https://sputnik.tj/20220406/tarjuma-hol-vladimir-zhirinovskiy-1047406175.html
Тарҷумаи ҳоли Владимир Жириновский: раҳбари ҲЛДР чӣ гуна буд
Тарҷумаи ҳоли Владимир Жириновский: раҳбари ҲЛДР чӣ гуна буд
Sputnik Тоҷикистон
Владимир Жириновский, раиси Ҳизби либерал-демократии Русия, рӯзи 6 апрел дар Маскав даргузашт. Он чи дар бораи сиёсат маълум аст - дар тарҷумаи ҳоли Sputnik Тоҷикистон
2022-04-06T16:21+0500
2022-04-06T16:21+0500
2022-04-06T18:26+0500
владимир жириновский
даргузашт
тарҷумаи ҳол
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/04/06/1047402560_0:173:3071:1900_1920x0_80_0_0_52f1bfe5ae82cb390f8e9e7b9d19593c.jpg
ДУШАНБЕ, 6 апр — Sputnik. Сиёсатмадори тундгӯ Владимир Жириновский баҳори соли 1967 вориди сиёсат шуд. Дар тӯли солҳои фаъолияти худ раиси Ҳизби либерал-демократӣ шаш бор дар интихоботи президентии Русия ширкат кардааст. Ин сиёсатмадор 25 апрели соли 1946 дар Алмаато, дар ҶШС Қазоқистон ба дунё омадааст. Оилаи Владимир ЖириновскийБобои падарии Владимир Жириновский - Исҳоқ Эйделштейн, саноатчии маъруф ва дар ноҳияи Костопол марди обрӯманд буд. Вай заводи чӯбу тахтаи худро дошт. Дар ҳудуди он роҳи оҳан амал мекард, ки тавассуташ маҳсулоти тайёр ба Урупои Ғарбӣ фиристода мешуданд. Соли 1939, баъди ба ИҶШ Украина ҳамроҳ шудани Украинаи Ғарбӣ коргоҳ миллӣ карда шуд, дар нисбати хонае, ки Эйделштейнҳо бо фарзандонашон зиндагӣ мекарданд, низ ҳамин гуна ходиса руй дод. Соли 1941 фашистон ба шаҳр ҳуҷум карда, аз корхона миқдори зиёде аз техникаро бароварданд. Дар ҳуҷҷатҳои бойгонӣ барои соли 1944, дар рӯйхати корхонаҳои саноатие, ки олмониҳо хароб карда буданд, коргоҳи Итсек Айзик Эйдельштейн низ сабт шудааст. Падари Владимир Жириновский Волф Исаакович Эйделштейн соҳиби замин буд ва розак парвариш, инчунин ба кори устохонаҳое роҳбарӣ мекард, ки коркарди ибтидоии чӯбро барои корхонаи падараш анҷом медоданд.Владимир Жириновский даргузаштПас аз ҳамроҳ шудани Украинаи Ғарбӣ Волф ва бародараш Ҳорун ба Қазоқистон депорт шуданд. Дар Қазоқистон Волф бо модари Жириновский издивоҷ кард, аммо моҳи апрели соли 1946 ӯро ба Лаҳистон депорт карданд ва соли 1949 ба Исроил баргашт. Волф Эйделштейн узви ҳаракати сиёсии "Ликуд" буд. "Бори охир ман зану писарамро тобистони соли 1946 дида будам, ки Александра Павловна ба дидорам ба Лаҳистон омада буд, баъд аз он мо бо айби ҳукуматдорони шӯравӣ вохӯрда натавонистем", - гуфтааст ӯ.Волф Эйделштейн 20 августи соли 1983, 3 ҳафта пас аз зери чархи автобус афтодан даргузашт.Модари Владимир Жириновский Александра Павловна (насаби аввалааш Макарова) дар деҳаи Лаушки ноҳияи Краснослободски Мордовия таваллуд шудааст. Боз як "пешгӯӣ"-и ҳайратангези Жириновский амалӣ шудВай солҳои 1940 бо панҷ фарзанд ва шавҳари аввалаш Андрей Жириновский, ки дар НКВД-и ИҶШС хидмат мекард, ба Алмаато кӯчид. Модари Жириновский пас аз марги ҳамсараш, соли 1944 ба Волф Эйделштейн издивоҷ кард. Владимир фарзанди шашумин ӯ буд. Худи Владимир падари биологии худро намешинохт. Вай то соли 1964 бо номи падараш — Эйдельштейн ба сар мебурд ва пеш