https://sputnik.tj/20220527/slutskiy-joyguzin-zhirinovskiy-intikhob-1048752943.html
Слутский ба ҷойи Жириновский интихоб шуд
Слутский ба ҷойи Жириновский интихоб шуд
Sputnik Тоҷикистон
Бо гузашти 50 рӯз аз марги Владимир Жириновский ҲЛД Русия раҳбари навашро интихоб кард. Раиси нав гуфт, ки дар ҳизб тағйироти куллӣ сурат нахоҳад гирифт
2022-05-27T17:20+0500
2022-05-27T17:20+0500
2022-05-27T19:05+0500
леонид слутский
владимир жириновский
дар русия
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102680/20/1026802043_0:0:3072:1728_1920x0_80_0_0_c3a003fb4496812ecdd011e6dd0b970a.jpg
ДУШАНБЕ, 27 май — Sputnik. Раиси фраксияи Ҳизби либерал-демократии Русия дар Думаи давлатӣ Леонид Слутский дар анҷумани ғайринавбатии ин ҳизб раиси он интихоб шуд, хабар медиҳад хабарнигори РИА "Новости". Вакилон бо овоздиҳии пинҳонӣ ҷойгузини раҳбари пешин Владимир Жириновскийро интихоб карданд.Гуфта мешавад, ки Слутский ягона номзад ба раҳбарии Ҳизби либерал-демократии Русия будааст.Ин сиёсатмадор зимни посухгӯӣ ба суолҳои рӯзноманигорон гуфт, ки дар стратегияи ҳизб тағйироти куллӣ сурат нахоҳад гирифт."Стратегияи қаблӣ боқӣ мемонад, вале он ба гунае ба самти мардумитар шудан ва таҳкими сиёсати иҷтимоӣ рушд ва тағйир хоҳад кард", - гуфт ӯ.Раиси нави ҳизб ҳамчунин гуфт, имрӯз ҷаласаи Шӯрои олии ҲЛДР баргузор мешавад, ки фаъолияти минбаъда ҳизб баррасӣ мегардад.Маврид ба зикр аст, ки ахиран Слутский роҳбари фраксияи Ҳизби либерал-демократии Русия дар Думаи давлатӣ интихоб шуд. Леонид Слутский кист?Леонид Эдуардович Слутский 4 январи 1968 дар шаҳри Маскав таваллуд шуда, Донишкадаи дастгоҳҳои Маскавро бо ихтисоси "идораи ташкилот" хатм кардааст. Аз соли 1992 то 1993 мушовири шаҳрдори Маскав Юрий Лужков буд.Панҷ бор ба Думаи давлатӣ интихоб шудааст. Аз 5 октябри соли 2016 роҳбарии Кумитаи умури байналмилалии Думаи давлатиро ба уҳда дорад. Моҳи феврали соли 2017 бархе аз хонумони рӯзноманигор Слутскийро дар дастдарозӣ муттаҳам карданд, аммо ӯ ин иддаоро иғвоангезӣ хонда буд.Аз соли 2014-ум дар феҳрасти таҳримоти ИМА ва Иттиҳоди Аврупо қарор дошта, аз соли 2015 мудири кафедраи муносиботи байналмилалӣ ва равандҳои ҳамгироии Донишгоҳи давлатии Маскав мебошад.Дар баробари ин Слутский доктори илмҳои иқтисодӣ, муаллифи корҳои илмӣ дар масоили иқтисоди муосир, ҳамгироии авруосиёӣ ва ҳамкории байнипарлумонӣ мебошад. Ӯ ҳамчунин яке аз намояндагони ҳайати Русия дар музокирот бо Украина мебошад.
https://sputnik.tj/20220406/siyosatmador-peshvo-sukhanpardoz-zhirinovskiy-aks-1047415460.html
https://sputnik.tj/20220406/tarjuma-hol-vladimir-zhirinovskiy-1047406175.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102680/20/1026802043_182:0:2913:2048_1920x0_80_0_0_0842c73036ddf222d80a7707354547c7.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
слутский ҷойгузин жириновский интихоб
слутский ҷойгузин жириновский интихоб
Слутский ба ҷойи Жириновский интихоб шуд
17:20 27.05.2022 (Навсозишуда: 19:05 27.05.2022) Бо гузашти 50 рӯз аз марги Владимир Жириновский ҲЛД-и Русия раҳбари навашро интихоб кард. Раиси нав гуфт, ки дар ин ҳизб тағйироти куллӣ сурат нахоҳад гирифт
ДУШАНБЕ, 27 май — Sputnik. Раиси фраксияи Ҳизби либерал-демократии Русия дар Думаи давлатӣ Леонид Слутский дар анҷумани ғайринавбатии ин ҳизб раиси он интихоб шуд, хабар медиҳад хабарнигори РИА "Новости".
Вакилон бо овоздиҳии пинҳонӣ ҷойгузини раҳбари пешин Владимир Жириновскийро интихоб карданд.
Гуфта мешавад, ки Слутский ягона номзад ба раҳбарии Ҳизби либерал-демократии Русия будааст.
Ин сиёсатмадор зимни посухгӯӣ ба суолҳои рӯзноманигорон гуфт, ки дар стратегияи ҳизб тағйироти куллӣ сурат нахоҳад гирифт.
"Стратегияи қаблӣ боқӣ мемонад, вале он ба гунае ба самти мардумитар шудан ва таҳкими сиёсати иҷтимоӣ рушд ва тағйир хоҳад кард", - гуфт ӯ.
Раиси нави ҳизб ҳамчунин гуфт, имрӯз ҷаласаи Шӯрои олии ҲЛДР баргузор мешавад, ки фаъолияти минбаъда ҳизб баррасӣ мегардад.
Маврид ба зикр аст, ки ахиран Слутский роҳбари фраксияи Ҳизби либерал-демократии Русия дар Думаи давлатӣ интихоб шуд.
Леонид Эдуардович Слутский 4 январи 1968 дар шаҳри Маскав таваллуд шуда, Донишкадаи дастгоҳҳои Маскавро бо ихтисоси "идораи ташкилот" хатм кардааст. Аз соли 1992 то 1993 мушовири шаҳрдори Маскав Юрий Лужков буд.
Панҷ бор ба Думаи давлатӣ интихоб шудааст. Аз 5 октябри соли 2016 роҳбарии Кумитаи умури байналмилалии Думаи давлатиро ба уҳда дорад. Моҳи феврали соли 2017 бархе аз хонумони рӯзноманигор Слутскийро дар дастдарозӣ муттаҳам карданд, аммо ӯ ин иддаоро иғвоангезӣ хонда буд.
Аз соли 2014-ум дар феҳрасти таҳримоти ИМА ва Иттиҳоди Аврупо қарор дошта, аз соли 2015 мудири кафедраи муносиботи байналмилалӣ ва равандҳои ҳамгироии Донишгоҳи давлатии Маскав мебошад.
Дар баробари ин Слутский доктори илмҳои иқтисодӣ, муаллифи корҳои илмӣ дар масоили иқтисоди муосир, ҳамгироии авруосиёӣ ва ҳамкории байнипарлумонӣ мебошад. Ӯ ҳамчунин яке аз намояндагони ҳайати Русия дар музокирот бо Украина мебошад.