"Таҷовузи амалӣ": нуқоти муҳим аз суханронии Путин дар нишасти Шӯрои ИИАО

© Sputnik / Михаил Метцель / Гузариш ба медиабонкПрезидент РФ В. Путин принял участие в заседании ЕАЭС
Президент РФ В. Путин принял участие в заседании ЕАЭС - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.05.2022
Обуна шудан
Президенти Русия ба мавзуъҳои фишорҳои Ғарб, ҳамгироии кишварҳои узви иттиҳод ва нақши онҳо дар таъмини амнияти озуқаворӣ дахл кард
ДУШАНБЕ, 27 май — Sputnik. Кишвардори Русия Владимир Путин зимни суханронии худ дар ҷаласаи Шӯрои олии иқтисодии Авруосиё чанд изҳороти муҳимро баён кард.
Ба ин тартиб президенти Русия фишори кишварҳои бегонаро "таҷовузи амалӣ" номид.

"Афзалиятҳои рафти ҳамгироӣ махсусан ҳозир, дар вазъияти мураккаби байналхалқӣ, дар шароити таҷовузи амалии баъзе давлатҳое, ки ба мо душманӣ доранд, равшан зоҳир мегарданд", — таъкид кард ӯ.

Президенти Русия бар ин назар аст, ки сарфи назар аз муқовимати кишварҳои ғарбӣ ва талошҳои онҳо барои монеа эҷод кардан ба ин ҳамгироӣ таваҷҷуҳи шарикони хориҷӣ ба ИИАО афзоиш меёбад.
Ба гуфтаи Путин, ҳамкории наздиктари кишварҳои узви иттиҳод иқтисоди онҳоро қавитар ва мустақилтар мекунад.
Ин кишвардор гуфт, ки Русия ва кишварҳои узви ИИАО дар таъмини амнияти ғизоӣ саҳми ҷиддӣ мегузоранд. Давлатҳо бояд минбаъд низ ба ин мавзуъ таваҷҷуҳи хос зоҳир кунанд.

"Кишварҳои мо дар ҳалли ин мушкилот саҳми хеле ҷиддӣ мегузоранд, Русия ва тамоми аъзои дигари созмони мо дар сатҳи баландтарин масъулият рафтор мекунанд", - гуфт Путин.

Имрӯз ҳамаи 5 кишвари узви ИИАО аз ҳисоби истеҳсоли худ эҳтиёҷоти дохилиро ба навъҳои асосии озуқаворӣ ва маҳсулоти кишоварзӣ пурра қонеъ мекунанд.
Илова бар ин президент аз ибтикори тамдиди тавофуқномаи тиҷорати озоди муваққати ин созмон бо Эрон пуштибонӣ кард. Ҳамкорӣ бо ин кишвар дар ин соҳа ба савдои иттифоқ "таъсири намоён" расонд.
Путин: 75%-и додугирифт бо пули миллӣ сурат мегирад
Дар охири соли 2021 он то 5 миллиард доллар (73,5 фоиз) афзоиш ёфт, содирот аз ИИАО 2,1 баробар афзуда, ба 3,4 миллиард доллар расид, гуфт роҳбари Русия.
Дар айни замон давлатҳо барои бастани як созишномаи тиҷорати озод, аз ҷумла бо Эрон, ки ҷойгузини ҳуҷҷати муваққатии ҷорӣ мешавад, музокира доранд.
Путин аз ба мақсад мувофиқ будани таҳкими муколамаҳои шабеҳ бо Миср, Индонезия ва ҳамчунин аз баррасии масъалаи бастани созишномаи имтиёзноки тиҷоратӣ бо Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ёдоварӣ кард.
Изҳороти муҳими Путин дар Форуми иқтисодии АвруОсиё: видео
Ӯ ҳамчунин гуфт, Русия аз тасмими ИИАО дар бораи эълони рӯзи 29 май ба унвони Рӯзи Иттиҳоди Авруосиё пуштибонӣ мекунад.
Лентаи хабарҳо
0