аз дохил шудан ба донишгоҳ насаби шавҳари аввали модараш — Жириновскийро гирифт. Аз 6 январи соли 1971 бо вирусшинос, номзади илмҳои биология Галина Лебедева издивоҷ кардааст. Ба гуфтаи Жириновский, дар соли 1978 онҳо расман ҷудо шуданд. Жириновский се фарзанд - писарон Игор ва Олег ва ҳамчунин як духтар бо номи Анастасия Петрова дорад. Таҳсилоти Владимир ЖириновскийВладимир Жириновский мактаби миёнаи раками 25 ба номи Дзержинскийи шаҳри Алмааторо хатм кардааст. Солҳои 1964-1970 Жириновский дар Донишкадаи забонҳои шарқии Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М.В.Ломоносов бо ихтисоси забон ва адабиёти турк таҳсил кардааст. Солҳои 1965-1967 дар Донишгоҳи марксизм-ленинизм, факултети муносибатҳои байналмилалӣ таҳсил кардааст. Дар соли 4-уми донишҷӯияш Владимир Жириновскийро барои таҷрибаомӯзи бакалавр ба Туркия, ба Искандарун, ба корхонаи металлургӣ ҳамчун таҷрибаомӯз-тарҷумон фиристоданд.Ӯ дар соли 1969 барои "таблиғоти коммунистӣ" боздошт ва аз ин кишвар ихроҷ шуд. Ба гуфтаи Жириновский, зиндони кутоҳмуддат барои ворид шудан ба сафи КПСС, дохил шудан ба аспирантура ва сафар ба кишварҳои хориҷӣ монеъ шуд.Сиёсатшинос ҷойгузини Жириновскийро гуфт: кӣ ҲЛДР-ро раҳбарӣ мекунад? Жириновский пас аз хатми донишкада, дар солҳои 1970-1972 ҳамчун афсари шуъбаи сиёсии Округи ҳарбии Закавказе дар Тбилиси даъват шуда буд. Солҳои 1972—1975 дар Кумитаи шӯравии муҳофизати сулҳ, дар шуъбаи Урупои Ғарбӣ кор кардааст. Соли 1977 шуъбаи шабонаи факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Маскавро бо дипломи аъло хатм кардааст. Солҳои 1977-1983 Жириновский дар Коллегияи ҳуқуқшиносони байналмилалӣ кор кардааст. Солҳои 1983-1990 мудири шуъбаи ҳуқуқии нашриёти "Мир" буд. Жириновский бо забонҳои англисӣ, фаронсавӣ, олмонӣ ва туркӣ ҳарф мезад. Владимир Жириновский дар сиёсатТавре худи Владимир Жириновский гуфтааст, ӯ аз апрели соли 1967 ба сиёсат машғул шудааст. Жириновский аввалин бор дар саҳнаи сиёсӣ бо як мактубаш ба Леонид Илич Брежнев зуҳур кард, ки дар он аз зарурати ислоҳот дар соҳаи маориф, хоҷагии қишлоқ ва ҳукумати шаҳр мегуфт. Дере нагузашта ӯро ба шуъбаи мактабҳои олии Кумитаи шаҳри Маскави КПСС ба суҳбат даъват карда, ҳузураш тавзеҳ доданд, ки ин таклифҳо "бо сабабҳои молӣ ва баъзе сабабҳои сиёсӣ ғайривоқеӣ мебошанд". Моҳи майи соли 1988 дар анҷумани муассисони "Иттиҳоди демократӣ" ширкат дошт. Ин аввалин қадамҳои Жириновский дар сиёсат буд. Баъди гузориш дар съезд ба ҳайати Шӯрои марказии координатсионӣ интихоб шуд, вале дере нагузашта вай ин ҳизбро тарк кард. Соли 1991 Жириновский ҳамроҳ бо Владимир Богачёв Ҳизби либерал-демократии Иттиҳоди Шӯравиро дар Вазорати адлия сабти ном кард. Соли 1992 фраксияи русиягии он Ҳизби либерал-демократии Русия номида шуд. Моҳи июни соли 1991 Жириновский барои интихоботи президентии РСФСР номзад шуда, бо 7,81%-и ороъ дар ҷои сеюм қарор гирифт.Моҳи августи соли 1991 Жириновский ошкоро аз ГКЧП пуштибонӣ карда, рақибони онҳоро "радди маъарака" номид. Гурӯҳи тафтишотии парвандаи ГКЧП алайҳи Жириновский тибқи 6 модда иттиҳом омода карда буд, аммо онҳоро ба кор набурданд.