https://sputnik.tj/20220527/pashinyan-mintaqa-ozodi-tijori-eron-1048749962.html
Пашинян хостори ташкили минтақаи озоди тиҷорӣ бо Эрон шуд: Путин ҷонибдорӣ кард
Пашинян хостори ташкили минтақаи озоди тиҷорӣ бо Эрон шуд: Путин ҷонибдорӣ кард
Sputnik Тоҷикистон
Сарвазири Арманистон аз ташкили минтақаи муваққати озоди тиҷоратӣ бо Эрон тавсиф карда, пешниҳод намуд, ки ин созишнома ба таври комил баста шавад
2022-05-27T18:40+0500
2022-05-27T18:40+0500
2022-10-05T18:27+0500
дар ҷаҳон
эрон
иқтисод
арманистон
савдо
авруосиё
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/10/1042306414_0:106:2048:1258_1920x0_80_0_0_b5e824eba3735746c9ee4f136369bff9.jpg
ДУШАНБЕ, 27 май — Sputnik. Миёни кишварҳои Иттиҳоди Иқтисодии АвруОсиё ва Эрон ба таври комил минтақаи озоди тиҷоратӣ ташкил карда шавад, пешниҳод намуд Никол Пашинян, сарвазири Ҷумҳурии Арманистон. Ӯ ин нуқтаро зимни ҷаласаи сарони кишварҳои узви ИИАО пешниҳод карда, бар зарфияти додугирифт бо Эрон таъкид намуд. Ба гуфтаи Пашинян, созишномаи муваққатӣ дар мавриди минтақаи озоди тиҷорӣ бо Эрон таваҷҷуҳи калон ба бозорҳои тарафайнро нишон дод. Маврид ба зикр аст, ки созишномаи муваққатӣ дар мавриди минтақаи озоди тиҷоратӣ миёни кишварҳои узви ИИАО ва Эрон аз соли 2018 амал карда, пешниҳод шудааст, ки ин санад ба ҳуҷҷати комили ҳамешагӣ иваз карда шавад. Ин дар ҳолест, ки ба иттилои расмӣ, додугирифт миёни кишварҳои узви ИИАО ва Эрон дар соли 2021 беш аз 73% афзоиш ёфта, зиёда аз 5 млрд долларро ташкил додааст. Аз ҷумла содирот аз кишварҳои узви Иттиҳоди Иқтисодии АвруОсиё ба андозаи 2,1 баробар афзоиш ёфта, то ба 3,4 млрд доллар расидааст. Владимир Путин, раисҷумҳури Русия низ аз ташкили минтақаи озоди тиҷории ҳамешагӣ бо Эрон ҷонибдорӣ карда, изҳор доштааст, ки то таҳияи санади комил муҳлати амали созишномаи муваққатӣ тамдид шавад. Вай ҳамчунин хостори вусъати музокирот бо Мисру Индонезия дар мавриди ташкили минтақаи озоди иқтисодӣ шуда, муҳим хондааст, ки масъалаи тасвиби чунин як созишнома бо Имороти Муттаҳидаи Арабӣ низ мавриди баррасӣ қарор гирад.
https://sputnik.tj/20220527/putin-dodugirift-puli-milli-1048751379.html
эрон
арманистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/10/1042306414_116:0:1933:1363_1920x0_80_0_0_89e9ed038be3efb9e7390a904cbd8336.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
пешниҳод, пашинян, ҳимоят, ҷонибдорӣ, путин, савдо, озод, эрон
пешниҳод, пашинян, ҳимоят, ҷонибдорӣ, путин, савдо, озод, эрон
Пашинян хостори ташкили минтақаи озоди тиҷорӣ бо Эрон шуд: Путин ҷонибдорӣ кард
18:40 27.05.2022 (Навсозишуда: 18:27 05.10.2022) Сарвазири Арманистон аз ташкили минтақаи муваққати озоди тиҷоратӣ бо Эрон тавсиф карда, пешниҳод намуд, ки ин созишнома ба таври комил баста шавад
ДУШАНБЕ, 27 май — Sputnik. Миёни кишварҳои Иттиҳоди Иқтисодии АвруОсиё ва Эрон ба таври комил минтақаи озоди тиҷоратӣ ташкил карда шавад, пешниҳод намуд Никол Пашинян, сарвазири Ҷумҳурии Арманистон.
Ӯ ин нуқтаро зимни ҷаласаи сарони кишварҳои узви ИИАО пешниҳод карда, бар зарфияти додугирифт бо Эрон таъкид намуд.
Ба гуфтаи Пашинян, созишномаи муваққатӣ дар мавриди минтақаи озоди тиҷорӣ бо Эрон таваҷҷуҳи калон ба бозорҳои тарафайнро нишон дод.
Маврид ба зикр аст, ки созишномаи муваққатӣ дар мавриди минтақаи озоди тиҷоратӣ миёни кишварҳои узви ИИАО ва Эрон аз соли 2018 амал карда, пешниҳод шудааст, ки ин санад ба ҳуҷҷати комили ҳамешагӣ иваз карда шавад.
Ин дар ҳолест, ки ба иттилои расмӣ, додугирифт миёни кишварҳои узви ИИАО ва Эрон дар соли 2021 беш аз 73% афзоиш ёфта, зиёда аз 5 млрд долларро ташкил додааст. Аз ҷумла содирот аз кишварҳои узви Иттиҳоди Иқтисодии АвруОсиё ба андозаи 2,1 баробар афзоиш ёфта, то ба 3,4 млрд доллар расидааст.
Владимир Путин, раисҷумҳури Русия низ аз ташкили минтақаи озоди тиҷории ҳамешагӣ бо Эрон ҷонибдорӣ карда, изҳор доштааст, ки то таҳияи санади комил муҳлати амали созишномаи муваққатӣ тамдид шавад.
Вай ҳамчунин хостори вусъати музокирот бо Мисру Индонезия дар мавриди ташкили минтақаи озоди иқтисодӣ шуда, муҳим хондааст, ки масъалаи тасвиби чунин як созишнома бо Имороти Муттаҳидаи Арабӣ низ мавриди баррасӣ қарор гирад.