https://sputnik.tj/20220527/putin-dodugirift-puli-milli-1048751379.html
Путин: 75%-и додугирифт бо пули миллӣ сурат мегирад
Путин: 75%-и додугирифт бо пули миллӣ сурат мегирад
Sputnik Тоҷикистон
Раисиҷумҳури Русия аз ҳимояи пули миллӣ дар баробари таҳримоти густурдаи кишварҳои ғарбӣ хабар дода, додугирифт бо асъори худиро арзёбӣ кард
2022-05-27T16:40+0500
2022-05-27T16:40+0500
2022-05-27T18:58+0500
дар русия
иқтисод
молия
пули миллӣ
савдо
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/05/0f/1048470272_0:0:3071:1728_1920x0_80_0_0_9c62bfedc7d8774b9b117dfb03089a65.jpg
ДУШАНБЕ, 27 май — Sputnik. Беш аз 75%-и додугирифт миёни кишварҳои узви Иттиҳоди Иқтисодии АвруОсиё бо пули миллӣ сурат мегирад, изҳор дошт Владимир Путин, раисҷумҳури Русия. Ӯ зимни ҷаласаи роҳбарони кишварҳои узви Иттиҳоди Иқтисодии АвруОсиё ва давлатҳои нозир бар аҳамияти гузариш ба истифодаи пулҳои миллӣ таъкид намуд. Раисҷумҳури Русия аз ҷумла изҳор дошт, ки додугирифт бо пули миллӣ бо кишварҳое низ роҳандозӣ гардид, ки амалан шарики боэътимод будани худро нишон доданд. Ин дар ҳолест, ахиран Русия ва Эрон ҳам созиш кардаанд, ки ҳисоббаробаркуниҳо бо истифода аз пулҳои миллиро роҳандозӣ намоянд.Инчунин феълан Маскав бо бархе аз кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва берун аз он ҳисоббаробаркуниҳоро бо истифода аз пулҳои миллӣ ва рубл роҳандозӣ кардааст.Русия даҳсолаҳост, ки дар садри шарикони асосии тиҷории Тоҷикистон қарор дорад. Дар ҳамин ҳол Ҳукумати Тоҷикистон нақшаи ҳифзи иқтисоди миллиро аз таъсири омилҳои берунӣ тасдиқ кардааст, ки истифодаи рублу юан ба ҷойи доллар аз бандҳои он мебошад.Интизор меравад, бархе созишҳо дар мавриди хариди молу хидматрасониҳо бозбинӣ шаванд. Далели бознигарии созишҳо гузаштан аз доллар ба рубл ва юан зимни харидуфурӯши молҳои истифодаи умум, аз қабили маводи сӯхт, ғизо, чӯб, масолеҳи сохтмонӣ ва маводи хом барои корхонаҳои Тоҷикистон мебошад.
https://sputnik.tj/20220525/qirghiziston-suzishvori-rusiya-rubl-1048696548.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/05/0f/1048470272_90:0:2819:2047_1920x0_80_0_0_ea37844a034704bb7594633cbf3bd394.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
путин, додугирифт, пулҳои миллӣ
путин, додугирифт, пулҳои миллӣ
Путин: 75%-и додугирифт бо пули миллӣ сурат мегирад
16:40 27.05.2022 (Навсозишуда: 18:58 27.05.2022) Раисҷумҳури Русия аз ҳимояи пулҳои миллии ҷамоҳири дӯст дар баробари таҳримоти густурдаи кишварҳои ғарбӣ хабар дода, додугирифт бо асъори худиро арзёбӣ кард
ДУШАНБЕ, 27 май — Sputnik. Беш аз 75%-и додугирифт миёни кишварҳои узви Иттиҳоди Иқтисодии АвруОсиё бо пули миллӣ сурат мегирад, изҳор дошт Владимир Путин, раисҷумҳури Русия.
Ӯ зимни ҷаласаи роҳбарони кишварҳои узви Иттиҳоди Иқтисодии АвруОсиё ва давлатҳои нозир бар аҳамияти гузариш ба истифодаи пулҳои миллӣ таъкид намуд.
Раисҷумҳури Русия аз ҷумла изҳор дошт, ки додугирифт бо пули миллӣ бо кишварҳое низ роҳандозӣ гардид, ки амалан шарики боэътимод будани худро нишон доданд.
Ин дар ҳолест, ахиран Русия ва Эрон ҳам созиш кардаанд, ки ҳисоббаробаркуниҳо бо истифода аз пулҳои миллиро роҳандозӣ намоянд.
Инчунин феълан Маскав бо бархе аз кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва берун аз он ҳисоббаробаркуниҳоро бо истифода аз пулҳои миллӣ ва рубл роҳандозӣ кардааст.
Русия даҳсолаҳост, ки дар садри шарикони асосии тиҷории Тоҷикистон қарор дорад. Дар ҳамин ҳол Ҳукумати Тоҷикистон нақшаи ҳифзи иқтисоди миллиро аз таъсири омилҳои берунӣ тасдиқ кардааст, ки истифодаи рублу юан ба ҷойи доллар аз бандҳои он мебошад.
Интизор меравад, бархе созишҳо дар мавриди хариди молу хидматрасониҳо бозбинӣ шаванд. Далели бознигарии созишҳо гузаштан аз доллар ба рубл ва юан зимни харидуфурӯши молҳои истифодаи умум, аз қабили маводи сӯхт, ғизо, чӯб, масолеҳи сохтмонӣ ва маводи хом барои корхонаҳои Тоҷикистон мебошад.