https://sputnik.tj/20220527/jonibdori-putin-ruzi-ittihod-iqtisod-avruosiyo-1048756254.html
Санаи муҳим: Ҷонибдории Путин аз эълони Рӯзи Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё
Санаи муҳим: Ҷонибдории Путин аз эълони Рӯзи Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури Русия қабули рӯзи Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиёро санаи муҳими баёнгари азми давлатҳои узви созмон барои ҳамгироии бештар хонд
2022-05-27T21:10+0500
2022-05-27T21:10+0500
2022-10-05T18:27+0500
владимир путин
иқтисод
ҳамгироӣ
авруосиё
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103062/03/1030620365_0:50:1601:950_1920x0_80_0_0_dce2e9db5d6020e2605835bb982a1cba.jpg
ДУШАНБЕ, 27 май — Sputnik. Владимир Путин, раисҷумҳури Русия аз тасмим барои эълони 29-уми май чун рӯзи Иттиҳоди Иқтисодии АвруОсиё ҷонибдорӣ кард. Ӯ ҳимояташро аз ин пешниҳод зимни ҷаласаи видеоии сарони кишварҳои узви Иттиҳоди Иқтисодии АвруОсиё баён дошт. Маҳз дар ҳамин рӯз 8 соли қабл дар Остона Созишномаи ташкили Иттиҳоди Иқтисодии АвруОсиё ба имзо расида буд. Раисҷумҳури Русия мегӯяд, тайи ин солҳо Иттиҳоди Иқтисодии АвруОсиё дар ташаккули фазои ягонаи иқтисодӣ ба комёбиҳои назаррас ноил шудааст. Аз ҷумла дастовардҳо дар бахши гардиши мол, хидматрасонӣ, сармоя ва нерӯи кориро зикр намуд. Дар ҳамоиш инчунин президентҳои Қирғизистону Беларус Содир Ҷабборов ва Александр Лукашенко, раҳбари Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев ва сарвазири Арманистон Никол Пашинян суханронӣ карда, аз дастовардҳои ИИАО тавсиф намуданд. Аз кишварҳои нозир дар ин нишаст раисҷумҳури Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва роҳбари Куба, Мигел Диас-Канел ҳузур дошта, зарфиятҳои созмонро барои рушди ҳамкорӣ таъкид доштанд. Роҳбарон аз ҷумла самтҳои стратегии рушди ҳамгироӣ то соли 2025-ро баррасӣ намуда, дастурҳои сиёсати макроиқтисодии кишварҳои узви иттиҳод барои солҳои 2022-2023-ро тасдиқ намуданд. Ҳамчунин таҳкими ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ байни иштирокдорони созмону шарикони хориҷӣ баррасӣ шуданд.
https://sputnik.tj/20220527/nuqot-sukhanroni-putin-1048755042.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103062/03/1030620365_49:0:1468:1064_1920x0_80_0_0_503184394797e4af213db80122def58e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳимоят, путин, эълон, авруосиё
ҳимоят, путин, эълон, авруосиё
Санаи муҳим: Ҷонибдории Путин аз эълони Рӯзи Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё
21:10 27.05.2022 (Навсозишуда: 18:27 05.10.2022) Раисҷумҳури Русия қабули Рӯзи Иттиҳоди Иқтисодии АвруОсиёро таърихи муҳими баёнгари азми давлатҳои узви созмон барои ҳамгироии бештар хонд
ДУШАНБЕ, 27 май — Sputnik. Владимир Путин, раисҷумҳури Русия аз тасмим барои эълони 29-уми май чун рӯзи Иттиҳоди Иқтисодии АвруОсиё ҷонибдорӣ кард.
Ӯ ҳимояташро аз ин пешниҳод зимни ҷаласаи видеоии сарони кишварҳои узви Иттиҳоди Иқтисодии АвруОсиё баён дошт.
"Ҳамин тариқ дар тақвим таърихи рӯзи муҳими муттаҳидкунандаи мардумонамон пайдо мешавад, ки рамзи азми давлатҳои узви Иттиҳоди Иқтисодии АвруОсиё барои бунёди ҳамгироӣ мебошад", - гуфт Путин.
Маҳз дар ҳамин рӯз 8 соли қабл дар Остона Созишномаи ташкили Иттиҳоди Иқтисодии АвруОсиё ба имзо расида буд.
Раисҷумҳури Русия мегӯяд, тайи ин солҳо Иттиҳоди Иқтисодии АвруОсиё дар ташаккули фазои ягонаи иқтисодӣ ба комёбиҳои назаррас ноил шудааст. Аз ҷумла дастовардҳо дар бахши гардиши мол, хидматрасонӣ, сармоя ва нерӯи кориро зикр намуд.
Дар ҳамоиш инчунин президентҳои Қирғизистону Беларус Содир Ҷабборов ва Александр Лукашенко, раҳбари Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев ва сарвазири Арманистон Никол Пашинян суханронӣ карда, аз дастовардҳои ИИАО тавсиф намуданд.
Аз кишварҳои нозир дар ин нишаст раисҷумҳури Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва роҳбари Куба, Мигел Диас-Канел ҳузур дошта, зарфиятҳои созмонро барои рушди ҳамкорӣ таъкид доштанд.
Роҳбарон аз ҷумла самтҳои стратегии рушди ҳамгироӣ то соли 2025-ро баррасӣ намуда, дастурҳои сиёсати макроиқтисодии кишварҳои узви иттиҳод барои солҳои 2022-2023-ро тасдиқ намуданд. Ҳамчунин таҳкими ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ байни иштирокдорони созмону шарикони хориҷӣ баррасӣ шуданд.