Раҳмон ба мардуми ноҳияи Ш. Шоҳин роҳи беҳтар кардани ҳаёташонро нишон дод

© Пресс-служба Президента РТЭмомали Рахмон
Эмомали Рахмон  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.05.2022
Обуна шудан
Президенти Тоҷикистон бо таъкид ба авзои имрӯзаи ҷаҳон аз сокниони ноҳияи Шамсиддини Шоҳин даъват кард, ки ҳар як ваҷаби заминро дуруст истифода кунанд
ДУШАНБЕ, 26 май — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корияш ба ноҳияи Шамсиддини Шоҳин бо фаъолони деҳоти Нуриддин Маҳмудов суҳбати сарироҳӣ анҷом дод.
Бино ба гузориши хадамоти матбуотии президенти Тоҷикистон, дар ин мулоқот кишвардор аз авзои имрӯзаи ҷомеа гуфта, ба зиёд кардани майдони кишт таъкид кардааст.
Президенти Тоҷикистон ҳамчунин яке аз роҳҳои беҳтар намудани зиндагиро ба мардуми ноҳияи Шамсиддини Шоҳин нишон додааст.
Ба гуфтаи кишвардор, истифодаи пурсамар аз гулу гиёҳҳои шифобахш дар кӯҳҳои ин мавзеъ ҳам яке аз роҳҳои муассири беҳтар намудани зиндагии сокинони деҳот мебошад.
Эмомали Рахмон в ходе рабочей поездки в район Сангвор - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.05.2022
Раҳмон аз дидбонгоҳи марзӣ дар сарҳад бо Афғонистон дидан кард
Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти имконоти васеи деҳоти Нуриддин Маҳмудов дар самти боғпарварӣ ва афзоиш додани ҳаҷми истеҳсоли мева ба масъулони ноҳия ҷиҳати дастгирии иқдомҳои сокинон дар самти хушконидан ва роҳандозии содироти он ба кишварҳои хориҷи дуру наздик дастуру супоришҳои мушаххас додааст.
Раисҷумҳур ҳамзамон сокинонро ба тарбияи фарзандон дар рӯҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ ва касбу ҳунардӯстӣ даъват намуда, риояи талаботи Қонун "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон"-ро омили муҳими пешгирӣ аз исрофкорӣ гуфтааст.

Омори деҳоти Нуриддин Маҳмудов

Деҳоти Нурриддин Маҳмудови ноҳияи Шамсиддини Шоҳин дорои наздики 7 ҳазор нафар аҳолӣ буда, дар он 713 хоҷагии деҳқонӣ фаъолият мекунад.
Дар ин деҳот 8 муассисаи таълимӣ, 4 кӯдакистон, 1 беморхона ва 7 бунгоҳи тиббӣ фаъол аст.
Феълан дар ҳудуди ин ҷамоат 5 корхонаи истеҳсолӣ сабти ном шудааст.
Лентаи хабарҳо
0