputnik / Амир ИсаевПоследствия схода селевого потока в кишлаке Бедак
Последствия схода селевого потока в кишлаке Бедак - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.05.2022
Обуна шудан
Рӯзҳои истироҳатӣ дар Тоҷикистон бориши борону жола ва сел дар назар аст. Ба сокинони кишвар тавсия дода мешавад, ки дар муддат аз сайругашт худдорӣ кунанд
ДУШАНБЕ, 26 май - Sputnik. Дар Тоҷикистон тайи ду рӯзи оянда ҳавои номусоид ва боронҳои шадид пешгӯӣ мешавад.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар такя ба Агентии ҳавошиносии кишвар мегӯяд, шаби 27 ба 28-уми май дар баъзе минтақаҳо борони шадиди сел ва жола меборад.

"Ҳангоми бориш дар баъзе ноҳияҳо шамол бо суръати 17-22 м/с мевазад, дар баъзе ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва вилояти Хатлон хокбориш низ пешгӯӣ шудааст", - афзуд манбаъ.

Дамои ҳаво рӯзона то 6-8 дараҷа коҳиш меёбад. Дар ин рӯзҳо дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва наздикӯҳии тобеи марказ, вилоятҳои Суғд ва Хатлон ҳавошиносон омадани селро низ пешбинӣ кардаанд.
Гуфта мешавад, ки рӯзҳои 27-28 майи эҳтимоли болоравии сатҳи об дар рӯдхонаҳое, ки аз тариқи қисмати ҷанубии қаторкӯҳи Ҳисор убур мекунанд ва дарёҳои Зарафшон, Вахш, Исфара, Ёхсу, Қизилсу (ҷануб) вуҷуд дорад.
Пайомадҳои сели харобиовар дар Панҷакент - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.05.2022
Аз Панҷакент то Рӯшон: эълони харобкориҳои селу шамол дар Тоҷикистон
Дар ҳамин ҳол КҲФ аз сокинон ва меҳмонони кишвар хостааст, ки дар ин рӯзҳо аз рафтан ба соҳили дарёҳо ва дигар махзанҳои об худдорӣ намоянд. Сафарҳои безарурат бо роҳҳои кӯҳӣ ва масирҳои сайёҳиро низ тавсия намедиҳанд.
Ин ниҳод ҳамзамон аз аҳолӣ даъват кардааст, ки дар чунин рӯзҳои сербориш ҳангоми убур аз роҳҳои кӯҳиву наздикӯҳӣ эҳтиёткор бошанд, ҳамчунин муваққатан ба ғунучини ҳезуму ҷамъоварии занбӯруғ, моҳидорӣ ва шикор низ нараванд.
Ҳамзамон сокинонро зарур аст, ки қабл аз оғози боронҳои пуршиддат чӯйбору селроҳаҳоро аз ҳар гуна хасу хасрӯбаҳо тоза кунанд, то об маҷрои худро ба самти хонаву ҳавлиҳо ва киштзорон дигар накунад.
Лентаи хабарҳо
0