https://sputnik.tj/20220516/davat-pekin-kishvarho-g7-tahrim-ghayriqonuni-dast-kashed-1048481558.html
Даъвати Пекин аз кишварҳои G7: Аз таҳримҳои ғайриқонунӣ даст кашед
Даъвати Пекин аз кишварҳои G7: Аз таҳримҳои ғайриқонунӣ даст кашед
Sputnik Тоҷикистон
Чин аз кишварҳои G7 даъват мекунад, ки ба сулҳ тамаркуз кунанд ва аз ҷорӣ кардани таҳримҳои ғайриқонунӣ даст кашанд
2022-05-16T14:00+0500
2022-05-16T14:00+0500
2022-05-16T14:44+0500
дар ҷаҳон
пекин
g7
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102232/39/1022323910_0:0:2859:1609_1920x0_80_0_0_cf674fcb15af5c4ec07b266a226f3275.jpg
ДУШАНБЕ, 16 май – Sputnik. Пекин аз кишварҳои G7 даъват мекунад, ки ба сулҳ тамаркуз кунанд, аз ҷорӣ кардани таҳримҳои ғайриқонунӣ ва таҳрики инқилобҳои ранга дар дигар кишварҳо даст кашанд. Дар ин бора намояндаи расмии Вазорати умури хориҷии Чин Чжао Литсян рӯзи душанбе дар брифинг изҳор дошт.Вай инчунин аз G7 даъват кард, ки "ба кишварҳои дигар барои ташкили инқилобҳои ранга дар ҳар фурсат даст кашанд ва аз ҷорӣ кардани таҳримҳои ғайриқонунӣ алайҳи дигар кишварҳо ё истифодаи қаламравҳои экстерриторӣ худдорӣ кунанд".Ёдовар мешавем, Иёлоти Муттаҳида ва Иттиҳодияи Аврупо дар робита ба оғози амалиёти вижаи Федератсияи Русия барои ҳифзи Донбасс алайҳи Маскав маҳдудиятҳои густарда ҷорӣ кардаанд.Таҳримҳо ба соҳаҳои молиявӣ, энергетика, нақлиёт, технология ва сиёсати раводид таъсир расониданд.Ҳамин тариқ ИА амалиёти идоракунии захираҳо ва дороиҳои Бонки марказиро манъ кард ва ба дунбол як қатор бонкҳои Русияро аз системаи SWIFT ихроҷ намуд.Аммо ҳамаи ин кӯшишҳои Ғарб боиси сар задани мушкилиҳои дохилӣ гардид. Дар аксари кишварҳои аврупоӣ нархи озуқаворӣ ва маводи сӯхт якбора боло ҷаст.Тавре президенти Русия Владимир Путин қайд кард, таҳримҳо ба тамоми иқтисоди ҷаҳонӣ зарбаи ҷиддӣ заданд - зиндагии миллионҳо одам бадтар шуд.
https://sputnik.tj/20220511/bayden-putin-muttaham-1048354730.html
пекин
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102232/39/1022323910_6:0:2737:2048_1920x0_80_0_0_149d36eb3810236198a34f4bbd0a8668.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
пекин g7 таҳрим
Даъвати Пекин аз кишварҳои G7: Аз таҳримҳои ғайриқонунӣ даст кашед
14:00 16.05.2022 (Навсозишуда: 14:44 16.05.2022) Чин аз кишварҳои G7 даъват мекунад, ки ба сулҳ тамаркуз кунанд ва аз ҷорӣ кардани таҳримҳои ғайриқонунӣ даст кашанд
ДУШАНБЕ, 16 май – Sputnik. Пекин аз кишварҳои G7 даъват мекунад, ки ба сулҳ тамаркуз кунанд, аз ҷорӣ кардани таҳримҳои ғайриқонунӣ ва таҳрики инқилобҳои ранга дар дигар кишварҳо даст кашанд.
Дар ин бора намояндаи расмии Вазорати умури хориҷии Чин Чжао Литсян рӯзи душанбе дар брифинг изҳор дошт.
"Мо аз кишварҳои G7 даъват мекунем, ки воқеан, ба сулҳ ва рушди тамоми ҷаҳон тамаркуз кунанд, истифодаи стандартҳои дугона ва ҳатто чандгона, фиристодани ҳавопаймоҳо ва киштиҳои ҳарбиро ба "остона"-и дигар кишварҳо бо ё бидуни сабаб барои нишон додани қудрати худ бас кунанд", - гуфт дипломат.
Вай инчунин аз G7 даъват кард, ки "ба кишварҳои дигар барои ташкили инқилобҳои ранга дар ҳар фурсат даст кашанд ва аз ҷорӣ кардани таҳримҳои ғайриқонунӣ алайҳи дигар кишварҳо ё истифодаи қаламравҳои экстерриторӣ худдорӣ кунанд".
Ёдовар мешавем, Иёлоти Муттаҳида ва Иттиҳодияи Аврупо дар робита ба оғози амалиёти вижаи Федератсияи Русия барои ҳифзи Донбасс алайҳи Маскав маҳдудиятҳои густарда ҷорӣ кардаанд.
Таҳримҳо ба соҳаҳои молиявӣ, энергетика, нақлиёт, технология ва сиёсати раводид таъсир расониданд.
Ҳамин тариқ ИА амалиёти идоракунии захираҳо ва дороиҳои Бонки марказиро манъ кард ва ба дунбол як қатор бонкҳои Русияро аз системаи SWIFT ихроҷ намуд.
Аммо ҳамаи ин кӯшишҳои Ғарб боиси сар задани мушкилиҳои дохилӣ гардид. Дар аксари кишварҳои аврупоӣ нархи озуқаворӣ ва маводи сӯхт якбора боло ҷаст.
Тавре президенти Русия Владимир Путин қайд кард, таҳримҳо ба тамоми иқтисоди ҷаҳонӣ зарбаи ҷиддӣ заданд - зиндагии миллионҳо одам бадтар шуд.