https://sputnik.tj/20220527/medvedev-tahrimho-rusiya-posukh-1048741232.html
"Хиҷолат накашед": Медведев гуфт, ки ба таҳримҳои зидди Русия чӣ гуна посух бояд дод
"Хиҷолат накашед": Медведев гуфт, ки ба таҳримҳои зидди Русия чӣ гуна посух бояд дод
Sputnik Тоҷикистон
Муовини раиси Шӯрои амнияти Федератсияи Русия ба сиёсате ишора кард, ки Маскав бояд дар робита бо кишварҳои ғайридӯсташ онро риоя кунад
2022-05-27T10:30+0500
2022-05-27T10:30+0500
2022-05-27T13:06+0500
дар русия
дмитрий медведев
ғарб
таҳрим ҷорӣ кардан
посух
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/05/18/1048673286_0:0:2855:1606_1920x0_80_0_0_4f383b3a8c816e89e2f755ecc580e025.jpg
ДУШАНБЕ, 27 май — Sputnik. Ҳангоми вокуниш ба таҳримҳои зидди Русия набояд "хиҷолат кашид" ва манфиатҳои Русияро ба назар гирифт, ҳатто дар мавриди ҳамтоёни собиқ низ. Дар ин бора Дмитрий Медведев, раиси "Русияи воҳид" зимни анҷумани ҳизбии "Соҳибкорӣ дар воқеияти нави иқтисодӣ" изҳор дошт.Вай тасмими "воридоти мувозӣ"-ро мисол оварда, онро мушкил хонд, аммо он бо дарназардошти манофеи шаҳрвандони кишвар сурат гирифтааст, на ба хотири фоидаи ширкатҳои бузурги хориҷӣ. Ба гуфтаи ӯ, Маскав ин равишро идома хоҳад дод. Илова бар ин Медведев таъкид кард, ки таҳримҳои Ғарб талафоти ҷиддӣ дар пай доранд, аммо ҳамзамон барои мутахассисони ватанӣ шонси нав медиҳанд."Мо роҳкорҳои худамон, долони имкониятҳои худро дорем, то он чизеро, ки онҳо мехоҳанд, аз мо бигиранд, дубора барқарор ё нав кунем", - гуфт ӯ.Вай афзуд, ки ҳоло мақомот дар рӯйи барномаи ивази воридот кор мекунанд. Фанновариҳоии олӣ ба саноати асосӣ табдил хоҳад шуд. Сиёсатмадор даъват кард, ки на танҳо ба корхонаҳо бояд кумак кард, балки барои онҳо мутахассисон низ омода сохт. Ёдовар мешавем, ки Иёлоти Муттаҳида ва Иттиҳодияи Аврупо дар робита ба оғози амалиёти вижаи Федератсияи Русия барои ҳифзи Донбасс алайҳи Маскав маҳдудиятҳои густарда ҷорӣ кардаанд.Таҳримҳо ба соҳаҳои молиявӣ, энергетика, нақлиёт, технологӣ ва сиёсати раводид таъсир расонданд.Ҳамин тариқ ИА амалиёти идоракунии захираҳо ва дороиҳои Бонки марказиро манъ кард ва ба дунболи он як қатор бонкҳои Русияро аз системаи SWIFT хориҷ сохт.ИМА воридоти нафти Русия, гази моеъ (LNG) ва ангиштро маҳдуд карда, баъдан арақ, маҳсулоти баҳрӣ ва алмоси сохти Русияро ба ин рӯйхат ворид кард. Инчунин бисёр брендҳои хориҷӣ кор дар Федератсияи Русияро боздоштанд.Илова бар ин Иттиҳодияи Аврупо паҳн кардани мавод тавассути расонаҳои русии "Russia Today" ва "Sputnik" мамнуъ кард ва баъдан ин ниҳодҳо видеохостинги "YouTube"-ро низ масдуд карданд. Чунин маҳдудиятҳо ба дигар расонаҳои Русия низ таъсир расониданд.Илова бар ин Иттиҳодияи Аврупо, ИМА ва як қатор давлатҳои дигар дороиҳои хориҷии сиёсатмадорон ва соҳибкорони Русияро масдуд карда, вуруди онҳоро ба қаламрави худ низ манъ кардаанд. Рӯйхати таҳримҳо давра ба давра нав мешавад.
