https://sputnik.tj/20220527/bozomuzi-omuzgoron-khersonu-zaporozhe-1048759790.html
Омӯзгорони Херсону Запороже бозомӯзӣ мегузаранд
Омӯзгорони Херсону Запороже бозомӯзӣ мегузаранд
Sputnik Тоҷикистон
Соли таҳсил дар макотиби вилоятҳои Херсон ва Запроже аз 1 сентябри соли равон бар асоси меъёрҳои федералии тадриси Русия роҳандозӣ хоҳад шуд
2022-05-27T22:00+0500
2022-05-27T22:00+0500
2022-05-27T22:00+0500
дар русия
маориф
омӯзгор
таълим
дарс
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/19/1045141583_0:0:3093:1739_1920x0_80_0_0_64262b84e933d45e0dd98196b473191c.jpg
ДУШАНБЕ, 27 май — Sputnik. Ҳудуди 20 ҳазор муаллим аз вилоятҳои Херсону Запороже дар Қрим бо бозомӯзӣ фаро гирифта мешаванд. Дар ин бора Сергей Аксёнов, роҳбари Қрим хабар дода афзуд, ки таҳсил дар макотиби вилоятҳои Херсон ва Запроже аз 1 сентябри соли равон бар асоси меъёрҳои федералии тадриси Русия роҳандозӣ хоҳад шуд.Давраҳои омӯзишӣ дар Донишкадаи ҷумҳуриявии таълими баъдидипломии омӯзгорон дар Қрим баргузор мешаванд. Интизор меравад, ки забони русӣ баробари украинӣ дар вилояти озодшудаи Херсон мақоми давлатӣ мегиранд. Муовини раиси маъмурияти низомию шаҳрвандии вилоят Кирилл Стремусов, ахиран гуфт, забони асосии коргузорӣ, муошират ва масоили дорои аҳамияти давлатӣ забони русӣ хоҳад буд. Ба гуфтаи Стремусов, забони украинӣ дар минтақа мамнуъ нахоҳад шуд. Илова бар ин муовини раиси маъмурият гуфт, ки таҳсили минбаъда дар мактабу донишгоҳҳои вилоят бо забони русӣ сурат мегирад. Дар зимн ӯ истисно накард, ки бо хоҳиши волидон синфҳои украинӣ низ ташкил мегарданд.Мақомдори Херсон изҳор дошт, ки ҳаққи шаҳрвандонро поймол нахоҳанд кард."Дар минтақаи мо як ҷамъияти бузурги тоторҳои Қрим ҳам зиндагӣ мекунанд. Додани мақоми давлатӣ ба забони тоторҳоро, тавре ки дар Қрим сурат мегирад, мо дар мулоқот бо ҷамъият ба таври муфассал баррасӣ хоҳем кард", - гуфт ӯ.Маврид ба зикр аст, ки нерӯҳои Русия тамоми вилояти Херсон ва қисмати назди Азови вилояти Запорожро зери назорат гирифтанд. Дар ин минтақаҳо раёсатҳои низомӣ-шаҳрвандӣ ташкил карда шудааст. Ба ҳамин васила Украина аз баҳри Азов канда шуда, ҳудудҳои Херсону Запорож бо Ҷумҳурии Халқии Донетск пайванд гардиданд.
https://sputnik.tj/20220527/kherson-zaporozhe-kod-telefon-rusiya-1048745409.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/19/1045141583_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_370c999029d0c2ee454b5a8cf5805b28.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
бозомӯзӣ, омӯзгор, таҳсил, херсон, запороже
бозомӯзӣ, омӯзгор, таҳсил, херсон, запороже
Омӯзгорони Херсону Запороже бозомӯзӣ мегузаранд
Соли таҳсил дар макотиби вилоятҳои Херсон ва Запроже аз 1 сентябри соли равон бар асоси меъёрҳои федералии тадриси Русия роҳандозӣ хоҳад шуд
ДУШАНБЕ, 27 май — Sputnik. Ҳудуди 20 ҳазор муаллим аз вилоятҳои Херсону Запороже дар Қрим бо бозомӯзӣ фаро гирифта мешаванд.
Дар ин бора Сергей Аксёнов, роҳбари Қрим хабар дода афзуд, ки таҳсил дар макотиби вилоятҳои Херсон ва Запроже аз 1 сентябри соли равон бар асоси меъёрҳои федералии тадриси Русия роҳандозӣ хоҳад шуд.
"Давоми 8 ҳафта бозомӯзии ҳудуди 20 ҳазор омӯзгори тахассуси гуногун дар назар мебошад, то дарсҳо дар минтақаҳои озодшуда бар асоси қавонини Русия бо риояи меъёрҳои федералии таълим оғоз шаванд", - гуфт Аксенов.
Давраҳои омӯзишӣ дар Донишкадаи ҷумҳуриявии таълими баъдидипломии омӯзгорон дар Қрим баргузор мешаванд.
Интизор меравад, ки забони русӣ баробари украинӣ дар вилояти озодшудаи Херсон мақоми давлатӣ мегиранд. Муовини раиси маъмурияти низомию шаҳрвандии вилоят Кирилл Стремусов, ахиран гуфт, забони асосии коргузорӣ, муошират ва масоили дорои аҳамияти давлатӣ забони русӣ хоҳад буд.
Ба гуфтаи Стремусов, забони украинӣ дар минтақа мамнуъ нахоҳад шуд. Илова бар ин муовини раиси маъмурият гуфт, ки таҳсили минбаъда дар мактабу донишгоҳҳои вилоят бо забони русӣ сурат мегирад. Дар зимн ӯ истисно накард, ки бо хоҳиши волидон синфҳои украинӣ низ ташкил мегарданд.
Мақомдори Херсон изҳор дошт, ки ҳаққи шаҳрвандонро поймол нахоҳанд кард.
"Дар минтақаи мо як ҷамъияти бузурги тоторҳои Қрим ҳам зиндагӣ мекунанд. Додани мақоми давлатӣ ба забони тоторҳоро, тавре ки дар Қрим сурат мегирад, мо дар мулоқот бо ҷамъият ба таври муфассал баррасӣ хоҳем кард", - гуфт ӯ.
Маврид ба зикр аст, ки нерӯҳои Русия тамоми вилояти Херсон ва қисмати назди Азови вилояти Запорожро зери назорат гирифтанд. Дар ин минтақаҳо раёсатҳои низомӣ-шаҳрвандӣ ташкил карда шудааст. Ба ҳамин васила Украина аз баҳри Азов канда шуда, ҳудудҳои Херсону Запорож бо Ҷумҳурии Халқии Донетск пайванд гардиданд.