Аз соли 1993 то соли 1995 Жириновский вакили Думаи давлатии Русия, даъвати I буд. Моҳи декабри соли 1995 вакили Думаи давлатӣ, даъвати II интихоб шуд. Моҳи январи соли 1996 ӯ аз Ҳизби либерал-демократӣ ба унвони номзад ба мақоми кишвардори Русия пешбарӣ шуд. Моҳи майи соли 1999 Жириновский ба мақоми губернатори вилояти Белгород интихоб шуд. Вай бо 17 фоизи овозҳо ҷои сеюмро гирифт. Соли 2000 ӯ ба вазифаи муовини раиси Думаи давлатӣ, даъвати III интихоб шуд, бинобар ин ӯ аз роҳбарии ҳизби парлумонии ҲЛДР даст кашид. Писараш Игор Лебедев раиси ҳизб интихоб шуд. Дар интихоботи президентии соли 2000 ӯ ҷойи 5-умро гирифт. Жириновский дар овоздиҳии соли 2004 ширкат надошт.Соли 2008 ӯ дар интихоботи президентии Русия ширкат кард ва дар мақоми сеюм қарор гирифт. Аз соли 2012 Жириновский узви Шӯрои давлатии Русия буд. Ҷоизаҳо ва унвонҳои Владимир ЖириновскийВладимир Жириновский бо орденҳои "Барои хизмат дар назди Ватан" (дараҷаҳои I, II, III ва IV), Александр Невский, "Шараф" мукофотонида шудааст. Инчунин ӯ бо медалҳои Жуков, "Ба хотираи 850-солагии Москва", "Ба хотираи 300-солагии Санкт-Петербург", "Барои хизмат дар гузаронидани барӯйхатгирии умумирусиягии аҳолӣ", Столипин П.А (дараҷаҳои I ва II) қадрдонӣ шудааст. Жириновский 2 ҷоизаи хориҷӣ - ордени Шараф ва Шуҳрат, дараҷаи II (Абхазистон) ва Пири фахрии халқ (Туркманистон) гирифтааст. Муҷассамаи Владимир ЖириновскийСоли 2016 дар Маскав муҷассамаи Владимир Жириновский гузошта шуд. Ҳайкалро Зураб Тсеретелӣ сохтааст. Дар саҳни Пажуҳишгоҳи тамаддунҳои ҷаҳонӣ, ки онро сиёсатмадор таъсис додааст, тандиси баландиаш беш аз 3 метр гузошта шудааст.
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/04/06/1047402560_340:0:3071:2048_1920x0_80_0_0_0e73aaca79fd83c8523a54b304bfcb7b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
владимир жириновский, тарҷумаи ҳол
владимир жириновский, тарҷумаи ҳол
Тарҷумаи ҳоли Владимир Жириновский: раҳбари ҲЛДР чӣ гуна буд
16:21 06.04.2022 (Навсозишуда: 18:26 06.04.2022) Владимир Жириновский, раиси Ҳизби либерал-демократии Русия рӯзи 6 апрел дар Маскав даргузашт. Дар бораи ҳаёти ин сиёсатмадор дар нигоштаи тарҷумаҳолии Sputnik Тоҷикистон дар бораи ӯ бихонед
ДУШАНБЕ, 6 апр — Sputnik. Сиёсатмадори тундгӯ Владимир Жириновский баҳори соли 1967 вориди сиёсат шуд. Дар тӯли солҳои фаъолияти худ раиси Ҳизби либерал-демократӣ шаш бор дар интихоботи президентии Русия ширкат кардааст.
Ин сиёсатмадор 25 апрели соли 1946 дар Алмаато, дар ҶШС Қазоқистон ба дунё омадааст.
Оилаи Владимир Жириновский
Бобои падарии Владимир Жириновский - Исҳоқ Эйделштейн, саноатчии маъруф ва дар ноҳияи Костопол марди обрӯманд буд. Вай заводи чӯбу тахтаи худро дошт. Дар ҳудуди он роҳи оҳан амал мекард, ки тавассуташ маҳсулоти тайёр ба Урупои Ғарбӣ фиристода мешуданд.
Соли 1939, баъди ба ИҶШ Украина ҳамроҳ шудани Украинаи Ғарбӣ коргоҳ миллӣ карда шуд, дар нисбати хонае, ки Эйделштейнҳо бо фарзандонашон зиндагӣ мекарданд, низ ҳамин гуна ходиса руй дод.
