https://sputnik.tj/20220525/tafsilot-qallobi-dushanbe-1048709405.html
Маблағи ҳангуфти сокинон барбод рафт: тафсилоти ду қаллобии бузург дар Душанбе
Маблағи ҳангуфти сокинон барбод рафт: тафсилоти ду қаллобии бузург дар Душанбе
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз ду ҳолати қаллобӣ хабар медиҳад: ба яке манзил ваъда карданду нахариданд ва мошинҳои дигареро бояд мефурӯхтанд
2022-05-25T21:40+0500
2022-05-25T21:40+0500
2022-05-25T21:40+0500
вкд
дар тоҷикистон
қаллобӣ
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/08/04/1031679115_0:156:3001:1844_1920x0_80_0_0_d68ca70652b923784bfe09ab49f25a4d.jpg
ДУШАНБЕ, 25 май — Sputnik. Ду шаҳрванди Тоҷикистон ба доми қаллобон афтиданд, хабар медиҳад Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон.Гуфта мешавад, ки дар бораи ҳодисаи қаллобӣ ба ШВКД дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза марди 31-солаи сокини ноҳияи Кушониён муроҷиат намудааст.Ӯ шикоят кардааст, ки 14-уми сентябри соли 2020 марди 33-солаи сокини Душанбе бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ автомашинаи тамғаи "Мерседес Бенс"-ро, ки арзишаш 85 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медиҳад, гирифтаааст.Бар ивази мошин, ӯ ваъда додааст, ки аз бинои навбунёди воқеъ дар шаҳри Душанбе, манзили сеҳуҷрагияш медиҳад, аммо маблағҳои ба дастовардаашро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.Ҳамчунин марди 36-солаи сокини шаҳри Душанберо низ як сокини 34-солаи пойтахт, ки пеш бо моддаи 340, қисми 2, Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон суд шудаааст, фиреб кардааст.Парванда алайҳи раиси додгоҳи Хуҷанд ва додрасу адвокат: ба “порагирӣ” гумонбарандИн мард аз ҷабрдида 11 автомашинаи гуногунтамғаро, ки арзишашон 99 ӽазору 500 доллари амрикоиро ташкил медиӽад, гирифта, ваъда додааст, ки дар муддати муайян фурӯхта маблағҳояшро бармегардонад, аммо то ҳол маблағҳои зикргардидаро барнагардонидааст.Вазорати корҳои дохиӣ афзуда, ки аз рӯйи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.
https://sputnik.tj/20220512/bozdosht-rais-jamoat-ojonsi-zaminfurushi-1048378072.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/08/04/1031679115_166:0:2833:2000_1920x0_80_0_0_2ece08d20d73e06ffadd4c72a18ffc75.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
рӯйдод, ҷиногят, қаллобӣ, душанбе
рӯйдод, ҷиногят, қаллобӣ, душанбе
Маблағи ҳангуфти сокинон барбод рафт: тафсилоти ду қаллобии бузург дар Душанбе
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз ду ҳолати қаллобӣ хабар медиҳад, ки дар ҳар ду маврид ҳам ба сокинони Душанбе зарари бузурги молӣ расидааст
ДУШАНБЕ, 25 май — Sputnik. Ду шаҳрванди Тоҷикистон ба доми қаллобон афтиданд, хабар медиҳад Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон.
Гуфта мешавад, ки дар бораи ҳодисаи қаллобӣ ба ШВКД дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза марди 31-солаи сокини ноҳияи Кушониён муроҷиат намудааст.
Ӯ шикоят кардааст, ки 14-уми сентябри соли 2020 марди 33-солаи сокини Душанбе бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ автомашинаи тамғаи "Мерседес Бенс"-ро, ки арзишаш 85 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медиҳад, гирифтаааст.
Бар ивази мошин, ӯ ваъда додааст, ки аз бинои навбунёди воқеъ дар шаҳри Душанбе, манзили сеҳуҷрагияш медиҳад, аммо маблағҳои ба дастовардаашро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
Ҳамчунин марди 36-солаи сокини шаҳри Душанберо низ як сокини 34-солаи пойтахт, ки пеш бо моддаи 340, қисми 2, Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон суд шудаааст, фиреб кардааст.
Ин мард аз ҷабрдида 11 автомашинаи гуногунтамғаро, ки арзишашон 99 ӽазору 500 доллари амрикоиро ташкил медиӽад, гирифта, ваъда додааст, ки дар муддати муайян фурӯхта маблағҳояшро бармегардонад, аммо то ҳол маблағҳои зикргардидаро барнагардонидааст.
Вазорати корҳои дохиӣ афзуда, ки аз рӯйи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.