https://sputnik.tj/20220513/oyanda-medvedev-buhroni-ghizo-enerzhi-naqliyot-1048417705.html
https://sputnik.tj/20220526/putin-khatar-tahrim-iqtisod-1048732486.html
ғарб
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/05/18/1048673286_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_d2be82c9a7384e3d22026a6e8245bbdb.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
медведев таҳримҳо русия посух
медведев таҳримҳо русия посух
"Хиҷолат накашед": Медведев гуфт, ки ба таҳримҳои зидди Русия чӣ гуна посух бояд дод
10:30 27.05.2022 (Навсозишуда: 13:06 27.05.2022) Муовини раиси Шӯрои амнияти Федератсияи Русия ба сиёсате ишора кард, ки Маскав бояд дар робита бо кишварҳои ғайридӯсташ онро риоя кунад
ДУШАНБЕ, 27 май — Sputnik. Ҳангоми вокуниш ба таҳримҳои зидди Русия набояд "хиҷолат кашид" ва манфиатҳои Русияро ба назар гирифт, ҳатто дар мавриди ҳамтоёни собиқ низ.
Дар ин бора Дмитрий Медведев, раиси "Русияи воҳид" зимни анҷумани ҳизбии "Соҳибкорӣ дар воқеияти нави иқтисодӣ" изҳор дошт.
"Агар онҳо дар нисбати мо чунин рафтор кунанд, пас мо бояд инро низ ба назар гирем. Дар муносибатҳо, ҳатто бо ҳамтоёни собиқи худ. То онҳо бифаҳманд, ки чӣ шуд ва ба қадри имкон нигарониҳои худро ба ҳукуматҳои миллӣ расонанд. Ин комилан муқаррарӣ аст", - гуфт сиёсатмадор.
Вай тасмими "воридоти мувозӣ"-ро мисол оварда, онро мушкил хонд, аммо он бо дарназардошти манофеи шаҳрвандони кишвар сурат гирифтааст, на ба хотири фоидаи ширкатҳои бузурги хориҷӣ. Ба гуфтаи ӯ, Маскав ин равишро идома хоҳад дод.
Илова бар ин Медведев таъкид кард, ки таҳримҳои Ғарб талафоти ҷиддӣ дар пай доранд, аммо ҳамзамон барои мутахассисони ватанӣ шонси нав медиҳанд.
"Мо роҳкорҳои худамон, долони имкониятҳои худро дорем, то он чизеро, ки онҳо мехоҳанд, аз мо бигиранд, дубора барқарор ё нав кунем", - гуфт ӯ.
Вай афзуд, ки ҳоло мақомот дар рӯйи барномаи ивази воридот кор мекунанд. Фанновариҳоии олӣ ба саноати асосӣ табдил хоҳад шуд.
Сиёсатмадор даъват кард, ки на танҳо ба корхонаҳо бояд кумак кард, балки барои онҳо мутахассисон низ омода сохт.
Ёдовар мешавем, ки Иёлоти Муттаҳида ва Иттиҳодияи Аврупо дар робита ба оғози амалиёти вижаи Федератсияи Русия барои ҳифзи Донбасс алайҳи Маскав маҳдудиятҳои густарда ҷорӣ кардаанд.
Таҳримҳо ба соҳаҳои молиявӣ, энергетика, нақлиёт, технологӣ ва сиёсати раводид таъсир расонданд.
Ҳамин тариқ ИА амалиёти идоракунии захираҳо ва дороиҳои Бонки марказиро манъ кард ва ба дунболи он як қатор бонкҳои Русияро аз системаи SWIFT хориҷ сохт.
ИМА воридоти нафти Русия, гази моеъ (LNG) ва ангиштро маҳдуд карда, баъдан арақ, маҳсулоти баҳрӣ ва алмоси сохти Русияро ба ин рӯйхат ворид кард. Инчунин бисёр брендҳои хориҷӣ кор дар Федератсияи Русияро боздоштанд.
Илова бар ин Иттиҳодияи Аврупо паҳн кардани мавод тавассути расонаҳои русии "Russia Today" ва "Sputnik" мамнуъ кард ва баъдан ин ниҳодҳо видеохостинги "YouTube"-ро низ масдуд карданд. Чунин маҳдудиятҳо ба дигар расонаҳои Русия низ таъсир расониданд.
Илова бар ин Иттиҳодияи Аврупо, ИМА ва як қатор давлатҳои дигар дороиҳои хориҷии сиёсатмадорон ва соҳибкорони Русияро масдуд карда, вуруди онҳоро ба қаламрави худ низ манъ кардаанд. Рӯйхати таҳримҳо давра ба давра нав мешавад.