Соли 1941 фашистон ба шаҳр ҳуҷум карда, аз корхона миқдори зиёде аз техникаро бароварданд. Дар ҳуҷҷатҳои бойгонӣ барои соли 1944, дар рӯйхати корхонаҳои саноатие, ки олмониҳо хароб карда буданд, коргоҳи Итсек Айзик Эйдельштейн низ сабт шудааст.
Падари Владимир Жириновский Волф Исаакович Эйделштейн соҳиби замин буд ва розак парвариш, инчунин ба кори устохонаҳое роҳбарӣ мекард, ки коркарди ибтидоии чӯбро барои корхонаи падараш анҷом медоданд.
Пас аз ҳамроҳ шудани Украинаи Ғарбӣ Волф ва бародараш Ҳорун ба Қазоқистон депорт шуданд.
Дар Қазоқистон Волф бо модари Жириновский издивоҷ кард, аммо моҳи апрели соли 1946 ӯро ба Лаҳистон депорт карданд ва соли 1949 ба Исроил баргашт.
Волф Эйделштейн узви ҳаракати сиёсии "Ликуд" буд.
"Бори охир ман зану писарамро тобистони соли 1946 дида будам, ки Александра Павловна ба дидорам ба Лаҳистон омада буд, баъд аз он мо бо айби ҳукуматдорони шӯравӣ вохӯрда натавонистем", - гуфтааст ӯ.
Волф Эйделштейн 20 августи соли 1983, 3 ҳафта пас аз зери чархи автобус афтодан даргузашт.
Модари Владимир Жириновский Александра Павловна (насаби аввалааш Макарова) дар деҳаи Лаушки ноҳияи Краснослободски Мордовия таваллуд шудааст.
Вай солҳои 1940 бо панҷ фарзанд ва шавҳари аввалаш Андрей Жириновский, ки дар НКВД-и ИҶШС хидмат мекард, ба Алмаато кӯчид. Модари Жириновский пас аз марги ҳамсараш, соли 1944 ба Волф Эйделштейн издивоҷ кард. Владимир фарзанди шашумин ӯ буд.
Худи Владимир падари биологии худро намешинохт. Вай то соли 1964 бо номи падараш — Эйдельштейн ба сар мебурд ва пеш аз дохил шудан ба донишгоҳ насаби шавҳари аввали модараш — Жириновскийро гирифт.
Аз 6 январи соли 1971 бо вирусшинос, номзади илмҳои биология Галина Лебедева издивоҷ кардааст.
Ба гуфтаи Жириновский, дар соли 1978 онҳо расман ҷудо шуданд. Жириновский се фарзанд - писарон Игор ва Олег ва ҳамчунин як духтар бо номи Анастасия Петрова дорад.
Таҳсилоти Владимир Жириновский
Владимир Жириновский мактаби миёнаи раками 25 ба номи Дзержинскийи шаҳри Алмааторо хатм кардааст. Солҳои 1964-1970 Жириновский дар Донишкадаи забонҳои шарқии Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М.В.Ломоносов бо ихтисоси забон ва адабиёти турк таҳсил кардааст.
Солҳои 1965-1967 дар Донишгоҳи марксизм-ленинизм, факултети муносибатҳои байналмилалӣ таҳсил кардааст. Дар соли 4-уми донишҷӯияш Владимир Жириновскийро барои таҷрибаомӯзи бакалавр ба Туркия, ба Искандарун, ба корхонаи металлургӣ ҳамчун таҷрибаомӯз-тарҷумон фиристоданд.
Ӯ дар соли 1969 барои "таблиғоти коммунистӣ" боздошт ва аз ин кишвар ихроҷ шуд.
Ба гуфтаи Жириновский, зиндони кутоҳмуддат барои ворид шудан ба сафи КПСС, дохил шудан ба аспирантура ва сафар ба кишварҳои хориҷӣ монеъ шуд.
Жириновский пас аз хатми донишкада, дар солҳои 1970-1972 ҳамчун афсари шуъбаи сиёсии Округи ҳарбии Закавказе дар Тбилиси даъват шуда буд.
Солҳои 1972—1975 дар Кумитаи шӯравии муҳофизати сулҳ, дар шуъбаи Урупои Ғарбӣ кор кардааст.
Соли 1977 шуъбаи шабонаи факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Маскавро бо дипломи аъло хатм кардааст.
Солҳои 1977-1983 Жириновский дар Коллегияи ҳуқуқшиносони байналмилалӣ кор кардааст.
Солҳои 1983-1990 мудири шуъбаи ҳуқуқии нашриёти "Мир" буд.
Жириновский бо забонҳои англисӣ, фаронсавӣ, олмонӣ ва туркӣ ҳарф мезад.
