https://sputnik.tj/20220527/mirziyoev-avruosiyo-roh-afghoniston-1048752785.html
Мирзиёев ба роҳбарони АвруОсиё роҳ аз тариқи Афғонистонро пешниҳод кард
Мирзиёев ба роҳбарони АвруОсиё роҳ аз тариқи Афғонистонро пешниҳод кард
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури Ӯзбекистон дар ҷаласаи сарони кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё аз дурнамои тарҳи роҳи оҳани фароафғонистонӣ тавсиф кард
2022-05-27T18:00+0500
2022-05-27T18:00+0500
2022-05-27T19:10+0500
афғонистон
эрон
покистон
нақлиёт
мирзиёев
осиёи марказӣ
роҳи оҳан
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102976/08/1029760847_0:0:1920:1080_1920x0_80_0_0_d52ba9be2b2027bb7a16ef734cf3c79c.jpg
ДУШАНБЕ, 27 май — Sputnik. Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Ӯзбекистон гуфт, роҳи оҳани Тирмиз - Пешовар дарвоза ба Осиёи Ҷанубӣ ва бозори калон хоҳад шуд. Мирзиёев зимни ҷаласаи Шӯрои олии иқтисодии Авруосиё гуфт, роҳи оҳани мазкур аз тариқи Афғонистон кишварҳоро ба бозори Осиёи Ҷанубӣ, ки дорои аҳолии беш аз 2-миллиарднафарӣ мебошад, мепайвандад. Тавсифи раисҷумҳури Ӯзбекистон аз ин тарҳ дар ҳолест, ки Бахтурраҳмон Шарофат, раиси Идораи роҳи оҳани Афғонистон моҳи равон равон гуфт, гурӯҳи коршиносони фаннӣ кори худро дар ин моҳ оғоз хоҳанд кард."Тайи як моҳи оянда иқдомоти майдонӣ ва иҷроӣ барои сохти хатти оҳани муштарак бо Ӯзбекистон оғоз мешавад ва акнун ҳамаи идорот дар ҳоли баррасии ин мавзуъ ҳастанд", - афзуд ӯ.Бар асоси ин барномаи роҳи оҳани Афғонистон, хатти роҳи оҳани “Транс афғон” аз Мазори Шариф, Самангон, Пули Хумрӣ, Кобул, Лугар ва Ҷалолобод гузашта, дар ниҳоят ба Покистон мерасад.Маврид ба зикр аст, ки моҳи марти соли равон низ дар шаҳри Тирмиз нишасти гурӯҳҳои Ӯзбекистон - Афғонистон - Покистон баргузор шуд, ки дар он ҳамкорӣ дар бахши ҳамлу нақл мавриди баррасӣ қарор гирифт.Мақомоти Афғонистон бар ин назаранд, ки хатти роҳи оҳани Тирмиз - Мазори Шариф - Кобул – Пешовар метавонад тарҳи таъсиргузоре барои ояндаи минтақа бошад. Таъкид гардид, ки аз дербоз Афғонистонро ба далели нақши муттасилкунандааш байни бахшҳои мухталифи қора Қалби Осиё номгузорӣ кардаанд.
https://sputnik.tj/20220527/patrushev-ima-ehyo-afghoniston-kumak-1048744556.html
афғонистон
эрон
покистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102976/08/1029760847_265:0:1920:1241_1920x0_80_0_0_ced69a6b5cc39d1c7f44f0e28ba45bcd.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тавсиф, мирзиёев, роҳ, афғонистон
тавсиф, мирзиёев, роҳ, афғонистон
Мирзиёев ба роҳбарони АвруОсиё роҳ аз тариқи Афғонистонро пешниҳод кард
18:00 27.05.2022 (Навсозишуда: 19:10 27.05.2022) Раисҷумҳури Ӯзбекистон дар ҷаласаи сарони кишварҳои узви Иттиҳоди Иқтисодии АвруОсиё аз дурнамои тарҳи роҳи оҳани фароафғонистонӣ тавсиф кард
ДУШАНБЕ, 27 май — Sputnik. Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Ӯзбекистон гуфт, роҳи оҳани Тирмиз - Пешовар дарвоза ба Осиёи Ҷанубӣ ва бозори калон хоҳад шуд.
Мирзиёев зимни ҷаласаи Шӯрои олии иқтисодии Авруосиё гуфт, роҳи оҳани мазкур аз тариқи Афғонистон кишварҳоро ба бозори Осиёи Ҷанубӣ, ки дорои аҳолии беш аз 2-миллиарднафарӣ мебошад, мепайвандад.
Тавсифи раисҷумҳури Ӯзбекистон аз ин тарҳ дар ҳолест, ки Бахтурраҳмон Шарофат, раиси Идораи роҳи оҳани Афғонистон моҳи равон равон гуфт, гурӯҳи коршиносони фаннӣ кори худро дар ин моҳ оғоз хоҳанд кард.
"Тайи як моҳи оянда иқдомоти майдонӣ ва иҷроӣ барои сохти хатти оҳани муштарак бо Ӯзбекистон оғоз мешавад ва акнун ҳамаи идорот дар ҳоли баррасии ин мавзуъ ҳастанд", - афзуд ӯ.
Бар асоси ин барномаи роҳи оҳани Афғонистон, хатти роҳи оҳани “Транс афғон” аз Мазори Шариф, Самангон, Пули Хумрӣ, Кобул, Лугар ва Ҷалолобод гузашта, дар ниҳоят ба Покистон мерасад.
Маврид ба зикр аст, ки моҳи марти соли равон низ дар шаҳри Тирмиз нишасти гурӯҳҳои Ӯзбекистон - Афғонистон - Покистон баргузор шуд, ки дар он ҳамкорӣ дар бахши ҳамлу нақл мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Мақомоти Афғонистон бар ин назаранд, ки хатти роҳи оҳани Тирмиз - Мазори Шариф - Кобул – Пешовар метавонад тарҳи таъсиргузоре барои ояндаи минтақа бошад. Таъкид гардид, ки аз дербоз Афғонистонро ба далели нақши муттасилкунандааш байни бахшҳои мухталифи қора Қалби Осиё номгузорӣ кардаанд.