Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Херсону Запороже ба кодҳои телефонии Русия мегузаранд

© Unsplash/Artem BeliaikinДевушка с телефоном
Девушка с телефоном - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.05.2022
Обуна шудан
Симкортҳои нав бо рақамҳое, ки аз +7 оғоз мешаванд, дар қаламрави вилояти Херсону минтақаи Запароже аллакай дар фурӯш буда, фаъол мебошанд
ДУШАНБЕ, 27 май – Sputnik. Минтақаҳои озодшудаи вилояти Херсон ва Запроже ба коди телефонии Русия - "+7" мегузаранд, хабар дод РИА "Новости" бо такя ба мушовири роҳбари Қрим дар сиёсати мухобиротӣ Олег Крючков.

"Ба иттилои гирифтаи ман, дар он ҷо аллакай операторҳои нав фаъолият мекунанд. Коди телефонии украинӣ "+380" баназдикӣ дар он ҷо аз байн меравад", - гуфт ӯ.

Ҳукумати вилояти Запороже низ ин иттилоъро тасдиқ карда афзуд, ки оператори ҷадиди мобилӣ дар минтақа фаъолият мекунад. Дар фурӯш аллакай симкортҳое мебошанд, ки бо "+7" оғоз мешаванд, изҳор доштааст намояндаи он Владимир Рогов.
Рогов ҳамчунин ахиран изҳор дошта буд, ки вилояти Запороже ба вақти Москва гузашт.
"Дигар ягон нишонае ба вақти Киев ва гузаштан ба вақти зимистону тобистон нест. Ақрабаки соат гардонида намешавад", - таъкид кард ӯ.
Российские учебники по русскому языку - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.05.2022
Русӣ дар Херсон забони давлатӣ мешавад
Вай илова намуд, ки дар қисмати озодшудаи вилояти Запороже талаботи зиёд барои дарёфти шаҳрвандии Русия вуҷуд дорад.
Ёдовар мешавем, ки дар ҷараёни як амалиёти вижа дар Украина низомиёни Русия вилояти Херсон ва қисмати Азови вилояти Запорожеро озод карданд.
Дар минтақаҳо ҳукуматҳо ҳарбӣ- шаҳрвандӣ ташкил карда шуданд, пахши шабакаҳои телевизионӣ ва радиои Русия оғоз шуд, робитаҳои тиҷоратӣ бо Қрим барқарор мешаванд.
Инчунин минтақаҳо тадриҷан аз гривна даст кашида, системаи нави андозҳо, таъминоти ашёи хом ва маҳсулот ташкил карда мешавад.
Лентаи хабарҳо
0