https://sputnik.tj/20220527/rusiya-khovar-miyona-afriqo-rubl-barrasi-1048756571.html
Русия бо кишварҳои Ховари Миёнаву Африқо гузариш ба савдо аз тариқи рублро баррасӣ мекунад
Русия бо кишварҳои Ховари Миёнаву Африқо гузариш ба савдо аз тариқи рублро баррасӣ мекунад
Sputnik Тоҷикистон
Русия бо кишварҳои Ховари Миёна ва Африқои Шимолӣ масъалаи гузариш ба рублро баррасӣ хоҳад кард, гуфт вазири молияи ин кишвар дар ҳамоиш
2022-05-27T20:01+0500
2022-05-27T20:01+0500
2022-05-27T20:01+0500
иқтисод
дар ҷаҳон
дар русия
арабистони саудӣ
миср
патрушев
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/17/1046186230_0:0:3099:1743_1920x0_80_0_0_2b7f1ecf6627f6bffdf12c4c5b4a1ea8.jpg
ДУШАНБЕ, 27 май — Sputnik. Вазорати кишоварзии Русия бо кишварҳои Ховари Миёна ва Африқои Шимолӣ имкони гузаштан ба ҳисоббаробаркуниҳо бо рубл ва бознигарии механизми ҳисоббаробаркуниро бо мақсади хориҷ кардани бонкҳои аврупоӣ аз он баррасӣ хоҳад кард. Дар ин бора вазири кишоварзии Русия Дмитрий Патрушев дар ҳамоиши умумирусиягии кишоварзӣ сухан гуфт."Дар воқеъ, ин мавзуъ муддати тӯлонӣ баррасӣ мешавад. Ман бо мисриҳо ва саудиҳо суҳбат кардам, мо ҳамаи ин суолҳоро ба миён гузоштем. Воқеан, ҳафтаи оянда бояд суҳбат бо шарики ман аз Арабистони Саудӣ баргузор шавад. Аммо то ҳол, мутаассифона, ин масъала ҳал нашудааст. Вале мо дар ин самт кор хоҳем кард",- гуфт Патрушев дар посух ба ин суол, ки оё имкон ҳаст, ҳисоббаробаркуниҳо барои чунин муомилот ба пули миллӣ сурат бигиранд, менависад РИА "Новости".Дар посух ба ин суол яке аз ширкатдорони ҳамоиш ёдовар шуд, ки ахиран содиркунандагони Русия мустақиман вориди тендерҳо шуда, аз тоҷирони байналмилалӣ канор рафтаанд, аммо яке аз шартҳои имкони чунин пардохтҳо кафолати бонкист. Қаблан он аз ҷониби бонкҳои Русия низ дар ивази гирифтани кафолатҳои мутавассит аз бонкҳои дараҷаи аввали аврупоӣ ироа мешуд, аммо ҳоло ин ба далели шадидтар шудани сиёсати таҳримӣ ғайриимкон аст. Дар робита ба ин аз вазир ҳамчунин пурсида шуд, ки оё имкон дорад, бо ҳукуматҳои Миср, Арабистони Саудӣ, Туркия дар бораи додани кафолати мустақим аз бонкҳои Русия бо кафолати Ҳукумати Русия музокира анҷом дод?Патрушев мушаххас кард, ки ин масъала низ дар рӯзномаи музокироти дарпешистода қарор дорад. "Мо имконоти аз байн бурдани зарурати пешниҳоди кафолатҳои муқобил аз бонкҳои аврупоиро таҳия хоҳем кард. Ҳамзамон мо вазъи интиқоли ғаллаи Русияро дар асоси ғайритендер баррасӣ хоҳем кард. Шояд ин яке аз мавзуъҳои душвор бошад. Мо якҷоя ҳал мекунем", — гуфт вазир.
https://sputnik.tj/20220527/pashinyan-mintaqa-ozodi-tijori-eron-1048749962.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/17/1046186230_368:0:3099:2048_1920x0_80_0_0_4fb0a353c5ca7fa78aa25c229130e514.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
аврупо, африқо, ховари миёна, рубл,
аврупо, африқо, ховари миёна, рубл,
Русия бо кишварҳои Ховари Миёнаву Африқо гузариш ба савдо аз тариқи рублро баррасӣ мекунад
Русия бо кишварҳои Ховари Миёна ва Африқои Шимолӣ масъалаи гузариш ба тиҷорат аз тариқи рублро баррасӣ хоҳад кард, гуфт вазири кишоварзии ин кишвар дар ҳамоиш
ДУШАНБЕ, 27 май — Sputnik. Вазорати кишоварзии Русия бо кишварҳои Ховари Миёна ва Африқои Шимолӣ имкони гузаштан ба ҳисоббаробаркуниҳо бо рубл ва бознигарии механизми ҳисоббаробаркуниро бо мақсади хориҷ кардани бонкҳои аврупоӣ аз он баррасӣ хоҳад кард.
Дар ин бора вазири кишоварзии Русия Дмитрий Патрушев дар ҳамоиши умумирусиягии кишоварзӣ сухан гуфт.
"Дар воқеъ, ин мавзуъ муддати тӯлонӣ баррасӣ мешавад. Ман бо мисриҳо ва саудиҳо суҳбат кардам, мо ҳамаи ин суолҳоро ба миён гузоштем. Воқеан, ҳафтаи оянда бояд суҳбат бо шарики ман аз Арабистони Саудӣ баргузор шавад. Аммо то ҳол, мутаассифона, ин масъала ҳал нашудааст. Вале мо дар ин самт кор хоҳем кард",- гуфт Патрушев дар посух ба ин суол, ки оё имкон ҳаст, ҳисоббаробаркуниҳо барои чунин муомилот ба пули миллӣ сурат бигиранд, менависад РИА "Новости".
Дар посух ба ин суол яке аз ширкатдорони ҳамоиш ёдовар шуд, ки ахиран содиркунандагони Русия мустақиман вориди тендерҳо шуда, аз тоҷирони байналмилалӣ канор рафтаанд, аммо яке аз шартҳои имкони чунин пардохтҳо кафолати бонкист.
Қаблан он аз ҷониби бонкҳои Русия низ дар ивази гирифтани кафолатҳои мутавассит аз бонкҳои дараҷаи аввали аврупоӣ ироа мешуд, аммо ҳоло ин ба далели шадидтар шудани сиёсати таҳримӣ ғайриимкон аст.
Дар робита ба ин аз вазир ҳамчунин пурсида шуд, ки оё имкон дорад, бо ҳукуматҳои Миср, Арабистони Саудӣ, Туркия дар бораи додани кафолати мустақим аз бонкҳои Русия бо кафолати Ҳукумати Русия музокира анҷом дод?
Патрушев мушаххас кард, ки ин масъала низ дар рӯзномаи музокироти дарпешистода қарор дорад.
"Мо имконоти аз байн бурдани зарурати пешниҳоди кафолатҳои муқобил аз бонкҳои аврупоиро таҳия хоҳем кард. Ҳамзамон мо вазъи интиқоли ғаллаи Русияро дар асоси ғайритендер баррасӣ хоҳем кард. Шояд ин яке аз мавзуъҳои душвор бошад. Мо якҷоя ҳал мекунем", — гуфт вазир.