СММ: Афғонистон ҳамчунон бузургтарин тавлидкунандаи маводи мухаддир дар ҷаҳон аст

© Sputnik / Сергей Жуков сок мака
 сок мака - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.03.2022
Обуна шудан
Созмони Милали Муттаҳид мегӯяд, ҳарчанд заминҳои кишти маводи мухаддир дар Афғонистон коҳиш ёфтааст, аммо ин кишвар ҳамчунон бузургтарин тавлидукунандаи маводи мухаддир боқи мондааст
ДУШАНБЕ, 23 мар – Sputnik. Дар як пажӯҳиши СММ дар мавриди тавлиди тарёк дар Афғонистон дар соли 2021, ки ахиран мунташир шуд, гуфта шудааст, ки арзиши тавлиди нохолиси маводи мухаддири Афғонистон дар соли гузашта аз 1,8 то 2,7 миллиард доллар арзёбӣ шудааст, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.
Дар ин гузориш гуфта мешавад, ки дар поёни фасли кишти хашхош дар июли соли 2021 соҳоти зери кишти тарёк дар Афғонистон 177 ҳазор гектар баровард шудааст.
Ин рақам дар муқоиса бо соли 2020 ҳудуди 47 ҳазор гектар аз майдони кишти тарёк кам аст, ки ин коҳиши 21-дарсадиро нишон дод.
Дафтари Созмони Милали Муттаҳид дар умури маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ (UNODC) таъкид кардааст, ки кишти хашхош тайи ду даҳсолаи охир пайваста афзоиш ёфтааст.
Уничтожение наркотических средств в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.02.2022
Афзоиши қочоқи маводи мухаддир ба Тоҷикистон баъди қудратгирии толибҳо дар Афғонистон
Тибқи иттилои дафтари мазкур, дар соли 2021 бештар парвариши тарёк дар ҷанубу ғарб (79%), сипас дар ғарб (10%) ва шимоли ин кишвар (6%) сурат гирифтааст.
Ба минтақаҳои шарқӣ ва шимолу шарқӣ ҳамаги 2%-и ҳаҷми умумии кишти тарёк рост меояд. Минтақаҳои чанубӣ ва марказӣ якҷоя 0,8 фоизи тамоми кишти тарёкро ташкил медиҳанд.
Ҳилманд дар кишти тарёк низ пешсаф боқӣ мемонад. Пас аз он Қандаҳору Фароҳ, Урузгон, Бодғис, Форёб, Бадахшон, Нимрӯз ва Балх ҳастанд.
Шумораи вилоятҳое, ки дар он дар соли 2021 тарёк кишт нашудааст, аз 12 то 11 кам шудааст.
Вилояти Самангон, ки аз кишти тарёк озод буд, ба қатори вилоятҳое, ки дар он тарёк кишт мешавад, дохил шуд ва дар умум ҳоло дар 23 вилояти Афғонистон ин навъи маводи мухаддир парвариш мешавад.
Лентаи хабарҳо
0