Владимир Жириновский дар сиёсат
Тавре худи Владимир Жириновский гуфтааст, ӯ аз апрели соли 1967 ба сиёсат машғул шудааст.
Жириновский аввалин бор дар саҳнаи сиёсӣ бо як мактубаш ба Леонид Илич Брежнев зуҳур кард, ки дар он аз зарурати ислоҳот дар соҳаи маориф, хоҷагии қишлоқ ва ҳукумати шаҳр мегуфт.
Дере нагузашта ӯро ба шуъбаи мактабҳои олии Кумитаи шаҳри Маскави КПСС ба суҳбат даъват карда, ҳузураш тавзеҳ доданд, ки ин таклифҳо "бо сабабҳои молӣ ва баъзе сабабҳои сиёсӣ ғайривоқеӣ мебошанд".
Моҳи майи соли 1988 дар анҷумани муассисони "Иттиҳоди демократӣ" ширкат дошт. Ин аввалин қадамҳои Жириновский дар сиёсат буд. Баъди гузориш дар съезд ба ҳайати Шӯрои марказии координатсионӣ интихоб шуд, вале дере нагузашта вай ин ҳизбро тарк кард.
Соли 1991 Жириновский ҳамроҳ бо Владимир Богачёв Ҳизби либерал-демократии Иттиҳоди Шӯравиро дар Вазорати адлия сабти ном кард.
Соли 1992 фраксияи русиягии он Ҳизби либерал-демократии Русия номида шуд.
Моҳи июни соли 1991 Жириновский барои интихоботи президентии РСФСР номзад шуда, бо 7,81%-и ороъ дар ҷои сеюм қарор гирифт.
Моҳи августи соли 1991 Жириновский ошкоро аз ГКЧП пуштибонӣ карда, рақибони онҳоро "радди маъарака" номид.
Гурӯҳи тафтишотии парвандаи ГКЧП алайҳи Жириновский тибқи 6 модда иттиҳом омода карда буд, аммо онҳоро ба кор набурданд.
Аз соли 1993 то соли 1995 Жириновский вакили Думаи давлатии Русия, даъвати I буд.
Моҳи декабри соли 1995 вакили Думаи давлатӣ, даъвати II интихоб шуд.
Моҳи январи соли 1996 ӯ аз Ҳизби либерал-демократӣ ба унвони номзад ба мақоми кишвардори Русия пешбарӣ шуд.
Моҳи майи соли 1999 Жириновский ба мақоми губернатори вилояти Белгород интихоб шуд. Вай бо 17 фоизи овозҳо ҷои сеюмро гирифт.
Соли 2000 ӯ ба вазифаи муовини раиси Думаи давлатӣ, даъвати III интихоб шуд, бинобар ин ӯ аз роҳбарии ҳизби парлумонии ҲЛДР даст кашид.
Писараш Игор Лебедев раиси ҳизб интихоб шуд.
Дар интихоботи президентии соли 2000 ӯ ҷойи 5-умро гирифт. Жириновский дар овоздиҳии соли 2004 ширкат надошт.
Соли 2008 ӯ дар интихоботи президентии Русия ширкат кард ва дар мақоми сеюм қарор гирифт.
Аз соли 2012 Жириновский узви Шӯрои давлатии Русия буд.
Ҷоизаҳо ва унвонҳои Владимир Жириновский
Владимир Жириновский бо орденҳои "Барои хизмат дар назди Ватан" (дараҷаҳои I, II, III ва IV), Александр Невский, "Шараф" мукофотонида шудааст.
Инчунин ӯ бо медалҳои Жуков, "Ба хотираи 850-солагии Москва", "Ба хотираи 300-солагии Санкт-Петербург", "Барои хизмат дар гузаронидани барӯйхатгирии умумирусиягии аҳолӣ", Столипин П.А (дараҷаҳои I ва II) қадрдонӣ шудааст.
Жириновский 2 ҷоизаи хориҷӣ - ордени Шараф ва Шуҳрат, дараҷаи II (Абхазистон) ва Пири фахрии халқ (Туркманистон) гирифтааст.
Муҷассамаи Владимир Жириновский
Соли 2016 дар Маскав муҷассамаи Владимир Жириновский гузошта шуд. Ҳайкалро Зураб Тсеретелӣ сохтааст.
Дар саҳни Пажуҳишгоҳи тамаддунҳои ҷаҳонӣ, ки онро сиёсатмадор таъсис додааст, тандиси баландиаш беш аз 3 метр гузошта шудааст.