https://sputnik.tj/20220527/neru-jkhd-jkhl-mintaqa-aholinishin-1048747046.html
Нерӯҳои ҶХД ва ҶХЛ 220 минтақаи аҳолинишинро озод карданд
Нерӯҳои ҶХД ва ҶХЛ 220 минтақаи аҳолинишинро озод карданд
Sputnik Тоҷикистон
Дар феҳрасти маҳаллаҳои озодкардаи нерӯҳои ҷумҳуриҳои мардумии Донетску Луганск аз ҷумла Лимани сурх ном бурда шуд, аз нигоҳи логистикӣ муҳим арзёбӣ мегардад
2022-05-27T13:55+0500
2022-05-27T13:55+0500
2023-10-02T17:11+0500
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
дар русия
низомӣ
нозизудоӣ
донбасс
украина
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/03/12/1046903377_0:0:2813:1583_1920x0_80_0_0_c5b5eb3dbf8d6a6d8d2ed392b00d614b.jpg
ДУШАНБЕ, 27 май — Sputnik. Нерӯҳои ҷумҳуриҳои Донетску Луганск бо дастгирии қувваҳои мусаллаҳи Русия назорати комил бар 220 маҳаллаи истиқоматиро таъмин карданд, изҳор дошт ситоди мудофиаи ҳудудии ҶХД. Дар феҳрасти минтақаҳои озодшуда, аз ҷумла Лимани Сурх мебошад, ки аз нигоҳи логистикӣ хеле муҳим мебошад, хабар дода шудааст дар саҳифаи "Telegram"-и ситод. Таъкид шудааст, ки Лимани Сурх калонтарин нуктаи убури роҳҳои оҳан мебошад, ки ба Крамоторск дохил мешавад. Ёдовар мешавем, ки дар ҷараёни амалиёти низомӣ барои ҳимояи Донбас нерӯҳои Русия ҳамчунин вилояти Херсон ва қисмати соҳилии Азови вилояти Запорожеро озод карданд.Дар минтақаҳо мудириятҳои ҳарбӣ-шаҳрвандӣ ташкил карда шуданд, пахши шабакаҳои телевизионӣ ва радиои Русия оғоз шуд, робитаҳои тиҷоратӣ бо Қрим барқарор мешаванд. Маврид ба зикр аст, ки 21 феврал Русия мустақилияти ҷумҳуриҳои халқии Донетск ва Луганскро эътироф карда, созишномаи дӯстӣ бо онҳоро ба тасвиб расонд.Дар пайи ин Путин 24 феварал аз тасмимаш барои оғози амалиёти низомӣ дар Украина хабар дода, афзуд, ки "вазъият иқдоми фаврӣ ва қотеъро талаб мекунад". Ӯ афзуд, ки Донетску Луганск барои кумак ба Русия муроҷиат кардаанд.Раисҷумҳури Русия онро ҳадафи инро "ҳифозати мардуме, ки дар тӯли ҳашт сол таҳти таҳқиру наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд" номид.Ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми масъулини "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Аммо дар бораи ишғоли Украина сухане нест, таъкид кард раисҷумҳури Русия.Ба гуфтаи вазорати дифоъ, то охири моҳи март артиши Русия вазифаҳои асосии марҳалаи аввалро анҷом дод - он зарфияти ҷангии Украинаро ба таври қобили мулоҳиза коҳиш дод. Ҳадафи асосӣ дар ин ниҳод озодкунии Донбасс номида шуд.
https://sputnik.tj/20220527/kherson-zaporozhe-kod-telefon-rusiya-1048745409.html
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/03/12/1046903377_79:0:2808:2047_1920x0_80_0_0_bd649c90c2d6f2a9f1add4cdf641bc6a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
лимани сурх, озод, амалиёт
лимани сурх, озод, амалиёт
Нерӯҳои ҶХД ва ҶХЛ 220 минтақаи аҳолинишинро озод карданд
13:55 27.05.2022 (Навсозишуда: 17:11 02.10.2023) Дар феҳрасти маҳаллаҳои озодкардаи нерӯҳои ҷумҳуриҳои мардумии Донетску Луганск, аз ҷумла Лимани сурх ном бурда шуд, аз нигоҳи логистикӣ муҳим арзёбӣ мегардад
ДУШАНБЕ, 27 май — Sputnik. Нерӯҳои ҷумҳуриҳои Донетску Луганск бо дастгирии қувваҳои мусаллаҳи Русия назорати комил бар 220 маҳаллаи истиқоматиро таъмин карданд, изҳор дошт ситоди мудофиаи ҳудудии ҶХД.
Дар феҳрасти минтақаҳои озодшуда, аз ҷумла Лимани Сурх мебошад, ки аз нигоҳи логистикӣ хеле муҳим мебошад, хабар дода шудааст дар саҳифаи "Telegram"-и ситод.
Таъкид шудааст, ки Лимани Сурх калонтарин нуктаи убури роҳҳои оҳан мебошад, ки ба Крамоторск дохил мешавад.
Ёдовар мешавем, ки дар ҷараёни амалиёти низомӣ барои ҳимояи Донбас нерӯҳои Русия ҳамчунин вилояти Херсон ва қисмати соҳилии Азови вилояти Запорожеро озод карданд.
Дар минтақаҳо мудириятҳои ҳарбӣ-шаҳрвандӣ ташкил карда шуданд, пахши шабакаҳои телевизионӣ ва радиои Русия оғоз шуд, робитаҳои тиҷоратӣ бо Қрим барқарор мешаванд.
Маврид ба зикр аст, ки 21 феврал Русия мустақилияти ҷумҳуриҳои халқии Донетск ва Луганскро эътироф карда, созишномаи дӯстӣ бо онҳоро ба тасвиб расонд.
Дар пайи ин Путин 24 феварал аз тасмимаш барои оғози амалиёти низомӣ дар Украина хабар дода, афзуд, ки "вазъият иқдоми фаврӣ ва қотеъро талаб мекунад". Ӯ афзуд, ки Донетску Луганск барои кумак ба Русия муроҷиат кардаанд.
Раисҷумҳури Русия онро ҳадафи инро "ҳифозати мардуме, ки дар тӯли ҳашт сол таҳти таҳқиру наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд" номид.
Ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми масъулини "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Аммо дар бораи ишғоли Украина сухане нест, таъкид кард раисҷумҳури Русия.
Ба гуфтаи вазорати дифоъ, то охири моҳи март артиши Русия вазифаҳои асосии марҳалаи аввалро анҷом дод - он зарфияти ҷангии Украинаро ба таври қобили мулоҳиза коҳиш дод. Ҳадафи асосӣ дар ин ниҳод озодкунии Донбасс номида шуд.